Асосӣ Мақолаҳо ГУЛЧИНИ АНДЕШАҲОИ МАВЛОНО АЗ КИТОБИ «ФИҲӢ МО ФИҲӢ»

ГУЛЧИНИ АНДЕШАҲОИ МАВЛОНО АЗ КИТОБИ «ФИҲӢ МО ФИҲӢ»

ГУЛЧИНИ АНДЕШАҲОИ МАВЛОНО АЗ КИТОБИ «ФИҲӢ МО ФИҲӢ»
2019-10-15
2099

«Фиҳӣ мо фиҳӣ», яъне «Дар ӯст, ҳар он чӣ дар ӯст». Ин китоб бо номи «Асрор-ул-ҷалолия» низ машҳур аст.

Дар ин асар чун дар осори дигари Мавлоно  худшиносӣ  мақоми муҳим дошта, хонандаро ба шинохти моҳияти хештан ҳидоят менамояд:

Берун зи ту нест, ҳар чӣ дар олам ҳаст,

Дар худ биталаб, ҳар он чӣ хоҳӣ, ки туӣ.

Сухан  дар «Фиҳӣ мо фиҳӣ» аз ишқу муҳаббат ва дӯстиву бародарӣ буда, парҳез аз адовату душманӣ таъкид меёбад.

          Ҳайф  аст ба дарё расидан ва аз дарё ба обе ё ба сабӯе қонеъ шудан. Охир аз дарё гавҳарҳо  ва сад ҳазор чизҳои муқаввам баранд.

***

Хеши ман он аст, ки аз ишқ зод. Хуштар аз ин хешу таборам нест.

***

Ин дидор сармояи ҳамаи анбиёву авлиёву ҳунармандони ҷаҳон аст: ҳақиқати дин дидори Худост ва ҷавҳари ирфон дидори маъруф асту ҷон ҳунари дидори ҷамоли мутлақ.

З-он ки таърихи қиёматро ҳад аст,

Ҳад куҷо, он ҷо ки ишқи беҳад аст.

***

Дин танҳо як насиҳат аст.

***

Одамӣ бояд он мумайизи худро орӣ аз ғаразҳо кунад ва ёрӣ ҷӯяд дар дин. Дин ёршиносӣ аст.

***

Агар бадӣ кардаӣ, ба худ кардаӣ. Ҷафои ту бар вай куҷо расад?

Мурғе, ки бар он кӯҳ нишасту бархост,

Бингар, ки дар он кӯҳ чӣ афзуду чӣ кост.

***

Туро ғайр аз ин ғизои хобу хӯр ғизои дигар аст. Дар олам ин ғизоро фаромӯш кардаӣ ва ба ин машғул шудаӣ ва шабу рӯзро тан мепарварӣ. Охир ин тан аспи туст ва ин олам охӯри ӯст ва ғизои асп ғизои савор набошад. Ӯро ба сари худ хобу хӯре ҳаст ва танаъуме. Аммо сабаб он ки ҳайвониву баҳимӣ бар ту ғолиб шудааст: ту бар сари асп дар охӯри аспон мондаӣ…

***

Тан ҳамчу Марям аст ва ҳар яке Исо дорем. Агар моро дард пайдо шавад, Исои мо бизояд ва агар дард набошад, Исо ҳам аз он роҳи ниҳонӣ, ки омад, боз ба асли худ пайвандад – илло мо маҳрум монем ва аз ӯ бебаҳра.

***

Гуфт: Пилеро оварданд ба сари чашмае, ки об хӯрад. Худро дар об медиду мерамид. Ӯ мепиндошт, ки аз дигаре мерамад. Намедонист, ки аз худ мерамад.

Ҳамаи ахлоқи бад – аз зулму ҳасаду ҳирсу бераҳмӣ ва кибр – чун дар туст, намеранҷӣ, чун онро дар дигаре мебинӣ, мерамӣ ва меранҷӣ.

***

Ду мурғро ба ҳам бандӣ, бо вуҷуди ҷинсият ва он чӣ ду пар доштанд ба чаҳор мубаддал шуд, намепаранд, зеро ки дуӣ қоим аст. Аммо, агар мурғи мурдаро бар ӯ бубандӣ бипарад, зеро ки дуӣ намондааст.

***

Туро табибе ҳаст дар андарун ва он мизоҷи туст, ки дафъ мекунад ва мепазирад.

