Фарҷоми хиёнат расвоист
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ чун кишвари дорои таҷрибаи нодири сулҳсозӣ муаррифӣ мешавад. Халқи тоҷик тавонист бо иродаву сарсупурдагии фарзандони меҳанпарасташ бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Эмомалӣ Раҳмон истиқлолияти худро ҳифз кунад. Ин сабақи таърих барои насли имрӯзу ояндаи Тоҷикистон омӯхтанист, то ки ба ин давра воқеъбинона баҳо дода тавонад, ба қадри ҷоннисориҳои насли калонсол бирасад.
Силсилафилми ҳуҷҷатии “Хиёнат”, ки дар арафаи таҷлили иди Ваҳдати миллӣ тариқи шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон намоиши дода шуд, бори дигар ин саҳифаҳои таърихи миллатро варақгардон намуда, аъмоли нангини як гурӯҳ бадхоҳони миллату кишварро бозгӯ кард. Хиёнати ТЭТ ҲНИ ва маблағгузоронаш дар ин филм аз забони шоҳидони ҳол, ки дар солҳои ҷанг ҳамроҳи онҳо буданду баъд пушаймон шуданд возиҳу равшан омада аст. Бо далелҳои раднопазир дар ин филм омада аст, ки аз дасти ин хоинони миллат хуни ҳазорон нафар ба ғайри ҳақ рехт, ки ин ҳам ҳақиқати ҳол аст.
Вақте ки ин аъмоли разилонаро аз номи дини поки Ислом карданду хуни мардумро рехтанд албатта дар назди Худо гунаҳкор шуданд, афсӯс то имрӯз якчанд боқимондаҳои наҳзатӣ бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ барои ризқи ҳароми худ ватан, миллат ҳатто мазҳаби худро мефурӯшанд. Ворисони ин ташкилот имрӯзҳо ба Аврупо паноҳ бурда, амалҳои хиёнаткоронаи худро нисбати Тоҷикистон ва миллати худ идома медиҳанд.
Баромадҳои ин муборизони ба ном адолатхоҳро коргардонҳои пасипардагии хориҷӣ омода мекунанду онҳо мехонанд. Як чиз мусаллам аст, касе ,ки хиёнати наҳзатиёнро барои мансабу ҳокимият дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва 2015 бар миллати худ дидааст, талхии фоҷиаи куштори наздикону пайвандонашро чашидааст, онҳоро намебахшад. Вақте ки аз минбари конфронсҳои байналмиллалӣ ин тӯдаи гумроҳшудагон даъвои демократия, озодии сухан, адолати судӣ, ҳифзи ҳуқуқ баромад мекунанд, аз он бӯйи ғараз, маҳалгароӣ, таҳқири инсон ва манфиати шахсӣ меояд.
Кабирӣ бо ҳаммаслаконаш ҳоло ҳам аз нияти бади худ даст накашидаанд, ҳаргиз пушаймон нашудаанд, балки баръакс ҳилаву тадбир меандешанд, ки чӣ тавр бори дигар миллати тоҷикро бадбахт созанд, хунрезӣ ва талаву тороҷ намуда, ба мақсаду ғаразҳои касифи худ ноил шаванд. Вале мардум дигар фиреби ин тоифаро намехӯрад ва рафтан аз қафои онҳоро ор медонад. Онҳо фаромӯш мекунанд, ки мардуми мо асли дасисаҳои ин ташкилотҳои террористиро дарк кардаанд ва дигар ба он бовар нахоҳанд дошт.
Фарзандони ватандӯсти миллат ҳамеша дар фикри беҳбудии ватан мебошанд. Аксарияти аҳолии Тоҷикистон зиндагии тинҷу оромона ва рӯ ба пешрафтро мехоҳанд. Орзу мекунанд, ки сулҳу осоиштагӣ барқарор ва озодӣ дар меҳнату кор бошад. Барои мардуми тоҷик ҳоло сулҳу ваҳдат намои зиндагист ва ин неъмат барои ҳаёту меҳнат дар кишвари соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёду демократӣ кафолат медиҳад.
Маҳмуд Сангалиев,
ходими дин
Дигар мақолаҳо
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
Муфассалтар