Макри душман бо истифода аз ҳолат
Имрӯзҳо, ки хотири мардум нороҳат асту ҳама ҷон дар каф гирифта, бо вабо мубориза мебарад, аъзоёни ТТЭ ҲНИ, ТЭ “Гурӯҳт24”, ТТЭ ПМТ бошанд дар фикри ноором кардани ҷомеа шудаанд, ки ин бисёр ҳам хислати пасти онҳоро нишон медиҳад. Зеро ин тоифаи наҳзатӣ, ки имрӯз дар хориҷ аз кишвар зиндагӣ мекунанд аз воқеият дуранд ва аз ҳоли миллат бехабаранд. Онон намедонанд, ки миллат кадом рӯзҳои сангинро паси сар намуд, сахтиҳоро кашид ва ба имрӯз расид?! Ногуфта намонад, ки ин ҳама сахтиҳоро ба сари миллати тоҷик он рӯзҳо ҳамин наҳзатиён аъзоёни ТТЭ ҲНИ бо сӯистифода аз номи ислом ва супориши хоҷагони хориҷияшон оварда буданд, ки дар натиҷа ҳазорон зан бева шуд, ҳазорон кӯдак ятим шуд ва зиёда аз 160 000 нафар шаҳид гардид, ки шикасти ҳамаи инҳо, хуни ҳамаи ин шаҳидон бар гардани наҳзатиён аст. Ҳамин наҳзатиён буданд, ки ба ҷӯйборони об хуни бегуноҳи тоҷикро рехтанд ва имкониятҳои миллатро маҳдуд сохтанд. Аммо миллати тоҷик ба зону назад ва нангу номус ва ғурурашро аз даст надод ва дубора соҳиби зиндагии пурсаодат шуд. Нангу номуси тоҷик санги хоро бишканад ва ҳафт қабати осмон бидарад мегӯянд ва ин беҳуда нест... Ҳамон тавре, ки Лоиқи бузургвор мегӯяд “ Шишаи мо санги хоро бишканад”..
Имрӯз ҳам душманони миллат, аъзоёни ин гурӯҳҳо бо сардории Кабирӣ, Шарофиддин, Салимпур, Варқӣ, Истаравшанӣ Аюбзод, Маҳмадиқбол кӯшиш кардаистодаанд, то миллатро ба нооромӣ даъват кунанд, дубора миллатро гумроҳ намоянд ва аз ин ҳисоб бозори худро гарм созанд, хоҷагони хориҷияшонро шод кунанд.
Албатта, миллати тоҷик ба ин сафсатаҳо бовар нахоҳад кард, зеро медонад, ки Кабирӣ як ҳанноти беморхонаи сироятӣ асту ҳамкори террористон ва тиҷораташ ҳам аз гумроҳ кардану ба Сурия фиристодани ҷавонон ба сафи созмонҳои террористӣ иборат аст. Як зархарид аст, аз амри хоҷагони хориҷияш як қадам берун намегузорад ва ҳатто ба ҷанозаи модараш ҳам ба хотири супориши хоҷагони хориҷияш иштирок накард. Пас нафаре, ки ба қадри волидайн намерасад, мешавад инсон гуфт?!
Шарофиддин бошад як ақлбохтаест, ки на савод дораду на фаҳми ҷамъиятӣ, маблағҳоро дуздидааст, қарзи андозро насупорида ба хориҷ гурехтааст. Андозе, ки мардум ба давлат месупоранд, ҳаққи ятимон, бепарасторон ва ҳазорон ниёзманд аст, ки давлат ба онҳо тақсим мекунад. Пас чӣ гуна Шарофиддини ҳаққи мардумхӯрро мешавад, як персонаи сиёсӣ гуфт?
Салимпур як авбош ва дасисабоз аст, фиребкор аст, ҳатто бародари худашро фиреб додааст. Ба хотири маблағҳои наҳзатиён имрӯзҳо мардумро ба гумроҳӣ мебарад ва иғвобарангезӣ мекунад. Миллати тоҷикро умуман бад мебинад ва ба ҳамин хотир ба назди волидайнаш ҳам кам меояд. Номуси инсонӣ надорад. Нафаре, ки бародари худашро ба хотири пул фиреб медиҳад, инсон дониста мешавад?! Як пулпараст ва як хоин мебошад.
