Асосӣ Мақолаҳо Таҳаммулпазирӣ дар ислом

Таҳаммулпазирӣ дар ислом

Таҳаммулпазирӣ дар ислом
2018-08-03
2560

«Муносибати дуруст бо арзишҳои маънавӣ ва эътиқодӣ дар паҳнои манфиатҳои умумидавлатӣ гарави таҳкими ваҳдати миллӣ ва суботу оромии ҷомеа мебошад». Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Дар баробари афрод, равия, гурӯҳ ва ҳизбҳое, ки амалиётҳои ифротӣ ва террористиашонро зери ниқоби ислом пӯшиш дода, номи дини исломро назди намояндагони дигар динҳои ҷаҳонӣ баду манфур ҷилва медиҳанд, боз нафароне ҳам пайдо мешаванд, ки ноогоҳона ё амдан осонгирӣ ва таҳаммулпазирии дини исломро нодида мегиранд ва бар дигар мусулмонон дар анҷоми аҳкоми шаръӣ-ибодатӣ бо бархӯрди шадид мувоҷеҳ мегарданд.

Гурӯҳи аввал мавқеи худро ҳамчун падидаи номатлуб ва барои зиндагии осоиштаи мардум хатарзо дар ҷомеа ба даст овардааст, ки ҳар нафари боандеша ва дурандеш намояндагони ин гурӯҳро аз нигоҳи тангу яктарафа ва рафтору гуфтори хашину исломситезонаашон ташхис дода метавонад.

Ҳарчанд намояндагони равия, гурӯҳ ва ҳизбҳои террористиву экстремистӣ сурати инсонӣ ва зоҳири исломӣ дошта бошанду худро ҷузъи ҷудонашудаи ҷомеа ба қалам диҳанд, ҳам чи тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон таъкид мекунанд, ки: «онҳо ягон дину мазҳаби мушаххас, пайдоиши этникӣ, миллат ва ҷойгиршавии доимии ҷуғрофӣ надоранд».

Гурӯҳи дуюм бо рафторҳои мутаассибонаи худ дар бадном кардани дини ислом ва замина фароҳам овардан ба равия, гурӯҳ ва ҳизбҳои террористиву экстремистӣ мусоидат мекунанд. Афроди мутаассибро ва исломситезро бошад бештар муллоҳои камсаводу тамаъҷу иваз менамоянд. Инчунин, ба ин дард ҷавонони гумроҳи бесавод, ки бо восита (муҳоҷирати меҳнатӣ, интернет, шабакаҳои телевизионии моҳвораӣ ва ғайра)-е дониши андаки сатҳии исломӣ гирифтаанд, гирифтор мешаванд. Онҳо мафҳуму мазмуни аҳкоми шаръиро дуруст дарк накарда, ба арзишҳои бегона тақлиди кӯркӯрона мекунанд ва дигаронро низ ба анҷоми он маҷбур месозанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш, ки бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон доштанд (12.05.2018), аз падидаи мазкур изҳори нигаронӣ карда, гуфтанд: «Баъзе шаҳрвандони мо рӯзаро нишонаи аслии имон дониста, шахсони бемор ва дигар одамонеро, ки имкон надоранд, ба рӯза гирифтан маҷбур мекунанд».

Мутаассибон нафаронеро, ки аҳкоми шаръиро бо сабабҳое тарк кардаанд ё дар анҷомашон ба хатогӣ роҳ додаанд, ба куфру кофирӣ муттаҳам намуда, аз дини ислом берун меҳисобанд. Ин амал миёни рӯҳониён, домуллоҳо ва воизон низ ба мушоҳида мерасад. Аз ин рӯ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш дар конфронси бахшида ба 1310-солагии Имоми Аъзам (дар мавзуъи «Моҳияти таҳаммулпазирии мазҳаби Имоми Аъзам ва вазъи дин дар кишвар») изҳори нигаронӣ карда буданд: «.дар мавъизаҳои баъзе муллоҳои зоҳирбини мо садои ба куфр ҳукм кардани мусулмонон ва ҳатто кофир эълон кардани якдигар баланд мешавад, ки чунин рафтор комилан хилофи мазҳаби Имоми Аъзам аст».

Худованд бандагонашро ба умуре, ки дар он машаққату нороҳатии зиёд вуҷуд дошта бошад, вазифадор накардааст, балки дини худро бо манзури меҳру муҳаббат ва осонгирӣ нозил кардааст: «Худо барои шумо осониро мехоҳад ва барои шумо душвориро намехоҳад» (Бақара, 185) ва «Худо мехоҳад, ки (корро) аз шумо сабук кунад. Ва инсон заиф офарида шудааст» (Нисо, 28);.

