Асосӣ Мақолаҳо ТАЪЛИМ ВА ТАРБИЯИ ФАРЗАНД АЗ НАЗАРИ ИСЛОМ

ТАЪЛИМ ВА ТАРБИЯИ ФАРЗАНД АЗ НАЗАРИ ИСЛОМ

ТАЪЛИМ ВА ТАРБИЯИ ФАРЗАНД АЗ НАЗАРИ ИСЛОМ
2021-06-10
213

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

        Таълим ва тарбияи фарзанд аз вазифаҳои муҳиммест, ки дини мубини Ислом ба он таъкид мекунад. Ин масъала дар фарҳанги мо тоҷикон низ мавқеи муҳим дорад. Дар урфият мегўянд: «Фарзанд  азиз бошад, одобаш аз он азизтар мебошад». Пас фарзанд чун дар ибтидо аз тарбият ва назорати вижаи волидон бебаҳра монад, хатари бесаводӣ ўро таҳдид мекунад, ки ин ҳол дар оянда сабаби парешонӣ ва хиҷолати волидон дар миёни ҷомеа ва итоб дар назди Худованд мегардад.

Чуноне, ки Пешвои миллат Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадащон қайд намуда буданд, ки: «Агар волидайн дар ин давра тарбияи кўдакро масъалаи содда шуморанд ва дар тарбияи фарзанд саҳлангорӣ намоянд, аз кўдак рафтори дуруст, тани солим, ахлоқи ҳамидаро набояд интизор шавем. Ҳар як хонаводаи тоҷик дорои хусусият ва шеваи махсус аст, ки дар воқеъ онҳо дар тафаккури кўдак инъикос гардида, ташаккули шахсияти онро муайян менамоянд. Тарбияи кўдак дар асоси ҷаҳонбинӣ, дониш ва шахсияти падару модар дар тафаккури кўдак мебошад».

Аз ҳамин лиҳоз зарур дониста шуд, ки дар ин масъала андаке ҳам бошад аз нигоҳи дини мубини Ислом ва сарчашмаҳои муътамади исломӣ, ки роҷеъ ба ин масъала бетараф  набуда, балки таъкидҳои фаровоне намудаанд ва волидайнро масъулини асосии фарзандон медонад, арзёбӣ намоем:

 Худованд дар Қуръони Карим мегўяд: «Ё айюҳаллазина оманў қў анфусакум ва аҳлийкум норан». Эй муъминон! Худ ва хонаводаатонро аз оташи дўзах наҷот диҳед.

Яъне, ҳар шахс бояд барои наҷоти аҳли хонаводааш чӣ дар дунё ва чӣ дар охират талош кунад. Онҳоро таълиму тарбият, соҳиби илму маърифат ва одоби инсонӣ намояд то дар оянда миёни мардумон хору залил  нагарданд, балки дорои обрўву иззат ва соҳиби эҳтиром бошанд.

Дар тафсири  ин ояти карима ҳадисеро аз Паёмбари Худо (с) меоранд, ки гуфтаанд: «Чун дар қиёмат ҳисобу китоби бандагон мешавад, фарзандоне ки аз волидон тарбияи хуб дидаанд ба онҳо мегўянд: Худованд шуморо беҳтарин подош бидиҳад чун моро дар дунё таълими илм намудед ва ба корҳои нек роҳнамоӣ карда аз корҳои нописанд манъ намудед, дар натиҷа худ ва моро наҷот додед. Аммо он фарзандоне ки тарбияи дурусти волидонро надидаанд, чунин садо мекунанд: Худованд ҳеҷ гоҳ ба шумо подоши нек надиҳад, ки моро тарбияи дуруст ва таълими илму одоб накардед, роҳи неку бадро ба мо нишон надодед, худ ва моро ба ҳалокат андохтед. Пас ҳамаи онҳоро Худованд равонаи оташи дўзах месозад».

Инчунин дар ҳадиси дигаре низ чунин омадааст: «Дар қиёмат азоби аз ҳама зиёдтар бар ононе аст, ки фарзандонро бедониш гузошта барои донишомўзии онҳо кўшише накарданд».

