Зарарҳои пурхӯрӣ
Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон
Ҷисми инсон барои идомаи ҳаёт ва анҷоми вазифаи ба ӯҳда доштааш ба хӯрдану нӯшидан эҳтиёҷ дорад. Дини мубини Ислом ба пайравонаш дастур медиҳад, ки аз ғизоҳои ҳалол истифода бурда, аз хӯрдани ғизоҳои нопок ва наҷас худдорӣ намоянд. Барои он ки узвҳои ҳозима аз мубтало шудан ба бемориҳо маҳфуз монад, ислом пурхӯрӣ ва исрофкориро манъ кардааст. Чунончи, дар сураи "Аъроф" мефармояд: "Бихӯреду бинӯшед, вале исроф накунед". Дар ин ояти шариф мухтасаран қоидаи муҳофизати тандурустӣ баён ёфтааст. Ҳар кас ба ин фармуда амал намояд, саломатии худро ҳифз менамояд.
Ҳар гоҳ инсон пурхӯрӣ кунад, ғизоро дуруст ҳазм карда наметавонад. Дар натиҷа кори меъда вайрон гашта, ба бемории бадҳазмӣ дучор мешавад. Баъзан дар натиҷаи пурхӯрӣ меъдаи инсон кушод шуда, иштиҳоро аз даст медиҳад. Минбаъд агар ғизое хӯрд, дуруст ҳазм намешавад. Дар натиҷа чунин афрод мубталои дарунравӣ ё қайкунӣ (дилбеҳузурӣ) мегарданд. Пур хӯрдан бисёр вақт сабабгори фарбеҳӣ мешавад. Фарбеҳӣ инсонро ба бемориҳои дил, фишори хун, санги гурда, диабети қанд ва камҳаракатӣ мубтало месозад.
Рӯзадорӣ боиси пешгирӣ ва муолиҷаи бисёр намуди бемориҳо мегардад. Бузурге мефармояд, ки рӯза барои муолиҷаи "изтиробот ва ташаннуҷоти музмини меъдаю рӯда", туршии оруғ, зардаҷӯш хеле муфид аст. Рӯза фарбеҳиро, ки сабабаш пурхӯрию камҳаракатӣ аст, ҷилавгирӣ мекунад. Лекин дар вақти ифтор пурхӯрӣ набояд кард. Рӯза ҳамчунин фишори баланди хунро, ки ҳоло дар натиҷаи изтироботи рӯҳӣ хеле зиёд паҳн шудааст, пешгирӣ мекунад. Алҳол бемории қанд низ мисли фишори баланди хун хеле густариш пайдо кардааст. Аксаран афроди фарбеҳ гирифтори ин беморӣ мегарданд. Пас беҳтарин роҳи пешгирии бемории мазкур рӯза доштан мебошад. Зеро рӯза боиси кам шудани чарби бадан мешавад. Вақте ки чарбии бадан кам шуд, қанди он ҳам поин меояд. Агар бемории қанд сабук бошад, дар сурати панҷ соат аз хӯрдани ғизо худдорӣ намудан, қанди хун ба камтарин дараҷа коҳиш пайдо мекунад. Рӯза ҳатто баъд аз кашфи инсулин ҳам яке аз беҳтарин равишҳои муолиҷаи касалии қанд аст.
Рӯза нороҳатиҳои буғумдардро низ аз байн мебарад. Алалхусус агар шахси бемор фарбеҳу камҳаракат бошад, ин фоида бештар равшан мегардад. Аксари занон баъди чилсолагӣ ва афзоиши равғани баданашон ба нороҳатии буғумҳо гирифтор мешаванд.
Панҷоҳ зарари пурхӯрӣ
Ҳакимон панҷоҳ зарари пурхӯриро баршумурдаанд. Минҷумла, вазнинӣ, беқувватӣ, кӯрдилӣ, ғам, заъфи рӯҳӣ, нотарсӣ аз гуноҳ, бешармӣ, заъфи ақл, ношукрӣ, бадахлоқӣ, беқарорӣ, шаҳватпарастӣ, фаромӯшхотирӣ, дур шудан аз ёди марг, дӯст доштани дунё, бахилӣ, хасисӣ, зулм, шарик шудан ба шайтон, бесабрӣ, дуршавӣ аз ҳикмат, тарсончакӣ ва ғайра.
Аз ин лиҳоз ба мӯъмину мусулмон лозим меояд, ки луқмаи ҳалол бошад ҳам, хӯрданро кам кунад. Рӯзе ду маротиба хӯрок хӯрдан ба инсон кифоя аст. Ин одат солҳои пеш дар мардуми мо вуҷуд дошт. Ба қавли шоир:
Дар ду рӯзе се бор бояд хӯрд,
Ту ба як рӯз мехӯрӣ даҳ бор,
Кӣ илоҷи ту метавонад кард,
Ҳошокаллоҳ, агар шавӣ бемор?
Аслан аз пурхӯрӣ дур бояд буд. Ниёгонамон гуфтаанд: «Баркамолӣ, зебоӣ, саломатӣ ва қуввати ҳофиза дар ҳолати нимгурусна гаштан аст». Мақсад аз камхӯрӣ гуруснагии дурудароз нест. Ташвиши шахси камхӯр, камтар мешавад. Шахси камхӯру камхарҷ (маблағи) ғизои сарфкардаашро метавонад ба фақири камбизоат ва мискинон бидиҳад. Рӯзи қиёмат гуруснатарин одамон онҳоеанд, ки дар ин дунё шикамҳояшонро ҳамеша сер карда мегаштанд. Яке аз сабабҳои дар охират гурусна гаштани серон он аст, ки онҳо дар ин дунё аз олами малакут ва каломи ҳақ бехабар рафтаанд. Ҳар мӯъминро нурест, ки ҳодисоти дар оянда рухдиҳандаро дида, дарк менамояд. Аммо ашхоси ғуломи нафсгардида аз ин нур бехабаранд. Луқмони Ҳаким гуфтааст: «Эй фарзанд, агар шикаматро аз ҳад зиёд сер кунӣ, хазинаи фикрат хушк мегардад, ба ҳолате меафтӣ, ки фикр карда наметавонӣ. Ҳикмат барин як неъмати бузург туро тарк мекунад. Узвҳоят аз ибодат кардан мемонад».
Раёсати фатво
Дигар мақолаҳо
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
Муфассалтар