ҚИССАИ САЛМОНИ ФОРСӢ
Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон
Акнун барои шумо аз саргузашт ва таърихи Салмони Форс маълумотҳоро пешкаш мекунем. Шояд аксарияти ҷавонон Салмони Форсро нашиносанд, пас барои ҳамин бо диққат бошед,то ин шермарди роҳи Худоро шиносед.
Ҳазрати Салмони форсӣ дар шаҳри Исфаҳони Эрон таваллуд шудааст. Падараш оташпараст буд ва дар ҷавониаш Салмон низ оташпараст буд, яъне пайравии дини бобоёнашонро мекарданд. Салмонро барои он «форс» мегўянд, ки ў форсзабон буд, яъне аз насли эрониён буд. Падари Салмони Форс заминдори калон буд. Заминҳои бисёр дошт ва ҳар рўз ба хабаргирии заминҳояш мерафт ва дар заминҳояш кор мекард.
Рўзе падари Салмонро кори муҳимме афтид ва ба хабаргирии заминҳояш рафта натавонист. Аз ин хотир падараш ба Салмон гуфт: эй Салмон! Ман имрўз ба хабаргирии заминҳоям рафта наметавонам, пас ту имрўз рафта заминҳоро хабар бигир ва боз тез гашта ба хона биё, зеро ман бе ту тоқат надорам. Салмон тибқи фармудаи падараш аз хона баромада, ба хабаргирии заминҳои падараш рафт. Ҳангоми дар роҳ рафтан аз назди ибодатгоҳи насрониён гузар кард ва садои ибодат кардани онҳо ба гўшаш расид. Пас рафта дар ибодатхонаи насрониён даромад ва ба ибодаткунии онҳо аҳамият дод. Ибодати насрониён барои Салмон писанд омад ва ҳамроҳи онҳо дар ибодатгоҳашон то бегоҳ нишаст. Ҳатто заминҳои падарашро аз хотир баровард ва ба хабаргирии онҳо нарафт.
Салмон дарҳол ба хулосае омад, ки дини насроният аз оташпарастии мо беҳтар аст. Салмон аз мардум пурсид: Эй мардум! Пешвоёни дини насронӣ дар куҷо зиндагӣ мекунанд? Мардум гуфтанд: дар минтақаи Шом зиндагӣ мекунанд. Вақте ки Салмон ба хонаашон баргашт, пас падараш гуфт: эй Салмон! Чаро ин қадар дер омадӣ? Салмон гуфт: Эй падарҷон! Ман дар роҳ мегузаштам, ки ба ибодатхонаи насрониён рў ба рў шудам. Дар онҷо мардум ба ба ибодат кардан машѓул буданд, пас маро ибодати онҳо писанд омад ва то бегоҳ ҳамроҳи онҳо нишастам. Салмон ба падараш гуфт: Эй падарҷон! Дини онҳо аз оташарастии мо беҳтар аст. Падараш гуфт: Не писарам! Дини мо ва дини бобоҳоят беҳтар аст ва дар дини насроният ҳеҷ хубие нест.
Баъд аз ин ҳодиса падари Салмон, дасту пои Салмонро маҳкам баст ва дар як хонае маҳкам кард, то ин ки нагурезад ва дар дини насроният дохил нашавад. Падари Салмон, дар вақтҳои муайяне дасту пояшро мекушод ва боз маҳкамаш мекард. Ҳангоме ки падари Салмон дасту пои ўро кушода кард, Салмон ба нафароне, ки дар назди ў буданд, гуфт: Ҳар гоҳе ки корвон ба сўи мулки Шом рафт, пас маро хабар кунед, то ман ҳамроҳи онҳо ба сарзамини Шом биравам.
Чанд муддат пас ба Салмон хабар оварданд, ки корвон ба сўи мулки Шом равона шуданд. Пас Салмон бо чандин ҳилаҳо шабангоҳҳамроҳи тоҷирон фирор кард.Субҳ падару модари Салмон аз хоб бедор шуда, асаре аз Салмон наёфтанд. Падараш бо асабоният нигаҳбонон ва афродеро ба ҷустуҷӯи Салмон ба атроф фиристод, вале аллакай дер шуда буд...