Дар тафсири «Ал-кашфу вал-баён»-и Имом Саълабӣ зери тафсири ин ояи карима ҳадисеро нақл кардаанд, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Онҳоро ба некиҳо далолат намуда аз бадиҳо манъ кунед, инаст нигоҳ доштани онҳо аз оташи ҷаҳаннам».

Ҳамчунин падару модар масъул ҳастанд, ки ба фарзандон номҳои некў гузоранд, то онҳо дар оянда назди мардум аз номҳои хеш дар хиҷолат набошанд, балки бо номҳояшон ифтихор намоянд.- Пас бояд падарону модарон аз гузоштани он номҳо худдорӣ кунанд.-  Чун фарзанд ба воя расид ўро аз хонадони бомаърифате соҳиби оила гардонанд.

Чунончӣ дар ҳадисе омадааст, ки: «Ҳаққи падар назди фарзанд номи хуб гузоридан, дониш омўзонидан ва чун болиғ шавад ўро соҳиби оила кардан мебошад».

Расули Худо (с) дар тарбияи фарзанд ибрати олӣ мебошанд, ки намунае аз онро Абу Ҳафс – Умар ибни Аби Салама (мурабибии Паёмбар) ривоят мекунад, ки: Ман дар кўдакӣ дар хонаи Расули Худо (с) будам, чун таом ҳозир мешуд ман аз ҳар гўшаи табақ луқма мегирифтам. Пас Расули Худо (с) маро хитоб карданд, ки: «Эй писарак! Ибтидо номи Худоро зикр кун ва бо дасти рост таомро аз назди худат бихур». Абў Ҳафс мегўяд: Пас аз ин ман ҳамеша ба ин дастур амал менамудам.

Ибни Умар (раз) мегўяд: Шунидам, ки Расули Худо (с) мегўянд: «Ҳар кадоми шумо чўпон ҳастед, ки аз раъиятатон пурсида мешавед, имом чўпон аст ва (ўро дар қиёмат) аз ҳоли пайравонаш пурсида мешавад, мард дар хонадонаш мисли чўпон аст ва дар бораи онҳо назди Худованд масъул аст, зан дар хонаи мард чўпон аст ва дар ҳифзи хонадон ва обрўи мард назди Худованд масъул аст, хидматгор дар моли хонаи соҳибаш чўпон аст ва дар он назди Худованд масъул аст, пас ҳар яки шумо чўпон буда дар бораи тобеонатон назди Худо масъул ҳастед».[4]

Ҳазрати имоми Аъзам (раҳ) – пешвои мазҳабамон низ дар тарбияи фарзанд намунаи ибрати мусалмонон мебошанд, ки то ба ҳол он насиҳат ва васиятҳое, ки ба фарзанди худ - Ҳаммод ибни Абўҳанифа кардаанд дар китобҳои исломӣ ҳамчун дастурамал мастур аст. Ибтидои он бо ин тарз баён шудааст:

«Фарзандам!

Худованд туро ба роҳи рост иршоду таъйид кунад. Мехоҳам туро чанд васияте кунам, то онҳоро ба ёд супорӣ ва дар амал пиёда кунӣ.

Аввлини он тақвост, ки аъзову ҷавореҳи худро ба хотири тарс аз Худо аз гуноҳон маҳфўз бидорӣ ва авомиру дастуроти Парвардгоратро ҷиҳати убудият ва бандагӣ ҳамвора ба ҷой оварӣ.

Дуввум ин ки он чиро эҳсос кардӣ, ки ба донистан ва омўхтани он муҳтоҷӣ, бештар худро дар ҷаҳлу нодонӣ магзор ва ҳарчӣ сареътар онро биёмўз.

Ҳеҷ гоҳ бо мусалмон ё зиммӣ душманӣ макун.

Ҳангоми бархурд бо мардум дар салом додан пешдастӣ намо, чун сухане гуфтӣ, некў бигў, бо мардуми хуб дўстӣ ва муҳаббат пеша кун ва бо бадон мудоро дошта бош.

Бо ҳамсоя хушрафторӣ намо ва бар озор ва азияти он сабр кун.

Мазҳаби суннат ва ҷамоатро ҳамвора лозим бигир ва аз ҷаҳилон ва гумроҳон бипарҳез.

Дар тамоми корҳо нияти худро холис гардон ва дар ҳар сурат кўшиш кун, ки ҳалол хурӣ».

