Ҳизби мамнуъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон- сарчашмаи пайдоиши экстремизм ва терроризм дар Тоҷикистон
Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон
Дар ибтидои солҳои 80-ум дар Тоҷикистон гурўҳе пайдо гашт, ки дар байни мардум таблиғот бурда, одамонро гўё ба сўи дини Ислом даъват мекард. Чун сухан аз номи Ислом мерафт, мардум оҳиста-оҳиста ба даъвати онҳо фирефта мешуданд. Ин аввалин қадамҳои ҳизби наҳзат буд, ки дар Тоҷикистон ақидаи экстремистӣ ва террористиро паҳн менамуд. Чун Тоҷикистон соҳибистиқлол шуд ва аз узвияти Иттиҳоди Шўравӣ берун рафт, саркардаҳои ҳизб симои худро намудор сохтанд. Дар майдонҳо гирдиҳамоиҳо оғоз шуда, бо сардории ТЭТ ҲНИ аз ҳукумат талаби истеъфо намуданд. Ба мардум гуфта мешуд, агар ҳар кас ба майдон набарояд, кофир мешавад ва занаш талоқ. Одамони гумроҳ шабу рўз дар майдонҳо иқомат намуда, шиорҳои сиёсиро тўтивор такрор мекарданд.
Дар шаҳри қўрғонтеппа ва ноҳияҳои атрофи он масҷидҳо ба тоҷикиву ўзбекӣ ҷудо карда шуда, мардум паси сангарҳо қарор гирифтанд ва ниҳоят хуни аввалин бегуноҳон рехта шуд. Дар натиҷа, тоҷикон ба ҷанубиву шимолӣ, кўлобиву ғармӣ, бадахшониву зарафшонӣ тақсим шуда, беш аз 150 000 нафар кушта, садҳо шаҳру деҳоти обод ба хоку хун кашида шуданд.
Вақте мардуми баномуси тоҷик алайҳи исёнгарон қиём намуданд, роҳбарияти собиқ ТЭТ ҳНИ одамонро ба сўи Афғонистон бурданд. ҳазорон нафар дар саҳрои беоб, гуруснаву ташна қарор доштанд. Пешвоёни ҳНИ инро истифода бурда, аз тамоми давлатҳои арабиву исломӣ талаби кўмак намуда, худро мазлум ва ҳомиёни дини Ислом муаррифӣ менамуданд. Шумо худ огоҳед, ки дар Афғонистон аз гуруснагиву беморӣ ҳазорон нафари дигар фавтида, дар саҳрои Ғўр қабристони калони тоҷикон ба вуҷуд омад.
Аммо Худованд меҳрубон аст ва чун ба қавме марҳамат намояд, барояш пешвои хирадмандеро мегузинад. Худованд ба халқи тоҷик меҳрубонӣ намуда, барояш роҳбареро ихтиёр намуд, ки бо ҷоннисориву фидокорӣ, ақлу тадбиру хирад ва ҷуръати фавқулодда тавонист ду ҷониби муқобилро бо ҳам муросо дода, бо инояти Парвардигор ба тоҷикон сулҳ оварад. Пешвои миллат баҳри сулҳи тоҷикон ба ҳама талаботи ҳизбиён розӣ шуда, ба мухолифин дар ҳама сохторҳои давлатӣ вазифаҳои баланд дод. қарор шуд, гуноҳи ҳамагон бахшида шавад, то ин ки Тоҷикистон аз вартаи ҳалокат ва фаношавӣ баромада, ба сўи ободиву тараққиёт ва рушди босубот қадам гузорад. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон то ҳадде нодир буд, ки тамоми давлатҳои дунё онро мавриди омўзиш ва корбарӣ қарор доданд ва имрўз низ он намунае аз қолабҳои созишу мусолиҳа эътироф гардидааст, зеро таърих ёд надорад, ки миллате бо ҳам ба низоъ омада, дар кўтоҳтарин муддат бо ҳам сулҳ бандад.
Таърих гувоҳ аст, дар чунин ҳолат ҷанги бародаркуш солиёни дароз идома ёфта, мардуми зиёд кушта ва давлатҳо хароб гаштаанд. Бо истиқрори сулҳи тоҷикон, мардум гумон карданд, ки бо ҳамин фазои сулҳу субот кишварро фаро гирифт ва дигар ҳеҷ кас наметавонад дар Тоҷикистон низоъ эҷод намояд. Аммо ин тавр нашуд.
Вақт нишон дод, ки роҳбарияти ТЭТ ҳНИ тайи ин солҳо ҳамеша дар фикри эҷоди тафриқа буда, мисли каждуми зери бўрё ва мунофиқон, он лаҳзаҳоеро мунтазир будааст, то дар фурсати муносиб неш зада, бори дигар хиёнат кунад. Инак, вақт фаро расид, парда бардошта шуд, симои воқеӣ ва мақсадҳои ТЭТ ҳНИ фош гаштанд. Гўрўҳҳои мусаллаҳи ҷангиён-ватанфурўшони ҳНИ дар шаҳри Душанбе ба куштор даст заданд. Онҳо ният доштанд чанд гурўҳи мусаллаҳи дигарро ба кор баранд. Гумон карданд, ки мардуми шарифи тоҷик ҳамроҳи онҳо қиём намуда, алайҳи Ватану миллати худ бармехезад. Роҳбарияти ТЭТ ҳНИ ҳамаро мисли худ пиндоштанд, яъне хоин, ватанфурўш ва мунофиқ. Аммо аз он бехабар буданд, ки ҳоло одамон сиёҳро аз сафед, некро аз бад фарқ мекунанд. Баъд аз ҳуҷуми наҳзатиҳо тоҷикон баръакс муттаҳид шуда, тинҷиву оромиро ихтиёр карданд. ҳеҷ кас ниятҳои шуми ТЭТ ҳНИ-ро дастгирӣ накард ва нақшаҳои шумашон барбод рафт ва золимон расво шуданд.