Муҳаммадиқбол нафаре ҳаст, ки ба дуруғгӯӣ миёни мардум шуҳрат дорад. Дар хурдсолияш ба муҳосира афтодааст, нангу номуси мардияшро аз даст додааст. Волидайнашро эҳтиром намекунад ва ҳатто дар ҷанозаи падараш иштирок накардааст. Пас чӣ тавр бо ин рафтораш мешавад ӯро инсон гуфт? Оё падару модар барои инсон азизтарин кас нестанд? Оё ватандӯстӣ аз эҳтироми волидайн оғоз намешавад?
Яъне, ин нафароне, ки ҳоло ин ҷо ба чеҳракушоияшон пардохтем аслан аз инсонгарӣ, одамгарӣ хабаре надоранд ва танҳо барои бадномкунии миллат худро насаби тоҷики додаанду халос, аммо дар асл як чоплус, дурӯя, хоин, каҷниҳод, кӯрдил, кӯрботин ва хиёнаткор мебошанд .
Онон имрӯз ба хотири ҳамин миллат зиндагии пурнишот доранд, зеро дар вақти дар кишвар буданашон хуб миллатро хароб карданд, заминҳоро фурӯхтанд, беморхонаҳоро фурӯхтанд, то ҷайби худро пур кунанд. Ҳатто ба хиёнат даст заданд, то маблағ кор кунанд. Имрӯз ҳам ба хотири пулу мол зархарид гаштаанд, хиёнат мекунанд, миллатро гумроҳ мекунанд, ҷомеаро ноором мекунанд, то пул кор кунанд.
Дар хориҷ аз кишвар ва он ҳам дар Аврупо зисту зиндагӣ кардан осон нест, аммо наҳзатиён он ҷо хуш зиндагӣ доранд ва ин аз кадом ҳисоб аст?
Ин пули ҳамон хоҷаҳои хориҷист, душманони миллати тоҷик мебошад, ки ҳоло наҳзатиён дар фикри роҳҳои бузурги хиёнат ҳастанд ва формулаи “Кабирӣ+ Аюбзод+ Салимпур+ Варқӣ+ Истравшанӣ+ Муҳаммадиқбол”+Истаравшанӣ аз ҳамин ҷо пайдо шудааст, ки мақсадаш хиёнат бар миллат мебошад. Наҳзатиён имрӯз худро дар назди мардум “ғамхори миллат” муаррифӣ карданӣ мешаванд, ки воқеан ҳам ҷойи шармандагист. Инсоне, ки падару модари худашро эҳтиром намекунад, қадргузорӣ намекунад, чӣ тавр ғамхори миллат мешавад? Оё мешавад як ҳаннот ва дурӯғгӯ, як дасисабоз ва фиребкорро “ғамхори миллат” гуфт?
Миллат набояд фаромӯш кунад, наҳзатиён имрӯз бо дилнармӣ, нармгуфторӣ, мехоҳанд бо макри пардапӯшона мардумфиребӣ созанд, бо мақсадҳои нопокӣ худ бирасанд. Ва дар боби ҳамин наҳзатиёни бадниҳод ва ҳиллагар дар хитоб бар ҷомеа Соиби Табрезӣ барҳақ фармудааст:
Хасми бадгавҳар агар ҳарфи мулоим гӯяд,
Устухонест, ки дар луқма ниҳон мегардад.
Ҳоло ба ҷони миллат ин наҳзатиён ва 24-ҳо мехоҳанд ҷабр кунанд ва ин ҳам дар ҳоле, ки миллат дар мубориза бо маризии ҳамагири коронавирус талош меварзаду шабу рӯз хоб надорад. Маълум мешавад, ки ин ифротиҳои фирорӣ аз вазъият сӯистифода карданӣ ҳастанд, то миллатро гумроҳ созанду дубора пеши бегонагон, аҷнабиён муттаҳам созанд, ки ин хиёнат аст. Хиёнати нобахшиданӣ!
ХУЛОСА
Воқеияти рӯзгор нишон медиҳад, ки ҳар нафаре, ки сурати одами дорад, инсон нест ва ҳар нафаре, ки сар дорад, боақл нест. Ҳамин ҳолатро дар мисоли наҳзатиён ва дигар душмнанони миллати тоҷик дидан мумкин аст. Зеро ҳамаи наҳзатиёну 24-ҳо имрӯзҳо ба хотири молу сарват, ақли худро бохтаанду бар миллати хеш хиёнат мекунанд ва аз ин боз нороҳат ҳам нестанд, ки ин худ гувоҳ аз ҳамон гуфтаҳои болост. Яъне дур будани ин тоифаи фирорӣ ва бадкеш аз доираи инсонигарӣ. Мақолеро вирди забонҳо кардаанд, оқилон, ки бар ҳақ бар наҳзатиён гуфта шудааст: “Ҳар қадаре зиёдтар дар оғил бишинӣ, ҳамон қадар бештар аз ту бўйи ахлот меояд.” Ва дар ҳақиқат ҳам аз ин наҳзатиён имрӯзҳо бӯйи ахлот меояд, бӯйи хиёнат ва разолат.
