Рамазон – моҳи раҳмат ва бахшишу эҳсон

Рамазон – моҳи раҳмат ва бахшишу эҳсон
Сипос ва ситоиш Худованди Меҳрубонро, ки боз моро ба истиқболи моҳи мубораки Рамазон мушарраф гардонид. Моҳе, ки дар он Қуръон фуруд омадааст ва дар он шабест, ки тоати он беҳтар аз ибодати ҳазор моҳ аст. Худованд дар каломи хеш мефармояд: «Рамазон моҳест, ки дар он Қуръон фиристода шудааст, то ки барои мардум раҳнамо, нишонаҳои ҳидоят ва ҷудосозандаи (ҳақ аз ботил) бошад. Пас касе аз шумоён ин моҳро дарёфт, бояд рӯза бигирад. Агар касе бемор, ё дар сафар бошад, пас шумори рӯзаро дар айёми дигар адо намояд. Худованд бо шумоён осониро мехоҳад ва хоҳони душворӣ нест". ("Бақара", 185)
Дар ин моҳи муборак дарҳои Биҳишт кушода шуда, дарҳои дӯзах баста ва шайтонҳо занҷирбанд мешаванд. Расули акрам (с) дар фазилати ин моҳ чунин гуфтаанд: "Рамазон ин моҳи пурбаракат ба шумоён фаро расид. Моҳе, ки Худованд шуморо дар зери пӯшиши навозишҳои худ қарор медиҳад, раҳматашро ба шумо фурӯ мерезад ва дуоятонро иҷобат менамояд. Бо аъмоли нек ва рақобатҳои хайри шумо дар ин моҳ назар меафканад ва бо шумоён дар миёни фариштагон ифтихор менамояд. Пас шумоён аз худ хайру некиро ба Худованд нишон диҳед. Бадбахт ҳамон касест, ки дар ин моҳ аз раҳмати Худованди азза ва љалла маҳрум гардад".
Худованд барои афзудани баракати моҳи Рамазон рӯзаи онро ба мӯъминон фарз гардонидааст. Ҳазрати Муҳаммад (с) дар як ҳадиси мубораки худ фармудаанд: "Агар умматони ман фазилатҳои моҳи Рамазонро медонистанд, орзу мекарданд, ки тамоми сол моҳи Рамазон бошад».
Аз Салмони Форсӣ (р) ривоят аст, ки Пайғамбар (с) дар охирин рӯзи моҳи Шаъбон чунин хутбае эрод намуданд:
-"Эй мардум! Инак моҳи бузург ва мубораке дар сари шумоён соя афканда аст. Моҳе, ки як шаби он (Лайлатулқадр) аз ҳазор моҳ беҳтар аст. Моҳе, ки Худованд рӯзаашро фарз ва қиёми шабашро татаввӯъ (нафл) гардонидааст. Касе дар ин моҳ амали некеро ба ҷо орад, (савобаш) баробари он аст, ки фаризаеро дар дигар моҳҳо анҷом дода бошад. Касе, ки фаризаеро дар он ба ҷо орад, баробари ҳафтод фарз дар моҳҳои дигар аст.
Рамазон моҳи сабр аст ва мукофоти сабр биҳишт аст. Ин моҳ моҳи дастгирист. Моҳест, ки дар ризқи бандаи мӯъмин афзоиш ва баракат ба вуҷуд меояд. Касе рӯзадореро ифтор диҳад, он боиси мағфирати гуноҳон ва сабаби озодии ӯ аз оташи дӯзах мегардад ва баробари он рӯзадор ба ӯ низ аҷр дода мешавад (бе он ки аз савоби он рӯзадор чизе кам шавад).
Гуфтанд: «Эй Расули Худо (с), на ҳамаи мо имкони ифтордиҳӣ дорем.
Он Ҳазрат (с) фаруданд: «Худованд барои касе, ки рӯзадореро бо хурмо ё бо ҷуръаи об ва ё шир ифтор диҳад, ин савобро ато мекунад».
Ҳар фарди мусулмон бо шавқу рағбати беандоза омадани Рамазонро интизор мекашад ва барои он омода мешавад, зеро дуоҳои бандагон дар ин моҳ мустаҷоб буда, савоби ҳар амале ҳафсад дараља ва аз он зиёдтар аст. Чунончи Ҳазрати Пайғамбар (с) дар ҳадиси қудсӣ фармудаанд. "Ҳар амали неке, ки фарзанди Одам анҷом медиҳад, аз даҳ некӣ то ҳафсад баробар зиёд карда мешавад, ба љуз рўза, зеро рўза барои Ман аст ва подоши онро Ман худ медиҳам, чунки рӯзадор шаҳвату таомашро аз барои Ман тарк намудааст".
Дар ҳадиси дигаре Паёмбари акрам (с) чунин таъкид кардааст: "Касе моҳи Рамазонро аз рӯи имон ва ба умеди аҷру савоби Худованд барпо дорад, гуноҳони гузаштаи ӯ бахшида мешаванд".
Рамазон моҳест, ки аввали он раҳмат, миёни он мағфират ва охираш халосӣ аз оташ аст. Касе, ки ба хидматгори худ дар ин моҳ сабукӣ орад, Худованд ӯро меомурзад ва аз оташ озодаш месозад. Ҳар касе рӯзадореро обе диҳад, Худованд ӯро аз ҳавзи ман шарбате бинӯшонад, ки то ворид шудан ба ҷаннат дигар ташна нагардад".
Моҳи Рамазон барои ибодату дуо ва амалӣ шудани ниятҳои нек беҳтарин фурсат ба шумор меравад, зеро дар ҳадиси набавӣ зикр шудааст: "Дуои шахси рӯзадор ҳаргиз рад карда намешавад".
Дар ин моҳ бештар анљом додани чор амал подоши басо гарон дорад, ки бо дутои он Парвардигор хушнуд мегардад ва бо ду хислати дигар барои худи банда зарурӣ мебошад. Он ду хислате, ки боиси хушнудии Парвардигор мешавад, яке гувоҳӣ додан аст, бар ин ки "Ҳеҷ худое ба ҷуз Аллоҳи ягона вуҷуд надорад" ва дигар аз ӯ мағфират хостан аст. Аммо он ду хислате, ки барои худи бандагон зарурӣ аст, аввал ҷаннатро аз Худованд хостан, дувум аз оташи дӯзах ба ӯ паноҳ бурдан.
Парвардигории меҳрубон ба ҳамаи мо тавфиқу ҳидояти комил ва баҳравар шудан аз фазилатҳои ин моҳи муборакро насибу рӯзӣ гардонад.
Суханронии Президент
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
Муфассалтар