Роҳбарони ТЭТ ҳНИ бо фарзандонашон шармандавор аз ватан фирор намуда, дар баъзе кишварҳои хориҷ паноҳ бурдаанд. Аз хориҷа истода, зидди давлати тоҷикон кор мебаранд, нақша мекашанд ва ба ин восита мехоҳанд бо дастгирии ин ё он давлатҳо, гурўҳҳои ифротиву афроди нопок субботу оромӣ ва амнияти Тоҷикистонро халалдор созанд.
ҳамин тариқ, Муҳиддин Кабирӣ бо фарзандонаш ва дигарон ҳоло ҳам аз нияти бади худ даст накашидаанд, ҳаргиз пушаймон нашудаанд, балки баръакс ҳиллаву тадбир меандешанд, ки чӣ тавр бори дигар миллати тоҷикро бадбахт созанд, хунрезӣ ва талаву тороҷ намуда, ба мақсаду ғаразҳои касифи худ ноил шаванд.
Дар ҳаққи чунин афрод дар «СаҳеҳиМуслим» (101) аз Абу ҳурайра ривоят шудааст, ки Паёмбари Худо,ҳазрати Муҳаммад (с) фармудаанд: «Он ки бар мо силоҳ кашад, аз мо нест ва он ки ба мо хиёнат кунад, аз мо нест!».(яъне мусалмон нест)
Ин афрод на барои дин, на барои миллат ва на барои Ватан ягон хизмат накардаанд. Агар лозим шавад, зану фарзанд ва модару Ватани худро ҳам мефурўшанд. Мутаассифона иддае аз ҷавонони тоҷик аз ҷиҳати нодонию камсаводӣ ҳамаи ин хиёнатҳову макру ҳиллаҳои онҳоро нодида гирифта. имрўзҳо ба сафи чунин ташкилотҳои экстремистиву террористӣ пайваста, даст ба хунрезӣ зада истодаанд. Гузашта аз ин, ба мардуми тоҷик, ба падару модар, хешу ақрабо ва ватани худ таҳдид мекунанд, ки ин падида аз камақлӣ ва бефаросатии онҳо дарак медиҳад. Ин ҷавонон ҳамон нафаронанд, ки ба гуфта ва ваъдаҳои ширини фитнагарон ва шайтонҳо бовар кардаанд. Дар ҳаққи чунин гумроҳон Паёмбар (с) ҳанўз 1400 сол зиёд қабл аз ин хабар дода буданд: «Дар охири замон гурўҳе пайдо мешаванд, ки наврасида, навҷавон, камақл ва камфаҳманд. Беҳтарин суханҳоро мегўянд ва қуръон мехонанд, вале аз гарданашон поёнтар таҷовуз намекунад. Ба иллати сахтгирӣ ва тундравӣ аз дин хориҷ мешаванд, ҳамчунонки тир аз камон раҳо мешавад…».( Муслим, 1068). Мақсади онҳо як аст – хиёнат ба Ватан, рехтани хуни тоҷикон ва ба нестӣ бурдани дину миллат!
Бинобар ин, осудахотир набояд шуд, аз макри душман лаҳзае набояд фориғ буд. Зеро душман дар макру ҳилла ва дар андешаи бад аст. Худованд макри онҳоро ба худашон баргардонад:«Ва макару ва макараллоҳ. Валлоҳу хайру-л-мокирин»(Сураи «Оли Имрон», ояти 54).(Онон нақша кашидандва Худо ҳам чораҷӯӣ кард ва Худо беҳтарини чораҷӯён аст).
Мардуми шарифи Тоҷикистонро ба иттиҳоду якдилӣ даъват намуда, аз ҳамаи шумо хоҳони онем, ки сулҳу салоҳро мисли гавҳараки чашм нигаҳбон бошед. Худованд душману бадхоҳу хоинони миллатро хору залил гардонад, онҳоро ба нафсҳояшон овора созад, ҷавонмардон ва фидоиёни миллатро нигаҳ дорад. Онҳое ки баҳри оромии кишвар ҷони худро фидо намуданд, Худо раҳмат созад. Парвардигор Ватани моро дар ҳифзи худ нигаҳ дорад ва байни ҳамватанонамон сулҳу салоҳро танинандоз гардонад.
Бинобар ин, мо бояд ба фарзандон диққати ҷиддӣ дода, онҳоро тарбияи хуб намоем, илм омўзонем, маърифатпарвар ва ватандўст ба воя расонем. Мо бояд дарк кунем, ки ҳукумати кишвар ғамхори халқ буда, Пешвои миллат хайрхоҳи кишвар ва кафили сулҳ аст. ҳар иқдоме, ки аз ҷониби давлат амалӣ мешавад, танҳо ба хотири некўаҳволии мардум ва ба хотири сулҳу субот аст.
Сангалиев Маҳмуд
Сармутахассиси Раёсати фавтои
Маркази исломӣ
Дигар мақолаҳо
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
Муфассалтар