Асосӣ Мақолаҳо ДИНИ ИСЛОМ ДИНИ ТАҲАММУЛПАЗИР АСТ

ДИНИ ИСЛОМ ДИНИ ТАҲАММУЛПАЗИР АСТ

ДИНИ ИСЛОМ ДИНИ ТАҲАММУЛПАЗИР АСТ
2020-11-26
2941

         Солҳои охир иддае аз гурӯҳҳои манфиатҷӯ бо истифода аз эҳсосоти диниву мазҳабии мардум ва махсусан мусулмонон ба қавли машҳур «обро лой карда, моҳӣ мегиранд». Ба он нигоҳ накарда, ки дини мубини Ислом бо таълимоти саршор аз некиву накӯкорӣ ва ахлоқи ҳасана зуҳур намуда, ҳама гуна аъмоли зиштро мавриди накӯҳиш қарор медиҳад, равияву ҷараёнҳои алоҳида ҳадафу мақсадҳои худро бо ниқоби ислом пӯшиш медиҳанд ва оёти қуръониву аҳодиси набавӣ (махсусан чанд ояти аввали сураи «Тавба»-и Қуръони карим) – ро мутобиқ ба талабот ва манфиати хеш шарҳу тафсир мекунанд. Чунин омилҳо боис мегарданд, ки дар як қатор кишварҳо дар симои ислом дини харобиовар тасаввур шавад. Дар тӯли қарнҳо тамаддуни исломӣ ҳамеша ба фарҳанги миллии мо ба таври мусбат таъсиргузор ва гоҳе ҳам таъсирпазир будааст. Чунончи академик Кароматулло Олимов таъкид намудаанд: «Ҳарчанд дар давоми чордаҳ асри мавҷудияти ислом зиддиятҳо ва ҷангу ҷидолҳои зиёде зери шиори ислом ва мазҳабҳои он сурат гирифтаанд ва имрӯз низ баъзе равияҳои сиёсии тундгароёна таҳти шиорҳои исломӣ фаъолият доранд, боз ҳам моҳияти сулҳҷӯёна ва таҳаммулпазиронаи таълимоти мутафаккирони исломӣ қобили инкор намебошад».

Дини Ислом имрӯз яке аз рукнҳои муҳими ҷаҳонбинӣ, маънавиёт ва ахлоқи ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад ва мо ҳақ надорем, ки нақши офаранда ва инсонсози онро нодида гирем.

Дар Ислом бузургдошти инсон ва эҳтироми шахсият натанҳо нисбати муътақидони он, балки нисбати пайравони динҳои дигар низ мақоми хос дорад.

 Худованд дар ояти 70 Сураи Исро, мефармояд:

«Ва дар воқеъ, ба фарзандони одам (навъи башар) каромат бахшидем…» (Сураи Исро, ояти 70)

Пайғамбари Худо – Муҳаммад ибни Абдуллоҳ, саллаллоҳу алайҳи ва саллам низ дар ҳадисе мефармоянд: «Он чизҳоеро, ки шумо барои худатон меписандед, агар барои дигар бародаронатон раво набинед, муъмин нестед». Дар ин ҳадис Пайғамбар, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, инсонҳоро барои дар байни худ пиёда намудани дӯстӣ, муҳаббат ва некбинӣ амр менамояд.

Дар ҳадисе омадааст: «Касе, ки дар ёрии бародари худ бошад ва эҳтиёҷоти ӯро барорад, Худованд мададгори ӯ мебошад».

Мавқеи Ислом нисбати пайравони дигар динҳо дар асоси усули таҳаммулпазирӣ, инсондӯстӣ ва гуфтугӯи тамаддунҳо ташаккул ёфтааст. Аз ин ҷо, шиносонидани назари воқеии Ислом, хусусан мазҳаби Абӯҳанифа, ҳамчун иқдоме барои таҳкими муколамаи Ислом бо дигар дину тамаддунҳо хизмат мекунад.

Агар мо ба таълимоти дини мубини Ислом оид ба муносибат намудан бо пайравони дигар динҳо назар кунем, мебинем, ки Худованди бузург ва Пайғамбар - Муҳаммад, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, эҳтиром ва риоя намудани пойдории инсондӯстиро борҳо таъкид намудаанд.