Салмон ба Димишқ расидан замон ба аввалин калисо рафт ва бо касоне, ки дар калисо буданд, ба сӯҳбат пардохт. Онон бо меҳрубонӣ ва самимият ӯро қабул карда, хӯрок доданд ва ба рӯҳонии калон (усқуф)-и шаҳр шинос намуданд. Салмон баӯ гуфт: "Ман шаҳру диёрамро тарк намудам, то ҳақиқатро биёбам. Ба назари ман дини масеҳият аз оини зардуштӣбаҳақиқат наздиктар аст. Мехоҳам дар калисо бимонам, то бештар маълумот бигирам". Усқуф розӣ шуд. Салмон ҳар рӯз саҳар бо хушҳолӣ аз хоб хеста, баъд аз ибодат дар калисо, аввал хонаи усқуф, сипас калисо ва меҳробро тоза карда, ғизо мепухт. Шабҳо низ ибодат мекард. Вале баъзе корҳоро дида ҳайрон мешуд. Ӯҳис кард, ки пирамарди рӯҳонӣ марди гурусначашму риёкор аст. Дӯстона ва бо лабханд ба миёни мардум меравад. Сипас, ононро дар ғайб масхара мекунад. Ӯ мардумро ташвиқ мекард, ки барои кумак ба фақиру дармондагон ба вай пулу мол диҳанд, вале ба ҷои тақсими онҳо дар миёни камбағалон он чизҳоро ҷое захира мекард. Дармондагоне, ки баӯ муроҷиат мекарданд, ноумед мешуданд. Салмон эҳсос мекард, ки байни гуфтаҳои Исои Масеҳ ва рафтори ин рӯҳонӣ фарқ аз замин то осмон аст.
Рӯзе он усқуф гирифтори таб шуда, ногаҳон вафот кард. Ба хотири дафни ӯ мардум аз дуру наздик ҷамъ шуданд. Салмон тоқат накарда, болои меҳроб рафту ҳақиқатро гуфт: "Эй мардум, ин усқуф марде ҳилагар буд. Ӯ шуморо барои додани садақа тарғиб мекард, вале ҳамаи кумакҳои шумоёнро барои худ анбор намуд. Вай ҳатто як танга ҳам ба фақире кумак накардааст". Мардум аввал тааҷҷуб намуданд, ҳатто чанд нафар мехостанд барои ин суханон Салмонро зарбу лат кунанд. Ба ҳар ҳол аз Салмон барои гуфтаҳояш далел хостанд. Салмон онҳоро ба таҳхона бурда, ҳафт сандуқи пур аз тиллову нуқра ва ҷавоҳироту молҳои хайрияро нишон дод. Мардум дар ғазаб шуда, ҷасади усқуфро ба майдони шаҳр бурда, ба даре овехтанду сангсор карданд.
Пас аз чанде усқуфи дигареро роҳбари динии худ интихоб карданд. Салмон хизматгории ӯро бауҳда гирифта, ба зудӣ дарёфт, ки ин усқуф нисбати пешина инсони покдил буда, ба фармудаи дин амал мекунад. Усқуфи нав шабу рӯз дар намоз буд ва Салмон низ дар канори ӯ буд. Салмон худ баъдҳо гуфтааст: "Ман ҳамвора дар хидматаш будам ва ӯро бисёр дӯст медоштам, то ин ки осори марг дар чеҳрааш ҳувайдо гашт. Ба вай арз кардам:«Агар ба шумо ҳодисае рӯй диҳад, маро ба кӣ месупоред?" Гуфт: Фарзандам, ман касеро нишон надорам ғайри олиме, ки дар Мавсил аст. Агар метавонӣ, худро баӯ бирасон, ки ӯро монанди ман хоҳӣ ёфт».