***

Одамӣ азим чиз аст. Дар вай ҳама чиз мактуб аст. Ҳуҷубу зулумот намегузоранд, ки ӯ он илмро дар худ бихонад. Ҳуҷубу зулумот – ин машғулиҳои гуногун асту тадбирҳои гуногуни дунё ва орзуҳои гуногун… Бингар, чун ин зулумоту ҳуҷуб бархезад, чӣ сон воқиф гардад ва аз худ чӣ илмҳо пайдо кунад.

***

Чу офтоб ғуруб кунад, рӯшноӣ намонад. Пас офтоб бояд шудан, то хавфи ҷудоӣ намонад.

***

Агар одамиро шодие дар дил меояд, ҷазои он аст, ки касеро шод кардааст ва агар ғамгин шавад, касеро ғамгин кардааст.

***

Эй нусхаи номаи илоҳӣ, ки туӣ!

В-эй ойинаи ҷамоли шоҳӣ, ки туӣ!

Берун зи ту нест, ҳарчӣ дар олам ҳаст

Дар худ биталаб, ҳар ончӣ хоҳӣ, ки туӣ!

***

Одами мискин, ки мураккаб аст аз ақлу шаҳват, нимаш фаришта асту нимаш ҳайвон…

***

Ҳобил Қобилро кушт ва намедонист, ки чӣ кор кунад. Ғуроб ғуробро бикушту хокро канду он ғуробро дафн кард ва хок бар сараш кард. Ӯ аз ин биомӯхт гӯр кандану дафн кардан.

***

Баъзе бошанд, ки салом диҳанд ва аз саломи эшон бӯи дуд ояд ва баъзе, ки  салом диҳанд, аз саломи эшон бӯи мушк ояд, ин касе дарёбад, ки ӯро машоме бошад.

Ёрро  мебояд имтиҳон кардан, то охир пушаймонӣ набошад. Суннати Ҳақ ин аст: ибдаъ бинафсика. Нафс ҳам, агар даъвои бандагӣ кунад, беимтиҳон аз ӯ қабул макун.

***

Инсон иборат аз андеша аст, боқӣ устухону реша.

***

Калом ҳачун офтоб аст, ҳамаи  одамиён гарму зинда аз ӯянд.

***

Агар касе дар ҳаққи касе нек гӯяд, он хайру некӣ ба вай оид мешавад ва дар ҳақиқат он санову ҳамд ба худ мегӯяд. Назири ин чунон бошад, ки касе гирди хонаи худ гулистону райҳон корад; ҳар боре назар кунад, гулу райҳон бинад. Ӯ доиман дар биҳишт бошад. Чун хӯ кард ба хайр гуфтани мардумон, чун ба хайри яке машғул шуд, он кас маҳбуби вай шуд ва чун аз ваяш ёд ояд, маҳбубро ёд оварда бошад ва ёд овардани маҳбуб гулу гулистон асту  равҳу роҳат аст. Ва чун бади яке гуфт, он кас дар назари ӯ мабғуз шуд, чун аз ӯ ёд кунад ва хаёли ӯ пеш ояд, чунон аст, ки мор ё каждум ё хору хошок дар назари ӯ пеш омад.

Ҳамаро дӯст дор, то ҳамеша дар гулу гулистон бошӣ. Ва чун ҳамаро душман дорӣ, хаёли душманон дар назар меояд, чунон аст, ки шабу рӯз дар хористону мористон мегардӣ.

***

Дӯстонро дар дил ранҷҳо бошад, ки он ба ҳеҷ доруе хуш нашавад – на ба хуфтан, на ба гаштан ва на ба хӯрдан – илло ба дидори дӯст.

***

Намоз (доим) барои он нест, ки ҳамаи рӯз қиёму руқӯъ ва суҷуд  кунӣ. Ғараз он аст, ки мебояд он ҳолате, ки дар намоз зоҳир мешавад, пайваста бо ту бошад, агар дар хоб бошӣ ва агар бедор бошӣ ва агар бинависӣ ва агар бихонӣ. Дар ҷамеъи аҳвол холӣ набошӣ аз ёди Ҳақ.

***

Набии акрам, алайҳиссалом фармуд: Бадтарини  олимон он аст, ки ба зиёрати амирон равад ва беҳтарини амирон он аст, ки ба дидори олимон ояд.

Хушо, амире, ки ба хонаи фақир ояд ва бадо фақире, ки ба даргоҳи амир равад.

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:42
Пешин12:40
Аср15:13
Шом17:08
Хуфтан18:38
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Муфассалтар