Пешвои миллат ва Ваҳдати миллӣ
Таърих гувоҳ аст, ки дар ҳама давру замон дилхоҳ кишвар фақат дар сурати фароҳам будани сулҳу ваҳдат рушду тараққӣ менамояд. Ва мусалламан, ибораҳои сулҳ, ваҳдат, оромӣ, осудагӣ, истиқлолият ва ватандорӣ барои ҳама халқу миллатҳо мафҳумҳои хеле арзишманд ё худ, муқаддас маҳсуб меёбанд, аз ҷумла барои миллати сулҳхоҳи мо.
Ҳарчанд Тоҷикистон як замон бо тавтеа ва кинатӯзии душманони хориҷию дохилӣ ба хоку хун кашида шуд, аммо, шукри Парвардигор, ки ба бахти баланди ин миллат шахсияти ғаюр ва дилсӯзе зимоми ин давлати дар ҳоли фурӯпоширо ба даст гирифт. Маҳз азхудгузаштанҳои Эмомалӣ Раҳмони он солҳо ҷавон буд, ки оташи он ҷангу бедодии беамон дар як фурсати кӯтоҳе, ки таҳлилгарони арсаи сиёсат интизор надоштанд, хомӯш карда шуд. Он ҷавони замираш моломоли ишқи миллат гуфта буд: “Ман ба шумо сулҳ меоварам ва дар ин роҳ, агар лозим шавад, ҷони худро дареғ намедорам!”. Хурду калони он замон ва саҳифаҳои таърихи миллат гувоҳанд, ки ӯ ба ваъда вафо кард ва зиёда аз ин, муҳаррики фалаҷгаштаи иқтисодиёту иҷтимоиёти Тоҷикистонро дар масири рушд ба гунаи дилхоҳ ба ҳаракат даровард.
Манзурам, ҳама ободию хуррамие, ки ҳоло, хушбахтона, ҳатто дар дурдасттарин гӯшаҳои Тоҷикистони азиз назирашро дидан мумкин аст, аз фидокориҳои ин абармарди арсаи сиёсат, аз сулҳпарварию ватанхоҳии мардуми шарифи кишвар, аз самараи Ваҳдати миллӣ маншаъ мегирад. Ваҳдате, ки ба осонӣ ба даст наомадааст. Ваҳдате, ки баъди чандин музокирот ҳосил шудааст. Ваҳдате, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз барои даст ёфтан ба он синаи худро дар муқобили бадхоҳони миллат сипар намудааст. Ваҳдате, ки метавон гуфт, бо меҳрубонии Худо ва хиради ин миллати сулҳхоҳ ҳамеша пойдору устувор боқӣ хоҳад монд.
Мо, ходимони дин низ ҳамеша аз минбари баланди Расули акрам (с) сари масъалаҳои марбут ба арзишҳои миллӣ ва сиёсати сулҳҷӯёнаи давлатамон сухан ронда истода, хусусан, ба ҷавонон таъкид мекунем, ки соҳиби чунин мамлакати орому осуда будпн ва Сарвари меҳрубон доштан ин худ як нишонаи саодат аст. Чунки маҳз ҷавононро лозим аст, неруву қувваи бузурги хешро ба манфиати миллату давлат сарфа намуда, ҳамзамон, худ дар оғӯши саршор аз меҳру муҳаббати Ватан зиндагии хубу осоишта дошта бошанд.
Дар сураи “Ҳуҷурот”-и Қуръони муқаддас омадааст: ”Ҳамоно, муъминон бародари ҳамдигаранд; пас, сулҳ оваред байнашон”.
Ин мафҳумизебовусозанда дар сиёсати Пешвои муаззамон бармало мушоҳида мегардад. Маҳз сулҳу ваҳдатхоҳӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ буд, ки миллати тоҷик дубора аз сарсабзиву хуррамии ин мулки нозанин ба ҷаҳониён дарак дод.
Хуллас, санаи 27-уми июн як рӯзи таърихиест, ки аз талошу кӯшишҳои Пешвои миллат ва мардуми сарбаланди тоҷик дар роҳи расидан ба сулҳу осоиш дарак медиҳад. Аз ин рӯ, мо, хурду калонро мебояд, ки ба қадри ҳар як зарра хоки ин меҳани зебо расида, Ваҳдати миллӣ, арзишҳои миллиро гиромӣ дорем ва мулкамонро аз ҳама ихтилофҳои нодаркор чун гавҳараки чашм ҳифз кунем.
Усмоналӣ Нурзода,
МуовиниРаиси Шӯрои уламои
Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон
Дигар мақолаҳо
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
Муфассалтар