НАЗОРАТИ ИСТИФОДАИ ИНТЕРНЕТ БОЯД МАСЪУЛИЯТИ ВОЛИДАЙН БОШАД
Ба номиХудованди бахшояндаву меҳрубон
ҳамду сано Худованди якторо ва дуруду салом ба Расули акрам (с) ва хонадону ёрони ў бод.
Эҳтиром гузоштан ба неъматҳои бебаҳо, аз ҷумла истиқлолияту давлатдории миллӣ вазифаи ҳар як шахси баору номуси тоҷик мебошад. Махсусан ин рабт дорад ба ҷавонон, ки онон давомдиҳандаи амалҳои неки волидону устодон ба шумор мераванд. Таҳлилҳо нишон доданд, ки яке аз сабабҳои рушди ин ё он кишвар аз босаводу бомаърифатии қишри ҷавони ҷомеа сахт вобастагӣ дорад. Бинобар ин, ин насл бояд бо рафтору кирдору ахлоқи неки худ ҳифзкунандаи арзишҳои миллӣ ва суботи миллати худ бошад. Беш аз наваду нуҳ фисади мардуми Тоҷикистон, ки пайрави дини мубини Ислом ҳастанд, бояд фаромӯш насозанд, ки дини Ислом ҳамчун дини поку беолоиш дар тарбият додани ҷавонон ва амнияту оромӣ нақши бузург дорад. Ҷавонон бо неруи созандае, ки доранд бояд ин неруи ғаниматро самаранок истифода кунанд. Таърих исбот сохтааст, ки миллати тоҷик аз қадимулайём то ба имрӯз дорои хислатҳои худшиносиву ватандўстӣ, урфу одат ва маданияти воло буду имрӯз низ ин рисолатро аз даст надодааст. Исботи ин гуфтаҳо он фарзандони баору номус ва олимоне, ки бо беҳтарин амалҳояшон то имрӯз номашон дар таърих бо ҳарфи заррин сабт гардидааст, мебошанд. Аз ҷумла метавонем дар ин радиф номи Асосгузори адабиёти муосири тоҷик устод Айниро ёдовар шавем, ки барои ҳимояи вожаи «тоҷик» ё миллати тоҷик чи қадар заҳмату ҷоннисориҳо кардааст.
Имрӯз дар рӯзгори мо яке аз сарчашмаҳои муҳими дастрасӣ ба иттилоъ интернет маҳсуб мешавад. Имрӯз дар баробари он ки мо аз интернету шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун дастовард истифода мекунем, аммо як нуктаро бояд ба инобат гирифт, ки ин дастовард дар баъзе ҳолатҳо мушкилзо низ буда метавонад. Зеро фазои маҷозӣ як фазои идоранашаванда маҳсуб гардида, дар он ҳар лаҳза иттилои гуногун ҷойгир карда мешавад, ки мутолибаи на ҳамаи он ба манфиати хонанда, бахусус насли наврас ва ҷавонон мебошад. Дар баъзе ҳолатҳо мутаассифона яке аз сабабҳои ҷалби ҷавонон ба ҷараёнҳои тундрав низ маҳз интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ маҳсуб мешавад.
Дуруст аст, ки ҷавонон ба сифати нерўи созанда бо истифодаи пурсамар аз технологияи муосир, хусусан интернет ва бо андешаи солими худ метавонанд дар рушди ҷомеа саҳмгузор бошанд ва идеяву созандагии ҷавонон метавонад барои бунёди давлату ҷомеаи солим мусоидат намояд. Аммо агар Худо накарда, як ҷавоне дар натиҷаи истифодаи нодурусту танзимнашудаи интернет фирефтаи ким кадом як гурӯҳи манфиатҷӯ гардад, ин омил метавонад дар оянда ба ваҳдату оромии кишвар хатар эҷод менамояд. Бинобар ин падару модаронро зарур аст, ки танзиму назорати истифодаи интернет аз ҷониби фарзандонро ба ҳайси як бахши ниҳоят муҳими барноми тарбиявии худ бипазиранд, то фарзанди онҳо дар оянда “Боғи падар” бошад, на баръакс.