Дини ислом пайравонашро ба корҳое маҷбур намекунад, ки тавони анҷоми онҳоро надошта бошанд. Масалан, дар шариат анҷоми намози панҷвақта фарз (ҳатмӣ) буда, худи намоз рукнҳое, монанди қиём (рост истодан), рукуъ (то миён хам шудан), саҷда (нишаста пешониро ба замин расонидан) ва ғайра дорад, ки анҷоми онҳо низ фарз аст. Аммо ислом касеро, ки бемор асту аз иҷрои рукнҳои гуфташуда баромада наметавонад, маҷбур намесозад. Шариат муайян кардааст, ки агар бемор рост истода намоз хонда наметавонад, нишаста намозашро хонад ва агар нишаста наметавонад, яъне бемори бистарист, дар бистари хобаш хонад ва агар саҷда карда наметавонад, бо ишора онро анҷом диҳад. Дар мавриди додани закоти мол, анҷоми маросими ҳаҷ, гирифтани рӯзаи моҳи шарифи Рамазон ва соири ибодот ҳамин ҳукм роиҷ аст. Худованд дар Қуръон дар мавриди мазкур овардааст: «Худо бар ҳеҷ кас ҷуз ба андозаи тавоноиаш воҷиб намекунад» (Бақара, 286).

Ҳатто агар нафаре яке аз аркони исломро тарк кард, намоз нахонд, рӯзаи моҳи шарифи Рамазон нагирифт, аз дини ислом хориҷ намешавад, яъне кофир намешавад. Имоми Аъзам Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит, ки асосгузори мазҳаби таҳаммулпазири ҳанафӣ аст, дар такя ба оятҳои қуръонӣ ва аҳодиси набавӣ таркунандаи амалро кофир ҳукм намекунад: «Амал ҷузъи имон нест ва имон амал не, ба ин далел, ки бисёр вақтҳо амал аз муъмин бардошта шавад. Ва гуфтан ҷоиз нест, ки имон аз муъмин бардошта шудааст. Пас, Худои пок ва баландмартаба аз зани дар ҳолати ҳайзбуда намозро бардоштааст ва гуфтан ҷоиз нест, ки Худои таоло аз ӯ имонро бардошта ё ӯро ба тарки имон амр кардааст. Пайғомбар (с) ба ӯ (зани ҳоиз) гуфт: «Рӯзаро [дар муддати ҳайз] тарк кун ва сипас қазояш дор!» Ва гуфтан ҷоиз нест, ки имонро тарк кун, баъд аз он қазояш дор. Ҷоиз аст, ки гуфта шавад: бар фақир закот [фарз] нест ва гуфтан ҷоиз нест, ки: бар фақир имон [фарз] нест» («Васиятнома»).

Дини ислом такфири дигар мусулмононро қатъиян маҳкум намуда, дар бораи нодуруст будани он як қатор оятҳои қуръонӣ ва ҳадисҳои набавӣ низ мавҷуданд. Ногуфта намонад, ки дини ислом ба рафтори нарму муносибати инсонгароёна нисбат ба пайравони дигар динҳо низ амр кардааст. Дар мавриди мазкур Ҷалолуддини Балхӣ дар асари безаволаш «Маснавии маънавӣ» мегӯяд:

Ҳеҷ кофирро ба хорӣ мангаред,

Ки мусулмон мурданаш бошад умед.

Чӣ хабар дорӣ зи хатми умри ӯ?

То бигардонӣ аз ӯ якбора рӯ.

Дарки нодурусти арзишҳои маънавӣ ва эътиқодӣ ба таассубу ифрот оварда, боиси нооромии ҷомеа мегардад. Дар ин маврид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармудаанд: «Муносибати дуруст бо арзишҳои маънавӣ ва эътиқодӣ дар паҳнои манфиатҳои умумидавлатӣ гарави таҳкими ваҳдати миллӣ ва суботу оромии ҷомеа мебошад». Яъне агар нафароне, ки ба анҷоми аҳкоми шаръӣ дигаронро маҷбур ва дар ҳаққашон ҷабр мекунанд, сари таъкидҳои Пешвои миллат ва ояти мазкур, ки Худованд дар китобаш – Қуръон ба бандагонаш амр фармудааст, андешанд, барои бародарону хоҳарони мусулмонашон ҷабр намекунанд, онҳоро кофир намехонанд: «Барои дин ҷабр кардан (раво) нест» (Бақара, 256).