Баъд аз марги усқуф Салмон муддате барои ӯ сӯгворӣ карда, сипас ба тарафи Мавсил рафт. Он олимро ёфта, ба хизмати калисо даромад. Чанд вақт нагузашта, ин олим низ фавтид ва пеш аз маргаш Салмонро васият кард, ки ба хидмати роҳибе дарояд, ки дар Ниссибин зиндагӣ мекард. Салмон баъди дафни ӯ аз Мавсил баромада, пас аз тай кардани масофаи зиёд ба Ниссибин расид. Роҳиб ӯро монанди фарзанди худ пазируфт. Ӯ низ ҳамчун олимони қаблӣ пок зиндагӣ мекард. Пеш аз маргаш ба Салмон тавсия намуд, ки ба хидмати усқуфе дар шаҳри Амурия бишитобад. Салмон бо машаққати зиёд ба Амурия рафта, усқуфро пайдо намуд. Ӯрӯзҳо калисоро тоза мекард, либосҳои усқуфро мешуст ва маҳалли баргузории оини "ашои раббонӣ"-ро омода месохт. Дар дигар вақтҳо ибодат мекард ё рӯза мегирифт. Усқуф дар баробари заҳматҳои Салмон ба ӯ як қитъа замин ва чанд гову буз бахшид. Муддате баъд усқуф бемор шуда, Салмонро ба назди худ хонду гуфт: «Писарам, ман касеро намешиносам, ки ба ту муаррифӣ кунам, вале дар иваз мехоҳам туро ба чизе роҳнамоӣ кунам. Ин роҳнамоӣ метавонад туро мададгор бошад. Ба ту мужда медиҳам, ки бо вуҷуди кашидани ранҷу сахтии бисёр оянда охирин паёмбарро мулоқот хоҳӣ кард. Паёмбаре, ки омадани ӯба таври равшан дар китоби муқаддаси мо башорат дода шудааст. Ӯ аз мардуми араб баромада, мардумро ба парастиши Худои Якто хоҳад хонд ва зиндагии беҳтару шарофатмандонае арза хоҳад кард». Салмон бо тарсу таҳайюр гуфт: “Вале ман чӣ гуна метавонам он мардро бишносам?” Усқуфи пир бо садои заиф посух дод: “Нишонаҳои зиёд вуҷуд дорад, вале барои ту се нишона кофист. Аввал ин ки он Паёмбар шахсест, ки чун ба ӯсадақа бидиҳӣ, қабул нахоҳад кард. Дувум ин ки, агар баӯҳадяе бидиҳӣқабул хоҳад намуд. Нишонаи сеюм ин, ки ӯ дар миёнаи ду шонааш (китфаш) муҳри пайғамбарӣ дорад. (Яъне нест маъбуди барҳақҷуз Аллоҳ ва Муҳаммад банда ва фиристодаи Ўст) ва туӯро дар байни кўҳи сиёҳ ва хурмо хоҳӣ ёфт. Агар метавонӣ худро ба ин мард бирасон».
Усқуф инро гуфта баъди лаҳзае ҷон дод. Салмон дар марги ӯрӯзу шабҳои бисёр сӯгворӣ кард. Баъди шунидани суханони усқуф Салмон як ҳадаф дошт: Пайдо кардани Паёмбари охирин ва хидмат кардан ба ӯ. Пас аз чанд муддат як корвони тоҷирон аз Арабистон вориди шаҳр шуд. Рӯзи бозгашти тоҷирон Салмон аз онҳо хост, ки ӯро бо худ ба Арабистон баранд. Бозаргонон гуфтанд, ки мо бепул касеро бо худ намебарем. Салмон гову бузҳои худро ба тоҷирон дод, ва онҳо розӣ шуданд, ки ӯро ҳамроҳ гиранд. Билохира ба деҳкадае расиданд, ки “Алқароъ” ном дошт ва байни Сурияву Макка воқеъ буд. Корвониён дар деҳкада истироҳат карданд. Сипас гӯсфандеро бар замин заданд ва аз мурдаи ӯғизо пухтанд. Салмон аз он ғизо нахӯрд. Гуфт: “Ман аз ин гӯшт намехӯрам”. Ҳамагӣӯро гирд карда, зарбу лат намуданд. Онгоҳ роҳнамои корвон ба мардуми деҳкада суҳбат кард ва дар ҳоле ки Салмонро бо даст нишон медод аз онҳо пул гирифт. Роҳнамо назди Салмон омада гуфт: “Дӯсти ман, сафари ту дар ин ҷо ба поён расид. Акнун ту бо мардуми ин деҳкада зиндагӣ хоҳӣ кард. Сипас Салмонро ба тарафи мардум тела дод. Марде, ки ба роҳнамо пул дода буд, банди дасти Салмонро гирифта, ӯро кашон - кашон бо худ бурд. Салмон акнун фаҳмид, ки корвониён ба ивази ҳама хубиҳояш ӯро бағуломӣ фурӯхтаанд. Бисёр ғамгин шуд, ки ба “шаҳри теппаи сиёҳ ва хурмо” намеравад. Баъдан бо ибодат кардан аз ин ноумедӣ худро тасаллӣ медод...
