Асосӣ Мақолаҳо МЕҲРУБОНИИ ПАРВАРДИГОРИ ОЛАМИЁН БА АҲЛИ БАШАР

МЕҲРУБОНИИ ПАРВАРДИГОРИ ОЛАМИЁН БА АҲЛИ БАШАР

МЕҲРУБОНИИ ПАРВАРДИГОРИ ОЛАМИЁН  БА АҲЛИ БАШАР
2022-01-18
1405

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

Тамоми башар аз меҳрубонии Парвардигори оламиён вуҷуд дорад. Меҳрубонии Парвардигор беохир аст. Яке аз меҳрубониҳои муҳиме, ки инсон бе он соҳиби ҳаёти солим шуда наметавонад, ин панду ҳикматҳо ва раҳнамоиҳои Худованди меҳрубон мебошанд, ки тавассути китобҳои муқаддасаш ба мардум фиристода шудаанд. Миёни онҳо Қуръони муқаддас сарчашмаи ҳамаи донишҳо буда, ҷавобгўи ниёзҳои мардум барои тамоми давру замонҳо аст. Ин баҳри бепоёни илму дониш маънавиёти инсонро бой гардонида, водор месозад, ки мо хулқу атвори некро соҳиб гардида, ба тамоми донишҳо солимона нигарем ва аз онҳо барои манфиату пешрафти ҳаётамон окилона истифода барем. Ҳар қадаре онро тавассути ақл дарёбем, ҳамон қадар кашфиётҳои нав ба навро пайдо мекунем, ки ба фоидаи инсоният мебошад.

Гиромитарин махлуқоти Худованди Меҳрубон мо бандагонаш ба ҳисоб меравем. Ў моро дар замини худ ҷой дода, бо тамоми лавозимот таъмин карда, шароитҳои мусоиди афзоишу инкишофамонро муҳайё сохтааст ва аз илму дониш таълим додаву раҳнамоӣ кардааст, то ки ҳаёти солимона дошта бошем. Ин аст қадршиносии беохири Парвардигор нисбат ба мо бандагонаш ва аз он мо бояд ҳар лаҳза шукргузор бошем.

Худованд мефармояд:

  «Ва ба дурустӣ ки дар замин ба шумо ҷой додем ва дар он ҷо барои шумо асбоби маишат пайдо кардем; андаке шукр мекунед». (Сураи «Аьроф», ояти 10).

Худованди Офарандаи тамоми олам дар дунёи халқкардааш мо бандагонашро ҷонишини Худ гузошта, бо тамоми воситаҳои ҳаёти инсонӣ таъмин намудааст. Ҳар қадаре тавассути илм пешравӣ намоем, аз тамоми мавҷудоту махлуқот фоидаҳои зиёд ба даст оварда метавонем, ки ин боиси осоиштагиву ободии ҳаёти ҷомеа мегардад. Парвардигор мавҷудоту махлуқотро дар ихтиёри мо гузоштааст. Мо метавонем аз баъзеашон истифода намоем ва баъзеи дигарашонро нигаҳбон бошем, то ки дар натиҷаи офатҳои табии ва аз дасти шахсиятҳои ҷоҳилу сангдил ба нестиву нобудӣ нараванд.

Худованди бузург мефармояд:

«Оё надидед, ки Худо он чиро, ки дар осмонҳо аст ва он чиро, ки дар замин аст, барои шумо ром гардонид ва неъматҳои ошкору пииҳони Худро ба шумо ба тамом фуруд овард. Ва аз мардум касе ҳаст, ки ба ѓайри дониш ва ба ѓайри ҳидоят ва ба ѓайри Китоби Равшан дар боби Худо ҷидол мекунанд. (Сураи «Луқмон», ояти 20).

Ҳамду сано ба Худованде, ки осмонҳову замин ва ҳар он чиро, ки миёни онҳо вуҷуд дорад, офаридааст ва дар ихтиёри мо гузоштааст. Парвардигор баъзе аз неъматҳояшро дар олами худ ба тариқи ошкоро пешкаши бандагонаш кардааст. Бархе дигар, ки пинҳонанд, танҳо тавассути илму дониш дарёб карда мешаванд, ба монанди дастовардҳои илмӣ-техникие, ки инсоният ба онҳо ноил мегардад. Худованд инсонеро, ки тавассути илму дониши Китоби Равшангар метавонад шоистаи Худопарастӣ гардад ва аз ҳидоятёфтагон бошад, хуб баён намудааст. Бо амри Аллоҳ, дуруст аст, ки бисере аз мардумон бе доштани ягон донише аз ин Китоби муқаддас дар бораи Худо гумонҳои аз ақл берун мекунанд, дар дарки Худованд бо фикрҳои беасос зиддият намуда, миёни одамон тафриқаандозӣ мекунанд ва сабабгори пайдошавии муноқишаву зиддиятҳои байни мардумон мегарданд. Худованд аз нияту мақсадҳои нопоки ин гуна одамон огоҳ буда, дар ояти худ равшан баён кардааст, то ки панд гирифта, онҳоро фарқ кунем ва парҳезгор бошем. Парвардигор моро огоҳ кардааст, ки дар тамоми давру замон шахсони бедонишу аз ҳидояту раҳнамоиҳои Ҳақ дур монда сабаби ҷангу ҷидолҳо ва нооромиҳои ҷомеаву мардум мегарданд. Ин оят беҳтарин далели он аст, ки инсон бояд ҳамеша дар роҳи омўзиши илму донишҳо қарор дошта, маданияту маърифати худро доимо такмил диҳад, то аз роҳи фармудаҳои Худованд, ки роҳи ҳаёти солимонаи инсонӣ аст, берун набарояд. Ҳар чӣ инсон аз меҳрубониву неъматҳои Худованд бештар баҳраманд гардида, дар худ сифатҳои беҳтарини ахлоқиро пайдо намояд, ў ҳамон қадар дар тарбияи насли инсонӣ саҳмгузор шуда метавонад.