ҳазрати Паёмбар (с), бархе роҳнамоиҳои худро ба ҷавонон равона мекарданд. Он ҳазрат (с) ба Ибни Аббос, разияллоҳу анҳу, фармуданд:
«Эй ҷавон, ман туро якчанд панде биомўзам: (ҳудуди) Худоро нигоҳ дор, то Худо туро нигоҳ дорад; (ҳудуди) Худоро нигоҳ дор, то Ўро дар рў ба рўят биёбӣ. Ҳар гоҳ чизе талаб кунӣ, аз Худо талаб кун, ҳар гоҳ ёрӣ биҷўӣ аз Худо ёрӣ биҷў. Ва бидон, ки агар ҳамаи мардум ҷамъ шаванд, то туро ба чизе ёрӣ расонанд, ёрӣ расонида наметавонанд, магар ба он чизе, ки Худо бар ту навиштааст; ва агар ҳамаи мардум ҷамъ шаванд, то ба ту зарар расонанд, зараре расонида наметавонанд магар ба он чизе, ки Худо бар ту навиштааст, қаламҳо бардошта шудаанд ва номаҳо хушк шудаанд». (Ривояти Тирмизӣ)
Фарзандон амонати сангине мебошанд, ки аз ҷониби Худованд ба падару модар супорида шудаанд. Онҳо ояндасозони ҳар ҷомеа маҳсуб мешаванд ва хубу бади ҷомеа ба чигунагии тарбияи онҳо вобаста аст. Саъдии бузургвор дар мавриди тарбияи фарзанд мегўяд:
Чу хоҳӣ, ки номат бимонад ба ҷой,
Писарро хирадмандӣ омўзу рой.
Ки гар ақлу раъяш набошад басе,
Бимириву зи ту намонад касе.
Аз ин ҷо равшан мегардад, ки масъулияти падарону модарон хеле сангин аст, чунки сарнавишти ҷомеа ба дасти онҳост, зеро хонавода мисли як мадрасае аст, ки афроди ҷомеа дар он тарбият мешаванд ва падару модар дар он мадраса нақши муаллимро доранд.
Пас солимии ҷомеа ба чигунагии фаъолияти ин маркази тарбиявӣ ва муаллимҳои он вобаста аст. Яъне агар хонавода муҳити солим дошта бошад ва падару модар худ аз маърифати комил бархурдор бошанд, метавонанд афроди солим ва муфидеро равонаи ҷомеа созанд, вагарна фарзандони ҷавон тарбиянаёфта ба ҷомеа ворид хоҳанд шуд.
Бешак ҳар падару модар фарзанди худро дўст медорад ва мехоҳад, ки фарзандаш ахлоқи хуб дошта бошад, аз падару модар итоат кунад ва ҳамчун шахсияти муфиде барои ҷомеа ба бор ояд. Аммо ин чиз фақат ба хостан намешавад, балки барои амалӣ шудани ин хостаҳо ва орзуҳо бояд падару модар вазифаи худро дар баробари фарзандон ва ҷомеа бишносанд ва мувофиқи он амал кунанд.
Хушбахтона бо лутфи Худованди меҳрубон мо пайрави оине ҳастем, ки беҳтарин тавсияҳо ва роҳнамоиҳоро дар тамоми масоили зиндагӣ баён кардааст. Хусусан дар масъалаи тарбияи ҷавонон ва вазифаҳои волидайн, дини муқаддаси Ислом таъкиди хосе дорад ва беҳтарин ва саҳеҳтарин равишҳои тарбиятиро нишон дода, хурдтарин масъалаҳо ва дақиқтарин нуктаҳоро дар ин мавзуъ баён доштааст.
ҳамаи ҳастӣ дар қабзаи қудрати Худованди ягона аст ва ҳар чизе, ки Ў бихоҳад, ҳамон мешавад.
Дигар мақолаҳо
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
Муфассалтар