Рӯзе баъд бо марди яҳудӣ, ки ӯро харида буд, ба боғе рафтанд. Дарахтони хурмо муҳтоҷи парвариш буданд. Он мард ба Салмон гуфт, ки тамоми рӯз бояд дар зери офтоб кор кунӣ ва каме нон ба ӯ дод. Салмон, ки ба сахтиҳо одат карда буд, шуруъ ба кор намуд. Ӯ аз он ки ба шаҳри Паёмбари Худо наздиктар шудааст, хушҳол шуд..
Як саҳар марди яҳудӣба назди Салмон омада гуфт: “Ман туро ба писарамакам фурӯхтам. Ту бояд бо ҳамроҳии ӯ ба тарафи Ясриб ҳаракат кунӣ, ки ҷои зисти ӯст”. Барои Салмон муҳим набуд, ки барои чи касе кор мекунад, зеро ӯғулом буд ва орзуи озодӣ дар сар дошт.Ҳангоми расидан ба мавзеи миёни “Ал Қуроъ” ва Ясриб ногаҳон дар ду тараф теппаи сангҳои сиёҳ ба назар расид. Замин шӯразор буд ва пештар аз он ду теппа, дарахтони нахл (хурмо) -ро дид. Қалби Салмон аз ҳаяҷону хушӣ ба таппиш афтод. Оё вай метавонад касеро, ки ба хотири ӯ шуда ин қадар азобро таҳаммул кардааст, бубинад? Салмону соҳиби наваш ба Ясриб расиданд. Ӯ дар боғи яҳудӣ кор мекард. Кор сахту якнавохт, вале ғизо хеле кам буд. Ӯ ба теппаҳои сиёҳ ва нахлистон чашм дӯхта, ба оянда умед мебаст.
Дар ҳамон рӯзҳо ҳазрати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) дар Макка, пас аз он ки паёмбариашро эълом намуданд, ба хотири даъвати мардум ба роҳи рост ва яккахудоӣ мавриди мухолифати бутпарастон қарор гирифта буданд. Шиканҷаву таъқиби дӯстони эшон ва қасди куштани ҳазрати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) боиси он гардид, ки Паёмбари гиромӣ (саллаллоҳу алайҳи васаллам) Маккаро тарк намуда, ба сӯи Мадина рӯ оранд.
Рӯзе Салмон дар боғ ба коре машғул буд. Соҳиби боғ низ дар паҳлӯяш меистод. Ногоҳ писарамакаш вориди боғ шуда бо асабоният гуфт: “Хабари навро шунидӣ?” Арбоби Салмон рӯ ба писарамакаш намуда пурсид: -Чӣ шудааст? -Мушкилофарини Макка ба шаҳри мо омада истодааст. Қабилаҳои Авс ва Ҳазраҷ вайро даъват кардаанд, то ки Ясриб биёяд. Он ҳам ба атрофиён ва ёрони худ. Он шахс ҳоло дар Қубо аст ва фардо ба тарафи шаҳри мо меояд. Хоҷаи Салмон гуфт: - Мо эҳтиёҷба паёмбари наве надорем, хусусан паёмбаре, ки мардум дар шаҳри худаш аз ӯ мутанаффиранд”.
