Асосӣ Мақолаҳо Ҳикояти ибратомўз аз “Бўстон”-и Саъдӣ дар боби эҳсон

Ҳикояти ибратомўз аз “Бўстон”-и Саъдӣ дар боби эҳсон

Ҳикояти ибратомўз аз “Бўстон”-и Саъдӣ дар боби эҳсон
2020-04-03
2232

Яке дар биёбон саге ташна ёфт,

Бурун аз рамақ дар ҳаёташ наёфт.

Кулаҳ далв кард он писандидакеш,

Чу ҳабл андар он баст дастори хеш.

Ба хидмат миён басту бозу кушод,

Саги нотавонро даме об дод.

Хабар дод Пайғамбар аз ҳоли мард,

Ки Довар гуноҳон аз ў афв кард.

Ало гар ҷафокорӣ, андеша кун,

Вафо пеш гиру карам пеша кун.

Касе бо саге некўӣ гум накард,

Куҷо гум шавад хайр бо некмард.

Карам кун чунон к-ат барояд зи даст,

Ҷаҳонбон дари хайр бар кас набаст.

Ба қинтор зар бахш кардан зи ганҷ,

Набошад чу қироте аз дастранҷ.

Барад ҳар кас бор дархўрди зўр,

Гарон аст пойи малах пеши мўр.

Ту бо халқ саҳлӣ кун эй некбахт,

Ки фардо нагирад Худо бо ту сахт.

Гар аз по дарояд, намонад асир,

Ки афтодагонро бувад дастгир.

Ба озор фармон мадеҳ бар раҳӣ,

Ки бошад, ки афтад ба фармондеҳӣ.

Чу тамкину ҷоҳат бувад бардавом,

Макун зўр бар заъфи дарвеши ом.

Ки афтад, ки бо ҷоҳу тамкин шавад,

Чу байдақ, ки ногоҳ фарзин шавад.

Насиҳат шунав, мардуми дурбин

Напошанд дар ҳеч дил тухми кин.

Худованди хирман зиён мекунад,

Ки бар хўшачин сар гарон мекунад.

Натарсад, ки неъмат ба мискин диҳанд?

В-аз он бори ғам бар дили ин диҳанд.

Басо зўрмандо, ки афтод сахт,

Пас афтодаро ёварӣ кард бахт.

Дили зердастон набояд шикаст,

Мабодо, ки рўзе шавӣ зердаст.

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:41
Пешин12:40
Аср15:13
Шом17:09
Хуфтан18:39
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Муфассалтар