Асосӣ Мақолаҳо ТАФРИҚААНДОЗӢ АЗ ДИДГОҲИ ИСЛОМ

ТАФРИҚААНДОЗӢ АЗ ДИДГОҲИ ИСЛОМ

ТАФРИҚААНДОЗӢ АЗ ДИДГОҲИ ИСЛОМ
2021-04-08
2399

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

          Дар ҳар давру замон тоифае вуҷуд дорад, ки салоҳи ҷомеаро намехоҳад ва баҳри расидан ба манфиатҳои худ аз ҳар васила истифода мекунад. Агар мо ба таърихи Ислом рӯ оварем, мебинем, ки таърих гувоҳи садҳо тафриқа, иғво, гурӯҳбозӣ, паймоншиканӣ, рехтани хуни ноҳақ ва вайрониву нобудии кишварҳо ва ҳатто тамаддунҳо мебошад.

         Чун Худованди тавоно Ҳазрати Муҳаммад (с)-ро мабъус сохт ва аҳли оламро бо нури Ислом манаввар гардонид, иддае изҳори норозигӣ карданд ва роҳи тафриқа, бадбинӣ ва душманиро пеша намуданд.

         Чун Расули акрам (с) аз кӯҳи Абӯқубайс нидои «Ло илоҳа иллаллоҳ»-ро танинандоз намуд, Абӯҷаҳлу Абӯлаҳаб ва амсоли онҳо ошкоро ба душманӣ бархостанд ва мардумро зидди Паёмбар (с) мешӯрониданд.

         Суханҳои таҳқиромез, ташкили гурӯҳи бадхоҳон, дар роҳи Паёмбар (с) хорафканиву кафонидани шиками уштур аснои намозхонӣ, азобу шиканҷа нисбати мусулмонони камбағал ва бенуфуз, рехтани хуни мусулмонони аввалин – камтарин паёмадҳоест, ки дар натиҷаи тафриқаандозӣ ба вуқуъ пайвастанд.

           Ба бадхоҳон муяссар шуд, ки баъд аз вафоти Абӯтолиб ба куштори Паёмбар (с) иқдом кунанд, аммо Худованди нигаҳбон Ҳабиби худро танҳо нагузошт, дар ҳифзу ҳимояи Худ нигаҳ дошт – чун дар ғори Савр ба дӯсти худ Абӯбакри Сиддиқ гуфт: «Ло таҳзан инналлоҳа маъано», яъне маҳзун мабош, Худо ҳамроҳи мост!

         Дар натиҷаи тафриқаандозӣ мусулмонон маҷбур буданд, ки ватани худро тарк намуда, ба Ҳабаша ва сипас ба Ясриб ҳиҷрат кунанд. Аммо дар Мадинаи мунаввара низ бадбинон вуҷуд доштанд, чунонки мегӯянд: «Ли кулли қавмин ҳод ва ли кулли Мусо Фиръавн» - ҳар қавмеро роҳнамоест ва ҳар Мӯсоро Фиръавне!

         Қаҳрамони навбатии мо Абдуллоҳ ибни Убай ибни Салул аст, ки бо қудуми аввалини Паёмбар (с) ба Мадинаи мунаввара  дар пайи эҷоди тафриқа ва иғво буд, ҳамеша мекӯшид мардумро муқобили Паёмбар (с) барангезад, мекӯшид ҳаммаслак ва ҳамақидаҳои худро пайдо созад, бахусус дар баъзе масоил аз ноогоҳии мардум моҳирона истифода мебурд:

       Мегӯянд: «Агар ба Мадина бозрасем, албатта, бузургтар хортарро аз Мадина берун кунад» (Сураи «Мунофиқун», ояти 8).

       Яъне, мунофиқон дар ғазвае одамонро даъват мекарданд, ки биёед чун ба Мадина баргардем мардуми хортар, яъне муҳоҷиронро аз Мадина берун кунем!