Салмон аз шунидани ин хабари хушҳолкунанда ба ҳаяҷон омад, ба тавре, ки беихтиёр ларзид ва ниҳоли дарахте, ки дар даст дошт, афтода ба сари арбоби яҳудиаш зад.Ӯба ҷои узрхоҳӣ беихтиёр пеш омада гуфт: “Чӣхабар аст? Чӣ мегӯед? Ин марде, ки аз Макка омадааст кист ва чӣ мегӯяд?” Яҳудӣ аз афтодани ниҳол ба сараш ва густохии Салмон бисёр асабонӣ шуд. Торсакие ба рӯи Салмон зада гуфт: “Ин ба ту чӣ рабте дорад? Ту кори худро дон ва ба корҳое, ки ба ту дахл надорад, кордор машав! Фаромӯш накун, ки ту як ғулом ҳастӣ!” Салмон дигар чизе нагуфт.
Чун шаб шуд, тоқат накарда, каме таом ва хурморо бардошта ба роҳ даромад. Ҳудуди се километр роҳ рафта ба деҳае расид, ки он ҷо Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) муваққатан иқомат мекард. Мардум хонае, ки Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) он ҷо буд, нишон доданд. Салмон дар баробари худ марди зеборӯеро дид, ки чашмони мушкӣ ва табассуми дилнишине дошт. Худро ҳаяҷон зада ба Паёмбар расонида гуфт: “Шунидам, ки Шумо аз Макка омадаед ва касони дигаре ҳам бо Шумо ҳастанд”. Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) бо аломати тасдиқ сар ҷунбонида мунтазир шуданд, ки Салмон идома диҳад. Салмон гуфт: - Ман чанд хурмо ба худ овардам. Инҳо садақаанд. Ба Шумо овардам, ки онро бипазиред ва тановул бифармоед. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) бо муҳаббат ба рӯи Салмон нигариста, хурмоҳоро гирифтанду ба ҳамроҳони худ дода гуфтанд: “Бихӯред!” Ҳамаи ёрони Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) аз хурмоҳо хӯрданд, вале худи эшон нахӯрданд. Салмон бо хушҳолӣба забони модариаш (форсӣ) гуфт: “Ин яке”.Ӯдар аввалин имтиҳон пирӯз шуд, тавре ки усқуф гуфта буд, ин мард садақаро нагирифт.
Салмон наздики субҳба хона баргашт, то пеш аз он ки хоҷааш аз хоб бедор шавад, ӯ дар ҷои кораш бошад. Пас аз он Салмон дубора мехост Паёмбарро бубинад, аммо хоҷааш аз ӯ бадгумон шуда буд. Ноилоҷ сабр кард, то рӯзе, ки ногаҳон берун аз боғҳаёҳуе барпо шуд.Салмон нигоҳ кард, ки ҷамоати бузурге аз мардум сӯи шаҳр меоянд. Марди яҳудӣ, ки соҳиби Салмон буд, низ он мардумро дид. Пешопеши ҷамоат марде савор бар шутури сафед буд, ки ором ва боматонат ҳаракат мекард. Ба назари Салмон расид, ки ӯҳамон Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) аст, ки бо ҳамроҳонаш вориди шаҳр мешаванд. Арбоби Салмон зери лабғурғуркунон гуфт: -Ин ҳам як бадбахтии дигар. Ӯ бояд ҷои дигареро пайдо кунад”. Мардум аз пеши боғи марди яҳудӣ гузашта, вориди шаҳр шуданд.
Он шаб Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) дар хонаи Абўайюби Ансорӣ иқомат намуданд.Чун шаб шуд, Салмон чанд хурморо ба буғчае баста сӯи хонаи Абўайюб равон гашт. Мардум гирд нишаста буданд. Салмон аз миёни онҳо роҳ кушода бо изтироб гуфт: -Эй оғо, ман чанд хурмо бароятон ҳадя овардам. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ба Салмон бо муҳаббат нигариста барои хурмоҳояш изҳори ташаккур намуданд. Яке аз хурмоҳоро худашон хӯрда боқимондаашро ба атрофиён тақсим намуданд. Салмон осудаҳолона нафасе кашида гуфт: -Ин ҳам нишонаи дигар. Ду нишонаро аз он се нишонае, ки усқуфи пир гуфта буд, дар ин мард дидам.
