Асосӣ Мақолаҳо Ободонии ҷомеа аз нигоҳи Ислом

Ободонии ҷомеа аз нигоҳи Ислом

Ободонии ҷомеа аз нигоҳи Ислом
2019-08-15
2717

Ҳамду ситоиши беадад Худованди ягонаро сазовор аст ва дуруду саломи бениҳоят ба Расули акрам (с) ва ҳамаи хонадону ёронаш бод.

Саъйу талош кардан баҳри ободонии ҷомеа ва зиндагии саодатмандона барои ҳар фарди мусулмон ҳатмӣ ва зарур аст. Чунки дунё киштзоре барои ҷаҳони охират аст ва ҳамон тавре ки маълум аст, кишоварз ҳамеша мекӯшад, то киштзораш обод бошад, дар нигоҳубини он аз тамоми васоил ва имкониятҳо истифода мебарад, то ки офату ва зараре ба он нарасад. Ҳадафи мусулмон аз кору пайкораш дар ин дунё сер доштани бадани хеш аз рӯзии ҳалол, боздоштани он аз луқмаи ҳаром, эҳсону некӣ кардан ба афроди ҷомеа ва ободии замин аст.

Як рӯз марде назди Пайғамбар (с) омада аз ӯ дархости пул кард. Он Ҳазрат (с) фармуд: «Оё дар хона чизе дорӣ?» Мард гуфт: «Оре, палосе дорам, ки қисмате аз онро ба тан карда, қисматеро паҳн мекунам ва пиёлае, ки дар он об менӯшам». Расули Худо (с) фармуд: «Онҳоро назди ман биёвар!» Мард рафт ва он ашёро овард. Пайғамбар (с) фармуд: «Кӣ ин ашёро мехарад?» Марде посух дод: «Ман онҳоро ба як дирҳам мехарам». Он Ҳазрат (с) фармуд: «Касе ҳаст, ки бештар аз як дирҳам барои онҳо бипардозад?» Ин суханро ду ё се бор такрор намуд. Марди дигаре гуфт: «Онҳоро ба ду дирҳам мехарам». Расули Худо (с) онҳоро ба он мард дод ва ду дирҳамро гирифта ба марди фақир доду фармуд: «Бо яке барои хонаводаат ғизое бихар ва бо дигаре тешае харида, бо он назди ман баргард». Он мард тешае харида, назди Пайғамбар (с) баргашт. Он Ҳазрат (с) даст бар пушти ӯ ниҳоду фармуд: «Бираву ҳезум ҷамъ намо ва онро бифурӯш ва то понздаҳ рӯз туро набинам». Он мард рафт ва ба ҷамъ кардани ҳезум ва фурӯхтани он машғул шуд. Пас аз он ки даҳ дирҳам гирд оварда, либосу ғизо харид, ба назди Пайғамбар (с) баргашт. Он Ҳазрат (с) фармуд:

" هذا خير لك من أن تجيء المسألة نُكْتَةً (علامة) في وجهك يوم القيامة، إن المسألة لا تصلح إلا لثلاثة: لذي فقر مُدْقِع (شديد)، أو لذي غُرْم مفظع (كبير)، أو لذي دم موجع (عليه دية) " .

«Ин барои ту беҳтар аз он аст, ки гадоӣ бар чеҳраат нишоне дар рӯзи қиёмат бигузорад. Дархости кумак ва суол ба ҷуз дар се маврид ҷоиз нест: Барои касе, ки дучори фақри шадид бошад ё соҳиби қарзи бисёр ва ё касе, ки хунбаҳо дар зиммааш бошад». (Ривояти Абӯдовуд).

Чунончи маълум аст, дини Ислом дини кору амал ва саъйу кӯшиш аст, кору талош барои ҳам дунё ва ҳам охират. Худованди Мутаъол мефармояд:

" وابتغ فيما آتاك الله الدار الآخرة ولا تنس نصيبك من الدنيا " .

 «Ва дар он чи Худо ба ту ато кардааст, (салоҳи) сарои охиратро биҷӯй ва аз дунё ҳиссаи худро фаромӯш макун». («Қасас»; 77).

Дар ин оят Худованд бандагонашро хотиррасон мекунад, ки неъматҳо ва зарфиятҳову истеъдодҳои ҷисмию равонии ба онҳо атокардаи ӯро истифода намуда, ҷаҳони охираташонро обод созанд ва ҳамзамон барои ободонии дунё саъйу талоши худро дареғ надоранд. Дар ояти дигаре Худованди Мутаъол мефармояд:

" هو الذي جعل لكم الأرض ذلولاً فامشوا في مناكبها وكلوا من رزقه وإليه النشور " .