Маъруф Шонасурдинов, 

мудири бахши таҳсилоти динии Кумитаи дин

Қотилон- хоинони миллату ватан

Имрӯзҳо Ҷумҳурии азизамон Тоҷикистон таҳти сиёсати пешгирифтаи абармарди сиёсат, Қаҳрамони миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз давлатҳои пешрафта, орому осуда ва бехатар ба амнияти сокинон маҳсуб мешавад.  

Пешрафти соҳаҳои мухталифи кишварамон ва татбиқи се ҳадафи бузурги стратегӣ ба ҳамагон равшану возеҳ аст. Собитқадамона бунёд гардидани иншооти аср-НБО Роғун, бунёду таъмири чандин роҳу пулҳои дароз, таъмини амнияти озуқавории кишвар аз зумраи он корҳои ободоние мебошанд, ки шаҳрвандон ва ҳатто меҳмонони бурунмарзӣ, ки ба ҳайси сайёҳ ба Ватан ворид мешаванд, дар зери осмони софи ин Ватан, чашмаҳову рӯду дарёҳо равони он ба чашми нек менигаранд.

Соли ҷорӣ дар кишварамон “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон шудааст. Навобаста аз дастовардҳои чашмрас дар роҳи рушди ин бахши муҳим мутаассифона бори дигар аён гашт, ки баъзе аз афроди беватану ба Ватану миллат хиёнаткарда мехоҳанд ин суботу амниятро халалдор созанд.

Хабари мудҳиши ҳуҷум намудани душманони миллат, гурӯҳи мусаллаҳи ҷинояткорони ташкилоти экстремистию террористии ҲНИ дар шоҳроҳи Кӯлоб – Душанбе дар ҳудуди деҳаи Сафобахши Ҷамоати деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба сайёҳони хориҷӣ касро бетараф гузошта наметавонад. Ин ҳодисаи басо нанговар буда, аз ҷониби душманони Ватану миллат тарҳрезишуда ба шумор меравад.

Зеро дидаву дониста дар “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар дохили кишвар ба вуқӯъ омадани куштори сайёҳони хориҷӣ ин нодида гирифтани пешрафти мамлакат, сарҷамъии мардум, тинҷиву осудагии имрӯзаи хурду бузурги халқи мо аз ҷониби нохалафони ҳизби террористиву экстремистии наҳзат мебошад. Онҳо бояд донанд, ки ҳеҷ ба мақсадашон намерасанд. Дар хусуси ин ҳодисаи нанговар-ҳамла ба сайёҳон дар шарҳи расмии Вазорати корҳои дохилӣ  низ ба маврид зикр ёфтааст.

Ин ҳодисаи охир бори дигар исбот намуд, ки ТЭТ ҳизби наҳзат таҳти роҳбари Кабирӣ ҳеҷ гоҳ тинҷиву осудагии Ватани азизи моро намехоҳад ва чашмашонашро хун гирифта, мехоҳанд ҳар лаҳза ва ё бо баҳонае давлати моро дар дохил ва хориҷи кишвар беобрӯ намоянд. Тарҳрезӣ намудани ин гурӯҳ аз ҷониби ТЭТ ҳизби наҳзат худ гувоҳӣ он аст. Куштори сайёҳи бегуноҳ ин хиёнат ба Ватан мебошад. Касе, ки ин амалро ба анҷом расонид, хоини миллату Ватан аст. Ин ҷиноятпешагон бояд бидонанд, ки бо ин кирдорашон ҳеҷ гоҳ наметавонад, ки обрӯву нуфузи давлату миллати тоҷикро паст зананд.

Бо ин кирдори худ пайравони ТЭТ ҲНИ собит сохтанд, ки онҳо натанҳо ба давлату миллати худ, балки ба ҷомеаи ҷаҳонӣ хатар эҷод мекунанд. Бо дарназардошти ин, кишварҳои хориҷ бояд сари ин нукта биандешанд ва Кабирии хоинро аз марзҳои худ биронанд ва барои дастгир намудани ӯ ва супоридан ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвари Тоҷикистон мусоидат намоянд.

Зеро ӯ бояд дар назди Қонун, дарназди халқу Ватан ва хурду бузурги ин миллат аз гуноҳҳои кардааш ҷавоб диҳад.

Суҳроб Рустамзода ,

мудири шуъба оид ба корҳои дин,

танзими анъана ва ҷашну маросимҳои

миллии МИҲД-и вилояти Суғд

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:45
Пешин12:40
Аср15:12
Шом17:07
Хуфтан18:37
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Муфассалтар