Шаби дигар Салмон боз ба хонаи Абўайюб омад. Мардум гирди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ҷамъ буданду он ҳазрат дар хусуси намоз суҳбат мекарданд. Салмон баҳар сӯ нигоҳ карда меҳроб ё либоси махсусе, ки дар калисо дида буд, ин ҷо надид. Аз шахсе, ки дар паҳлӯяш нишаста буд, пурсид: “Бо чӣ василае мехоҳед Худоро парастиш кунед?” Он мард чавоб дод: “Мо Худоро мехонем”. Салмон пурсид: -Бе ягон восита? Мард гуфт: - Бале, мо Худоро мехонем ва Ӯ дуоҳои моро мешунавад. Салмон ба ин гуна ибодати осон мабҳут шуд. Ҳамчунон ки гӯш медод,Паёмбар ба ояте аз сураи “Ёсин” расид: “Қуръон аз ҷониби он Пирӯзманди Меҳрубон нозил шуда. То мардумеро бим диҳӣ, ки падаронашон бим дода нашуданд ва дар бехабарӣ буданд”. (оятҳои 5-6).
Вақте намоз поён ёфт, Салмон пеш рафт ва дар пушти Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) тавре нишаст, ки битавонад ду китфи эшонро бубинад. Аз сабаби гармии ҳаво Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) либосе пӯшида буданд, ки қисмате аз шонаашон намудор буд. Пас аз муддате Паёмбари гиромӣ ба ақиб гашта, дарк намуданд, ки Салмон дар паи ёфтани чист. Аз ин рӯ, иҷоза доданд, ки либос аз шонаи муборакашон поён равад ва Салмон бо чашмони худ дид, ки байни ду китфи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) нишонае аз муҳр вуҷуд дорад. Салмоназ китфони Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) бӯсида бо гиря гуфт: “Ман ҳоло ҳар се нишонаеро, ки марди масеҳӣ гуфта буд, дар Шумо пайдо кардам. Акнун ба ислом гаравидам”. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) аз исломро қабул кардани Салмон хушҳол шуданд. Дигарон низ аз мусулмон шудани ин марди форс шодмонӣ карданд. Салмон мехост яке аз ҳамроҳони Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) шавад ва ҳамон ҷо бимонад, аммо ӯғулом буд ва бояд пеши арбоби худ бармегашт.
Рӯзе Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ба Салмон фармуданд: “Худро аз дасти арбобат озод кун”. Ёрони Паёмбар дастҷамъона 40 уқия (34 грамм) тилло гирд оварда ба Салмон доданд, то худро озод созад. Салмон аз ин фидокории ёрони Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) мабҳут шуда, назди арбобаш рафта гуфт: “Оғо, ман ҳозирам, ки 40 уқия тилло бидиҳам, то маро озод созед”. Тиллоҳо беш аз миқдоре буд, ки марди яҳудӣ интизор дошт, лекин ҳирсу тамаъи вай боло гирифта гуфт: “Ман розиям, вале ту илова бар додани ин 40 уқия тилло боз 300 ниҳоли хурмо низ бикорӣ, ки ҳеҷ яке аз онҳо набояд хушк шаванд ва соле баъд битавонанд шукуфа диҳанд. Агар ин тавр шуд, ту озодӣ”.
Салмон аз ин шарт маъюс шуд. Зеро мумкин набуд, ки аз 300 ниҳоли хурмо ягонтоаш дар шӯразор хушк нашавад. Ӯ ин мавзӯъро ба Паёмбару ёронаш гуфт. Онҳоҳар кадомашон бо худ ниҳол гирифта ба кумаки Салмон омаданд, то зудтар ниҳол шинонанду ӯро озод созанд. Ёрони ҳазрати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) чуқурӣ меканданду худи Паёмбари гиромӣ (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ниҳол мешинониданд. Баъди як сол ҳама ниҳолҳо гул карданд. Марди яҳудӣ иқрор шуд, ки бо ин шарт мехост чанд соли дигар Салмонро дар хизмат нигоҳ дорад. Озодии Салмон ёрони Паёмбарро хушҳол намуд. Ҳама дар масҷид гирд омаданд. Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ба ӯ чанд дона хурмо дода гуфтанд: “Акнун ту низ аз хурмоҳои ман бихӯр. Озодии ту муборак аст ва Худованд туро хоҳад омурзид”.