«Ӯ Он аст, ки заминро барои шумо ром сохт, то дар рӯи он роҳ равед ва аз ризқи Худо бихӯред. Ва барангехтан ба сӯи Ӯст». («Мулк»; 15).

Агар ба зиндагонии пайғамбарони илоҳӣ назар андозем, мебинем, ки ҳамаи онҳо касбе доштанд ва ба василаи ин амали дасташон ҷомеаро обод мекарданд. Ҳазрати Одам (а) ба кишоварзӣ, Нӯҳ (а) ба дуредгарӣ, Идрис (а) ба дӯзандагӣ,  Мӯсо (а) ба чӯпонӣ, Довуд (а) ба зиреҳсозӣ, Сулаймон (а) ба сабадбофӣ ва ҳазрати Пайғамбар (а) ба чӯпонӣ ва тиҷорат машғул буданд. Расули Худо (с) дар бисёре аз корҳо бо саҳобагон ширкат меварзид ва кору пайкор мекард.

Рӯзе саҳобагон дар ҳузури Пайғамбар (с) нишаста буданд, марди танумандеро диданд, ки бо шитоб меравад ва дар кораш ҷаҳду кӯшиш мекунад. Асҳоб аз шӯру нишоти он мард ба тааҷҷуб афтода гуфтанд: «Ё Расулаллоҳ, эй кош ин ҳолро дар роҳи Худо медошт». Пайғамбар (с) фармуд:

" إِنْ كَانَ خَرَجَ يَسْعَى عَلَى وَلَدِهِ صِغَارًا فَهُوَ فِي سَبِيلِ اللَّهِ، وَإِنْ كَانَ خَرَجَ يَسْعَى عَلَى أَبَوَيْنِ شَيْخَيْنِ كَبِيرَيْنِ فَهُوَ فِي سَبِيلِ اللَّهِ، وَإِنْ كَانَ يَسْعَى عَلَى نَفْسِهِ يُعِفُّهَا فَهُوَ فِي سَبِيلِ اللَّهِ، وَإِنْ كَانَ خَرَجَ رِيَاءً وَمُفَاخَرَةً فَهُوَ فِي سَبِيلِ الشَّيْطَانِ ".

«Агар барои ба даст овардани рӯзӣ барои фарзандони хурдсолаш баромада бошад, пас дар роҳи Худост, агар барои падару модари пираш баромада бошад, низ дар роҳи Худост, агар берун омаданаш барои он бошад, ки худро аз гадоӣ кардан ҳифз намояд, пас дар роҳи Худост, вале агар ба хотири риё ва фахрфурӯшӣ баромада бошад, пас дар роҳи Шайтон қарор дорад». (Ривояти Табаронӣ).

Шоире фармудааст:

Қадри ту аз кӯшишу корат барояд бар фароз,

Шаб нахобад он ки майлаш сӯи боло рафтан аст.

Орзуи қадри воло бе талошу ранҷи даст,

Сарфи умри хеш андар хаёли воҳӣ аст.

Абдуллоҳ ибни Умар (р) мегӯяд: «Барои дунёят чунон кор кун, ки гӯё ба таври ҳамеша зинда ҳастӣ ва барои охиратат чунон кор кун, ки гӯё фардо мемирӣ».

Худованди мутаъол бандагони худро дар баробари адои маросими ибодот ба кору пайкор дар умури зиндагӣ дастур дода, мефармояд:

" فإذا قضيت الصلاة فانتشروا في الأرض وابتغوا من فضل الله واذكروا الله كثيرًا لعلكم تفلحون " .

«Ва чун намоз тамом карда шавад, дар замин пароканда шавед ва аз фазли Худо талаб кунед ва Худоро бисёр ёд кунед, то бошад ки растагор шавед». («Ҷумъа»; 10).

Фарди мусулмон дар ҳар шароите, ки бошад, аз кору амал ва ободсозию созандагӣ набояд даст кашад, зеро Расули Худо (с) мефармоянд:

" إن قامت الساعة وبيد أحدكم فسيلة؛ فإن استطاع أن لا تقوم حتى يغرسها، فليغرسها " .

«Агар қиёмат дар ҳолати барпо шудан бошад ва шохаи хурмое дар даст доштед, агар пеш аз барпо шудани қиёмат онро шинонида тавонистед, пас ҳатман онро шинонед».(Ривояти Аҳмад).

Пас ҳар фарди мусулмонро зарур аст, ки бо фикру андешаи созанда баҳри ободӣ ва пешрафти ҷомеа бикӯшад, то ба ин васила саодати ҷомеаро таъмин созад ва ризои Парвардигори ягонаро ба даст оварад.

Таҳияи Юсуф Азизов

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:42
Пешин12:40
Аср15:13
Шом17:08
Хуфтан18:38
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Муфассалтар