        Мисоли дигар тафриқа, иғво ва паймоншикании қабилаҳои Бани Қурайза ва Қайнуқоъ дар ғазваи Аҳзоб (Хандақ) мебошад, ки метавонист сафи мусулмононро барҳам занад ва номи исломро аз рӯи замин барканад.

       Баъд аз вафоти Расули Худо (с) аксари мунофиқон аз ислом риддат карданд ва чандин ашхоси дурӯғин худро паёмбар эълон намуданд, ки намоёнтарини онҳо Мусайлимаи каззоб мебошад. Дар натиҷаи задухӯрдҳои мусаллаҳона байни мусулмонон ва пайравони Мусайлима дар «Ҳадиқату-л-вард» (Боғи гулҳо, гулистон) ҳазорон нафар кушта шуда, боғи гулҳо ба «Ҳадиқату-л- мавт» боғи марг табдил ёфт.

        Куштори Усмон ибни Аффон, зоҳир шудани гурӯҳи хавориҷ, муҳорибаҳои Ҷамалу Сиффин, дасисабозиҳо дар аҳди Умавиён ва Аббосиён – метавон чандин мисолҳои дигарро овард, ки дар натиҷаи тафриқаандозӣ, ҷудо шудани мусулмонон ба гурӯҳу равияҳои гуногун ҳазорон ҳазор хуни ноҳақ рехта шудааст.

        Ин мисолҳоро аз таърихи ислом ба он хотир бароятон баён намудем, ки барои ҳамагон дарси ибрат бошад. Мо бояд аз таърих сабақ гирем ва хатои гузаштагонро такрор нанамоем.

        Дар замони муосир гурӯҳҳои ифротӣ ва муғриз баҳри расидан ба мақсадҳои нопоки худ аз номи дини мубини Ислом истифода мебаранд ва мардумро ба вартаи ҳалокат меафкананд – зуҳури «Давлати исломии Ироқу Шом», «Ҷабҳату-н-нусра», «Аш - шабоб», «Боко ҳаром», задухӯрдҳои мусаллаҳона дар кишварҳои мусулмоннишин, тарконидани масҷидҳо, қатли ваҳшиёнаи занону кӯдакон ва садҳо мисоли дигар аз ноогоҳӣ ва зудбоварии мардум - натиҷаи тафриқаандозӣ, иғвогарӣ, дунёталабии гурӯҳу равия ва ҳизбу ҳарактҳои гуногуни ба ном исломӣ.

         Таваҷҷӯҳ кунед, ки ҳамаи ин ваҳшоният аз номи дини мубини Ислом содир мегардад ва ба ақидаи баъзе мардуми гумроҳ ва фиребхӯрда онҳо дар роҳи ростанд.

        Масалан, «Давлати исломии Ироқу Шом» аз байрақи сиёҳ истифода мебарад ва ба ҳамагон ҳадиси машҳури Паёмбар (с)-ро талқин мекунад, ки мазмунаш чунин аст : «Дар охири замон Имом Маҳдӣ нузул менамояд ва лашкари ислом зери ливои (байрақ, парчам) сиёҳ хуруҷ мекунад, онҳо дар роҳи ростанд ва зафар меёбанд».

       Аввалан, санади ҳадис ихтилофоти зиёд дорад, сониян чунин аҳодис дар боби нишонаҳои қиёмат гуфта шудаанд ва ба шароити имрӯза ягон робита надоранд, зеро ҷуз Худо ҳеҷ кас намедонад, ки қиёмат кай қоим мегардад. Аммо доиёни чунин ҳизбу ҳаракатҳо аз таълимоти исломӣ моҳирона истифода бурда, мардумро гумроҳ мекунанд. Имрӯз ифротгароёни исломӣ фатвоҳое содир мекунанд, ки хилофи шариат мебошанд, аммо чунин фатвоҳо рехтани хуни мусулмонон, ғулом намудани мардуми озод, беникоҳ алоқаи ҷинсӣ намудан бо занони покдоманро ҳалол эълон намуда, ба ин васила ба сафи худ авбошону дунёпарастонро ҷалб мекунанд.