Таълим ва тарбияи фарзанд аз назари донишмандони мутааххири исломӣ низ барканор намондааст. Онҳо дар асрҳои худ роҷеъ ба ин масъала ибрози ақида намудаанд. Аз ҷумла:

Имом Муҳаммади Ғаззолии Тўсӣ дар асари бузурги худ «Наиҳат-ул-мулук» фармудааст: «Падару модар ба мисли сарчашмае мебошанд, ки агар оби он мусаффо бошад, поёноб низ мусаффо хоҳад буд».

Пас барои ҳар падару модар зарўр аст, ки барои фарзандон намунаи олӣ бошанд ва қисмати тарбияи ононро бо рафтор ва кирдору муомилаи хуби байниҳамдигар адо намоянд, зеро кўдакон дар ҳоли хурдӣ аввал ононро мебинанд ва ахлоқи ибтидоиро аз онҳо мегиранд.

Инчунин дар китоби  дигараш «Айюҳал-валад», ки равонаи тарбияи кўдакон аст, Имом Ғаззолӣ мегўяд: «…Дуввумин хислате, ки бояд онро анҷом диҳӣ: Ончӣ барои мардум меписандӣ, ҳамонро барои худат биписанд ва ончиро барои худ намеписандӣ, барои мардум маписанд, зеро, ки Расули Худо (с) фармуд: Имон намеорад яке аз шумо то ин, ки дўст бидорад барои бародараш ончиро, ки дўст медорад барои худаш, яъне, ончиро, ки барои худ дўст надорад, барои бародараш ҳам дўст надорад».

Доктор Эрлич Варгения дар асари машҳўри худ «Кўдакони тезҳўш» чунин менависад: «Нақши волидайн дар зиндагии кўдаконашон чандгона ва ниҳоят мушкиласт, бо ин ҳол ин нақш маъмулан бо рағбат пазируфта мешавад. Волидайн таъминкунанда, парваришдиҳанда, мураббӣ ва таълимдиҳанда, намунаҳои ҳўшмандӣ ва иҷтимоӣ, барномарез, мудир, муфассир, чеҳраи коркушо, парварандаи алоқаҳо ва истеъдодҳои бо тахассус ва роҳнамоёни шуғлӣ ҳастанд. Онҳо бо дарк кардани нақши худ метавонанд таъсири созанда ва ё таъсири тахрибкунанда дар зиндагии кўдаконашон дошта бошанд».[7]

Аз ин гуфтаҳои боло маълум мешавад, ки волидайн бояд ҳамеша аз кору кирдори фарзандон огоҳӣ дошта, онҳоро на зери фишори сахт ва на беназорат қарор надиҳанд. Зеро, ки кўдакон ҳамеша ниёз ба шахсоне доранд, ки ба онҳо гўш диҳанд ва афкори онҳоро зери тамасхур нагирифта баръакс ба иқдомоти ояндасозии онҳо маслиҳатҳои муфид дода ба онҳо кўмак намоянд, дар ҳолатҳои лозима онҳоро навозиш ва меҳрубонӣ намуда ҳангоми рўҳафтодагӣ онҳоро таслият диҳанд.

Волидайн барои рафъи ниёзҳои фарзандони худ бояд саъйи худро дареғ надошта барои муҳайё кардани шароити хуби таҳсил,  омўхтани забонҳои хориҷӣ ва огоҳӣ аз дастовардҳои илмии муосир барномарезӣ кунанд. Вақт муайян намоянд, то бо муаллими фарзанд дар бораи дониш ва малакаву истеъдоди фарзандашон сўҳбат намоянд ва аз аҳволи ў дар мактаб бохабар бошанд.

Хулоса дар ин шароити ҳассос, ки илму технология чунин пешрафт намудааст, беназорат гузоштани фарзандон ва бемасъулиятии волидайн зарари миллату  ҷомеа ба ҳисоб меравад. Бояд бо масъулиятнок намудани волидайн ин масъалаи ҳалталаби рўзро ба низом даровард, то ояндаи дурахшони ватану миллат таъмин гардад.

Шарофиддин Фозилов

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:43
Пешин12:40
Аср17:41
Шом19:43
Хуфтан21:13
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Муфассалтар