Кунун, наҳзатиён ва 24-ҳо дар доираи барномаи хиёнаткоронаи худ мехоҳанд, миллатро ба нооромиҳо даъват намуда, фиреб диҳанд ва кишварро дигарбора ба хоку хун оғушта созанд. Ин ҳам дар ҳоле, ки ҳанӯз ҷӯйборон хуни рехтаи шаҳидон аз адсти наҳзатиёнро фаромӯш накардаанд, ҳанӯз тифлоне, ки бо ваҳшонияти наҳзатиён ятим монда буданд, оғӯши падар надидаанд, ҳанӯз ҳам ашки бонувоне, ки аз дасти наҳзатиён шавҳаронашон ба қатл расида буданд, пуроб аст ва ҳанӯз ҳам миллат дар девори хотироти дилаш хиёнати наҳзатиён, қатли бегуноҳонро, ки ҳамин наҳзатиён роҳандозӣ карда буданд, фаромӯш насохтааст. Аз ин рӯ, бовар кардан ба ҳиллаҳои наҳзатиён, ба дурӯғҳои бофтаашон, худфиребдиҳест, ки оқибати нек надорад. Бовар кардан ба наҳзатиён нишони девонагӣ ва бехирадист!
Мо, хуб медонем, ки наҳзатиён як маротиба аз боварии мардум истифода намуда, чи хел кишварро ба хоку хун кашиданд ва сарсону саргардон намуданд. Акнун боз мехоҳанд, ки ҳамин хиёнат ва разолатро такрор кунанд ва боз ҳам мехоҳанд мисли қабли дар рӯ ниқоб кашида миёни ҷомеа роҳ ёбанд. Аммо миллати тоҷик набояд фаромӯш созад, ки оқибат “гургзода гург шавад” ва хиёнаткор хоин.
Мусаллам аст, ки кунун офтоб аз наҳзатиён ва дигар хоинони фирорӣ рӯ тофтааст, лек ин ятимони дунёи маърифат ва кӯрони роҳи хирад ва гургони бешаи хиёнат ҳанӯз тан додани нестанд ва мехоҳанд хиёнатро идома диҳанд, то нафси саркаши худро қаноат бахшанд, ки ин аз доираи инсоният берун мебошад ва ба ҳамин далел аст, ки дар чоҳ зиндагӣ мекунанду талаби ҷоҳ кард, бо рӯсиёҳӣ зиндагӣ мекунанду табоҳии зиндагии миллатро мехоҳанд.
Ҳадафи хоинони миллат, душманони мисли наҳзатиёну 24-ҳо бараъло маълум аст ва ҳамагон низ хуб пай бурданд, ки мақсад аз фирор ва таъсис намудани сомонаҳои низоъбарангезу иғвобарангези мисли “Ахбор. ком, Паём. нет, Ислоҳ. нет, Кимиёи Саодат, Востокнюз, Озодандешон, Рисолат.тҷ.” дар чист? Яъне, эҷоди дурӯғ, нашри тӯҳматнома, бӯҳтон, расонидани хабари дурӯғ ва аз ин роҳ ба гумроҳи бурдани ҷомеа мебошад.
Аммо, наҳзатиён ва дигар пайравонашон бояд донанд, ки он роҳи онон мераванд, охираш торикист ва ҳаргиз ба мақсад нахоҳанд расид. Зеро нангу номус ва ғурури тоҷик намегузорад, ки пашшае аз табоҳии ақл худро фил муаррифӣ кунаду шайтонсифатӣ намояд! Аз ин рӯ, наҳзатиён ва дигар ҳаммаслаконашонро зарур аст, ки сухани шоири ин миллат устод Лоиқро фаромӯш насозанд, ки ишора бар ҳамин шағолсифатон ва бехабарон аз ғуруру шуҷоати миллати тоҷик намуда, гуфтааст:
Гардани гардуни гардон бишканем,
Пеш аз он, ки гардани мо бишканад!
Меҳвар Абдусаломов
омӯзгори ДКМТ
Бознашр аз сомонаи Кумитаи дин
Дигар мақолаҳо
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
Муфассалтар