Худованд дар ояти 46 сураи Анкабут, мефармояд:

 «Ва бо аҳли Китоб ҷуз ба он сурате, ки некӯ бошад муҷодала макунед, магар бо касоне аз онҳо, ки ситам кардаанд ва бигӯед: «Ба он чи ба сӯи мо фуруд оварда шуд ва ба он чи ба сӯи шумо фурӯд оварда шуд, имон овардем ва Худои мо ва Худои шумо Яке аст ва мо Ӯро фармонбардорем» (Сураи «Анкабут», ояти 46).

Аз тарафи дигар дини мубини Ислом ба пайравонаш иҷозат намедиҳад, ки «Олиҳа», яъне он чизҳоеро, ки пайравони дигар динҳо мепарастанд, дашном диҳанд, зеро ин дашному таҳқири онҳо сабаби беэҳтиромӣ ва ҳақорати Худованди барҳақ мегарданд.

Дар Қуръони Карим омадааст:

«Онҳоеро, ки мушрикон ба ҷуз Худо мепарастанд, дашном мадиҳед, зеро ки онҳо аз рӯи зулм ба ғайри дониш Худоро дашном хоҳанд дод!» (Сураи Анъом, ояти 108).

 Дини мубини Ислом тамоми ҳуқуқҳои асосии инсон - мусулмон ва ғайри мусулмонро дар ҳаёт ҳифз менамояд ва ҳамеша инсонро барои идора намудани нафси худ аз пойбандии ҳавову ҳавас амр менамояд.

Эй нафс, ки бастаи ҳавою ҳавасӣ,

Биштоб, ки дар ҳимояти як нафасӣ.

Дунё маталаб, ҷоҳ маҷӯ, ришва махӯр,

К- аз дӯст бароиву ба душман бирасӣ.     

                                                                  (Абӯалӣ ибни Сино)

 Дини мубини Ислом нисбат ба фарҳанги миллатҳои ғайриисломӣ бар асли таҳаммулпазирии фарҳангӣ асос ёфтааст.

Дини Ислом моҳияти умумиинсонӣ дошта, таърихан заминаҳои мусоиди омезиши арзишҳои фарҳангии байналмилалиро муҳайё намуда, ба воситаи фарҳангҳои қабилаву қавмҳо ва халқу миллатҳои гуногун барои худ роҳ кушода, дар ҳаёти амалии онҳо нақш ва мавқеи махсус пайдо намудааст.

Афроди ҷомеа бо якдигар мисли бародаранд ва бояд ба сулҳу созиши байни худ бипардозанд ва дар тамоми лаҳзаҳои хуби зиндагӣ, моддию маънавӣ дар кӯмаки якдигар бошанд. Одамон нисбат ба ҳамдигар мисли аъзои як хонавода мебошанд.

Дар ояти 103-и сураи «Оли Имрон» Худованд мефармояд:

 

«Ва шумо ҳама ба ресмони (дини) Худо чанг бизанед ва пароканда машавед». (Сураи «Оли Имрон», ояти 103).

        Дар воқеъ, исломбадбинӣ маҳсули кори ҳамон мутаассибони динист, ки дар асл бар зарари Ислом амал намуда, ба исломи сулҳпарвару таҳаммулгаро доғ меоранд. Тавре Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ фармудааст:

Ислом ба зоти худ надорад айбе,

Ҳар айб, ки ҳаст, дар мусулмонии мост.

Инсони хайрхоҳ, ки ахлоқи хуб дорад, доимо кӯшиш мекунад, ки мақсадаш кори нек бошад. Шахси мусулмон бояд ҳамчун шахси инсонпарвар ба дӯстию рафоқат аҳамияти махсус дода, мардумро қатъи назар аз нажоду миллат ба ягонагию ваҳдат даъват намояд. Мо бояд дорои ҷамъияте бошем, ки дар он дӯстӣ ва ҳурмату эҳтиром байни одамон пурра тантана дошта бошад.

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:40
Пешин12:40
Аср15:14
Шом17:09
Хуфтан18:39
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Муфассалтар