Парвардигори Оламиён тамоми офаринишашро бо меҳру муҳаббати Худ офаридаву ба ҳастӣ оварда, ҳаёт бахшидааст. Ба мо одамиён бахшояндагии Парвардигор, ки нишонаи меҳрубониву ѓамхории Ўст, зиёдтар мебошад, то ки аз он панд гирифта, меҳрубононаву дўстона бо ҳам ҳаёти солимона ба cap барем. Агар Худованди Мутаъол сифати беҳтарин - бахшояндагиро намедошт, ҳеҷ гоҳ мо бандагонашро, ки бо нафс офаридааст, озод намегузошт ва тамоми инсониятро барои амалҳои куфру ширки аз нодонӣ, фаромўшхотирӣ ва дидаву дониста кардашуда сазовори ҷазо карда, ба нестӣ мебурд. Лек бахшояндагии Аллоҳ сабаб аст, ки то рўзи Қиёмат барои дарк намудани гуноҳҳо ва тавба ба бандагонаш муҳлат додааст.

Худованд фармудааст:

«Магар касе, ки Парвардигори ту бар вай раҳм кардааст ва онҳоро барои ин (ихтилоф) офаридааст...» (Сураи «Ҳуд» ояти 119).

Вақте ки Худованди Мутаъол ба фариштагон амр кард, ки Ман дар замин одамро меофаринам, онҳо огоҳ буданд, ки одам бо ақлу нафс буда, дар интихоби роҳу ҳаёт озод гузошта мешавад ва даст ба фасоду хунрезиҳо мезанад. Тавоноии фариштаҳо нисбат ба одам маҳдудтар аст. Дар фариштаҳо нафс ва ақли инсонӣ вуҷуд надорад. Мо одамиён аз тамоми махлуқот бо ақли расо ва ҷасади тавонову зебо фарқ мекунем, ки ин зуҳуроти меҳрубонии Парвардигори оламиён дар ҳаққи мо бандагонаш мебошад. Фариштаҳо ҳамеша дар итоати Парвардигори оламиён буда, фармудаҳояшро муқаддас шуморида, ба покӣ ёд мекунанд ва ҳеҷ гоҳ аз амраш саркашӣ намекунанд.

Худованд амр намудааст:

«Ва (ёд кун) чун Парвардигори ту ба фаришгагои гуфт: «Ман ҷонишине дар замин меофаринам». Гуфтанд: «Оё дар он ҷо касеро меофаринӣ, ки дар вай табоҳӣ (фасод) кунад ва хун бирезад? Ҳол он ки мо бо ҳамд Туро ба покӣ ёд мекунем ва Туро муқаддас медорем!». Фармуд: «Ҳамоно Ман он чизеро медонам, ки шумо намедонед»». (Сураи «Бақара» ояти 30).

Худованд беҳтарин нақшаро дар офариниши одам кашида ва аз он фариштагонро огоҳ сохт. Инкишоф ва тараққиёти рўзафзуни инсоният далели бебаҳси олитарин будани ин нақшаи Худованд ва амалӣ гардидани он аст. Дар ҳақиқат, Парвардигор дар офариниши одам пешомади хуби инсон ва ҷомеаи инсониро хеле хуб медонист ва тарҳрезӣ намуда буд. Ин буд, ки Худованд ба фариштагон фармуд: «Ҳамоно ман чизеро медонам, ки шумо намедонед». Бе шаку шубҳа ҳеҷ дигаргунӣ ва пешравие бе хост ва розигии Худованд ба вуҷуд намеояд ва тамоми он дастовардҳое, ки ҷомеаи инсонӣ ба он ноил гашта истодааст, ҳанўз ҳангоми тарҳрезии офариниши одам ба нақша гирифта шуда буд. Яке аз зуҳуроти амалӣ гардидани ин нақшаи Худовандӣ инкишофу тараққиёти ҷомеаи инсонӣ дар асрҳои охир мебошад.

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:39
Пешин12:40
Аср15:14
Шом17:09
Хуфтан18:39
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Муфассалтар