Азбаски Салмон ғайриараб буд ва собиқаи ғуломӣ мекард, бархе мардуми Мадина мартабаи ӯро аз дигарон паст медонистанд. Бештари касоне, ки барои озодии вай тилло ва ниҳол дода буданд, мехостанд Салмон тобеи онҳо бошад. Аммо Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) эълон намуданд, ки Салмон озодшудаи шахсии эшон аст ва ӯро аз наздикони худ хонданд.Салмон низ пас аз рӯй овардан ба ислом ва озод шудан аз ғуломӣҳамчун мушовири лоиқ дар канори Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ба хидмат машғул шуд ва дар назди ишон манзалати хос ёфт.
Дар соли панҷуми пас аз ҳиҷрат бархе аз яҳудиёни Мадина ба Макка рафта, бо бутпарастон иттифоқ баста, онҳоро ба ҷанги зидди мусулмонон даъват карданд. Яҳудиён зимни бозгашт ба Мадина бо чанд қабилаи дигар гуфтушунид карда, бо додани ришва онҳоро ба ҷанг ташвиқ намуданд. Ҳамин тавр шумораи касоне, ки қасди ҳамла ба Мадинаро доштанд, тақрибан ба 10 000 нафар расид. Бархе аз саҳобагон ин иқдоми душманонро фаҳмида, ба Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) маслиҳат доданд, ки аз Мадина берун раваду дар куҷое, ки бо душман рӯ ба рӯ мешаванд, ҷангро сар кунанд. Салмон гуфт: "Ҳар гоҳ душмане ба мо дар Эрон ҳуҷум меовард, барои осонии дифоъ гирди шаҳр хандақ мекофтем, ки паҳниаш даҳқадам ва чуқуриаш аз қади инсон бештар буд. Ба он об сар медодем. Душман ба шаҳр даромада наметавонист. Ҳазрати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) пешниҳоди Салмонро пазируфта, ба сипоҳиёни ислом, ки 3000 нафар буданд, фармони кандани хандақро доданд. Ҳамин тавр дар ин ҷанг мусулмонон ғолиб омаданд. Обрӯву манзалати Салмони Форсӣ миёни саҳобагон хеле боло рафт.
Як бор дар маҷлисе Салмон аз дар ворид шуд. Ёрони Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам), ки дар мақоми Салмон дар назди Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) огоҳӣ доштанд, аз ҷо хеста, ӯро дар садри маҷлис ҷо доданд. Яке аз аъроби Қурайш бо эътироз гуфт: "Чаро бояд ғайриараб дар миёни арабҳо бинишинад?" Паёмбари гиромӣ дар он маҷлис ибтидо аз ин ки ҳама инсонҳо боҳам баробаранд, сухан гуфтанд: "Ҳамаи мардум монанди дандонаҳои шона мусовӣ ва баробаранд. Арабро бар аҷамӣ ва сурхро бар сиёҳ бартарӣ нест, магар ба тақво ва парҳезкорӣ дар назди Худо". Сипас дар хусуси Салмон фармуданд: "Салмон дарёест, ки ба охир намерасад ва ганҷест, ки поён намеёбад. Салмон аз хонадони мост. Ӯст, ки ҳикматро ато мекунад ва бурҳонҳои ҳақро ошкор месозад. Биҳишт ҳар рӯз панҷ бор муштоқи дидани Салмон аст".