       Бар хилофи кишварҳои арабӣ вазъи давлатҳои Осиёи миёна хеле хуб буда, мардум осоишта умр ба сар мебаранд. Ин омил аз сиёсати пешгирифтаи давлатҳои номбурда дарак медиҳад. Сарони давлатҳо, бахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми саъйу кӯшиши худро ба он равона намудаанд, ки мардуми шарифи тоҷик дар фазои сулҳу субот, тинҷиву оромӣ зиндагӣ намуда, баҳри пешрафт ва ободонии кишвар талош доранд.

       Бинобар ин, ҳамаи моро зарур аст, ки ҳушёриро аз даст надода, ба ваъдаву даъватҳои ҳар ҳизбу ҳаракатҳои ба ном исломӣ фирефта нашавем.

        Шумо аз мисолҳои дар боло овардашуда огоҳ гаштед, ки қисмат намудани ҷомеа ба ҳизбу ҳаракатҳои гунонун чӣ натиҷа медиҳад. Онҳое ки имрӯз аз номи ислом сухан мегӯянд ва худро ҳомии ислом вонамуд мекунанд, тамоман мақсадҳои дигар доранд. Мехоҳанд обро лой карда, моҳӣ гиранд, мардумро бо исломи пок фирефта, ба ҳадафҳои дунявии худ расанд.

        Воқеаҳои рӯзҳои охир аз он дарак медиҳанд, ки пешвоёну саркардаҳои баъзе ҳизбу ҳаракатҳо, бахусус онҳое ки аз номи ислом сухан мекунанд, ба ҳавову ҳавас, ба дунёпарастиву шаҳватронӣ дода шуда, рафтори фосиқона доранд. Аммо чунин тоифа дар назди мардум худро зоҳиди покизасиришт ва нигаҳбонони дини мубини Ислом вонамуд мекунанд.

        Моро зарур аст, ки аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ботил, бахусус аз даъватҳои пардапӯшонаи тафриқаангез рӯй гардонем ва ояндаи ватани худро дар фазои сулҳу субот ва осоиштагӣ интихоб кунем.

        Мардуми Сурияву Ироқ, Афғонистону Покистон ба ҳизбу ҳаракатҳои ба ном исломӣ бовар карда буданд, натиҷаи онро мо бо чашми сар мебинем.

         Ба ҳар гуна равияву ҳизббозӣ, тафриқаву ихтилоф ба натиҷае намерасем. Агар мо хоҳем ки тақдири талхи мазлумони ҷабрдидаи Ироқу Яман ба сари мо наояд, бояд як роҳро интихоб кунем. Мо як Президент дорем, ки бо ҷоннисорӣ, саъйю кӯшиш ва талошҳои худ ба мардуми шарифи тоҷик сулҳ овард. Мо як ҳизб дорем, ки бо фаъолияти пурсамари худ баҳри ободонии кишвар бист сол инҷониб корҳои назаррасе анҷом дода, дар назди ҳамагон соҳиби эътимод аст. Моро ин кифоя аст.

         Биёед сиёсисозии дини мубини Ислом, ба ҳизбу ҳарактҳо қисмат кардани онро як сӯ монда, баҳри ободонии ватани азиз камари ҳиммат бандем, фарзандонро таълиму тарбияи хуб диҳем, ҷавононро насиҳат кунем, бо меҳнати ҳалол зиндагӣ намоем. Дар ин ҳолат ҳам дунёву ҳам охирати мо обод мегардад. Чунонки гуфтаанд : «Дил ба ёру даст ба кор!».

Муҳаммадҷон Усмонов,

ходими дин

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:40
Пешин12:40
Аср15:14
Шом17:09
Хуфтан18:39
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Муфассалтар