Талоқ - бадтарин ҳалол
Ҳамду сано Худованди ягонаро ва дуруду салом бар Расули акрам (с) ва хонадону ёронаш бод.
Солҳои охир шумораи талоқ миёни навхонадорон афзудааст, ки боиси ташвиш мебошад. Яке аз омилҳои афзоиши ин падида ин аст, ки байни ҷавонон арзишҳои умумиинсонӣ, меҳру муҳаббат, эҳсоси ишқ, вафою садоқат коста шуда, аз тарафи онҳо нисбат ба муқаддас будани оила беэътиноӣ зоҳир мешавад. Аз ин рў, ҷавонон ҳангоми ихтилофу ҷанҷол, бе ягон фикру андеша, ба эҳсосот дода шуда, ҳамсарашонро талоқ дода, хонаводаашонро барбод медиҳанд. Мутаассифона, онҳо оқибати ногувори ин амали худро намеандешанд. Вале пас аз гузашти чанд муддат аз кардаи хеш пушаймон шуда ба чор тараф медаванд, то чорае ёфта, ҳамсарашонро ба хона баргардонанд.
Дар ҳадисе Расули акрам (с) омадааст: «Абғазул-ҳалоли индаллоҳит-талоқ». Яъне: Бадтарин ҳалол дар назди Худованд талоқ аст. Боре ба он Ҳазрат (с) хабар доданд, ки Абўайюби Ансорӣ(р) мехоҳад ҳамсараш Умми Айюбро талоқдиҳад. Паёмбар (с), ки Умми Айюбро мешинохт ва медонист, ки ин нияти ҷудошавӣ бо як сабаби ночиз аст, фармуд: «Талоқи Умми Айюб гуноҳи бузургест». Дар ҳадиси дигар омадааст: «Ҷабраил (а) он қадар ба ман дар бораи зан таъкиду тавсия кард, ки гумон кардам талоқи зан ғайр аз вақте ки даст ба кори фаҳш бизанад, сазовор нест». Бинобар ин, мардон бояд ҳамеша кӯшиш кунанд, ки худро аз талоқ дур нигоҳ доранд.
Тавре аз аҳодиси боло бармеояд, дини мубини Ислом мухолифи талоқ буда, онро танҳо дар ҳолати заруратҷоиз медонад. Худованд дар Қуръони маҷид амр кардааст, ки «Ва ъоширўҳунна бил-маъруф». Яъне:Бо занон ба равиши нек зиндагӣ кунед. Ҳазрати Муҳаммад (с) ба мардон риояи ҳуқуқи занонро дастур дода фармуданд: «Дар ҳаққи занон зиёдравӣ накунед. Онҳо дар ҳама кор ёварони шумоянд, онҳоро бо амри Худованд гирифтаед. Ҳақтаъоло онҳоро ба шумоён (бо никоҳ) ҳалол гардонидааст».
Расули Худо (с) дар муносибат бо ҳамсарон намунаи ибрат буданд ва ҳамеша мардону занонро ба созиш намудан боякдигар даъват мекарданд: «Касе ба бадфеълии занаш сабр кунад, Аллоҳтаъоло ба он кас савоби Айюб (а)-ро медиҳад. Инчунин зане, ки ба бадфеълии шавҳараш тоқат кунад, ба он зан савоби зани Фиръавн – ҳазрати Осия дода мешавад». Дини мубини Ислом кӯшиш кардааст, ки талоқҳои бемаврид аз миён раваду мардон ҳамсарони худро хуб нигаҳдорӣ кунанд. Ба хотири пешгирии талоқ дар ояти 35, сураи «Нисо» чунин таъкид шудааст: «Агар хавфи онро дошта бошед, ки миёни зану шавҳар хунукию ҷудоӣ меафтад, як нафар довар аз хонадори мард ва як нафар довар аз хонадони зан барангезед. Агар доварон нияти ислоҳ дошта бошанд, Худованд миёни онҳо тавфиқ эҷод мекунад. Аллоҳ донову бохабар аст».
Ислом ҳеҷ гоҳба мардон иҷозат намедиҳад, ки аз талоқ сӯистифода кунанд ва занро ҳамчун маҳбус нигоҳ доранд. Имом Ҷаъфари Содиқ (р) мефармояд: «Ҳеҷ чиз дар пешгоҳи илоҳӣ монанди талоқ мабғуз (нописанд) ва манфур нест». Дар «Маснавии маънавӣниз баҳамин маънӣ омадааст:
То тавонӣ по манеҳ андар фироқ,
Абғазул-ашёи инди атталоқ».
Хуб мешуд, ки ходимони дин ва пирони рўзгордида дар якҷоягӣ бо мақомоти маҳаллӣ бо мардум, хусусан ҷавонон мулоқот карда, муқаддас будани оилаву одоби оиладориро мефаҳмониданд. Агар ба ин воситаҳо оилаеро обод нигоҳ дорему аз вайроншавӣҳифз кунем, Худованд аз мо хушнуд мешавад. Чунки бузургон фармуданд «Издивоҷ кунед, вале талоқ надиҳед, зеро Арши илоҳӣ аз талоқ ба ларза меояд».
Дигар мақолаҳо
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
Муфассалтар