Салмон баъд аз вафоти Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) бо ҳазрати Абӯбакр ва Умар низ ҳамкорӣ кард. Дар замони хилофати Умар (р) Тисфун пойтахти Сосониён фатҳ шуд ва аз он пас соири манотиқи Эрон низ, яке пас аз дигаре фатҳ гардид. Салмон дар даъвати эрониён ба пазируфтани ислом ва ҷилавгирӣ аз қатлу хунрезӣ кӯшиши зиёде намуд. Ӯ аз Даҷла шинокунон убур карда, бо сокинони Мадоин гуфтугӯ кард ва ташвиқашон намуд, ки таслим шаванд. Ҳазрати Умар (р) пас аз фатҳи Мадоин ҳазрати Салмони Форсиро устондори навоҳии Ироқ ва Эрон дар Мадоин таъйин кард.
Салмон бо салоҳдиди амиралмӯъминин аз Мадина ба Тайсафун равон шуд. Мардуми Тайсафун ҳама бо либосҳои зебо берун аз шаҳр мунтазири омадани волии нав буданд. Пирамарде аз дур пайдо шуд, ки либоси куҳна бар тан дошт ва пиёда меомад. Мардум аз ӯ пурсиданд: "Дар роҳ, ки меомадӣ, волии нави мо Салмонро надидӣ?" Пирамард посух дод: "Ман худ Салмон ҳастам". Ӯ пиёда вориди шаҳр шуд.Аз бинои азими кохи Тайсафун истифода мекард. Чун аз Байтулмол барои вай маош мефиристоданд, онро ба дигарон медод ва дар вақтҳои фароғат занбил мебофт ва аз дастранҷи хеш зиндагӣ мекард. Бо вуҷуди волӣ будан хеле хоксорона мезист. Ӯ дар номаи худ баҳазрати Умар (р) навишта буд: "Расули Худоро дидам, ки ҳар гоҳ нони ҷав ба даст меовард ва онро тановул мефармуд, шод мегашт ва озурда намешуд... Барои ман ғизо чӣ мағзи гандум бошад, чӣ сабӯси ҷав фарқе надорад".
Салмон солҳо дар Мадоин ба адолат ва шафқат ҳукумат кард. Рӯзе эҳсос намуд, ки марги ӯ фаро расидааст. Аз ҳамсараш атр хост ва гуфт: "Онро перомуни бистари ман бипош". Вафоти ӯ соли 35 ҳиҷрӣ иттифоқ афтод.
Рӯзе Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) нишаста буданд. Ҷабраил оятеро ба ишон нозил кард: "Агар рӯй бартобед, ба ҷои шумо (Худо) мардуме дигар орад, ки ҳаргиз ҳамсони шумо набошанд". (Сураи Муҳаммад, ояти охир). Аз ҳазрати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) пурсида шуд: " Эй Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам), чӣ касонеро агар мо эъроз кунем, ба ҷои мо бармегузинӣ?" Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) даст бар зонуи Салмон заданд ва гуфтанд: "Ин ёр ва маҳрами ман аст". Ва сипас идома доданд: "Манзурам, ин мард ва қавми ӯст. Ба Худо савганд, ки агар имон дар ситораи Сурайё бошад, гурӯҳе аз мардони Форс онро ба чанг меоваранд".
Ҳазрати Салмони Форсӣ разияллоҳу анҳу яке аз нахустин соҳибҳунарони ислом буданд, ки шиноварӣ, хандақ сохтан, сартарошӣ ва дигар ҳунарҳоро метавонистанд. Эшон аввалин бор маъмур шуданд, ки сари саҳобагони паёмбарро битарошад. Дар тӯли таърих арабҳову турку форсҳо ҳазрати Салмони Форсиро устоди афзал ва пири аҳли ҳунар медонанд. Зеро мӯътақиданд, ки ӯ ба қавле, ки дода буд, устувор монд ва то охир даст аз паёмбару ёронаш накашид. Дӯстони азиз мо хело хурсандем, зеро аз насли форсизабонон саҳобае бо номи Салмони Форсӣ буд, албатта мо бо Салмон мефахрем! Ин буд қиссаи кӯтоҳ аз ҳаёти Салмони Форсӣ. Худованд аз эшон розӣ бод!
Дигар мақолаҳо
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
Муфассалтар