Рафтори салафиҳо дур аз ислом аст
Солҳои охир равияи ифротии салафия дар ҷумҳурӣ реша давонида, ба воситаи зархаридон ақидаҳои ботили он паҳн мегарданд. Калимаи салафия аз феъли арабии «салафа» гирифта, маънояш ибтидо, аввалин аст. Он ҳамчун ҷараёни ифротгарои динӣ-ахлоқӣ дар заминаи равияи сунизм дар асри XV аз таълимоти олими мусулмон Ибни Таймия ба вуҷуд омадааст, ки ба баргаштан ба замони ҷамоаи Мадина (622-630) даъват менамояд. Яке аз тарғибгарони маъруфи салафия Ибни Абдулваҳҳоб — асосгузори ҷараёни ваҳҳобия шинохта шудааст.
Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2009 бо дархости Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ҷараёни «салафия»-ро ҳамчун ҷараёни ифротгаро дар Тоҷикистон мамнуъ эълон кард.
Мувофиқи фикру ақидаҳои донишмандони диншинос ва чеҳраҳои шинохтаи ислом, салафиҳо имрӯз ба се гурӯҳ тақсим шудаанд: Салафиҳои ҷиҳодӣ, ки созмони «Ал-Қоида» аз ҷумлаи он аст. Салафиҳои «мадхалӣ», ки пайравони Рабеъ ибни Ҳодии ал-Мадхалӣ ҳастанд. Ин гурӯҳ ба хонаводаи Оли Саъуд мансуб аст. Сиёсат ва давлатдорӣ дар ихтиёри оилаи Оли Саъуд ва фатвою корҳои динӣ дар ихтиёри пайравони ин мазҳаб мебошад. Салафиҳои «сарварӣ», ки пайравони Муҳаммад ибни Зайнулобиддини Сарварӣ ҳастанд ва ин тоифа муътадиланд. Диншиносон ва олимони ислом дар Тоҷикистон то ҳол муайян накардаанд, ки салафиёни Тоҷикистон ба кадоме аз ин гурӯҳҳо дохиланд. Ҳол он ки ҷавононе, ки имрӯз худро салафӣ меноманд, дар ҳақиқат салафӣ нестанд. Ин гурӯҳ тиловати «Қуръон»-ро дар болои қабр ҳаром мегӯянд, ба арвоҳи гузаштагон расидани савоби тиловати «Қуръон»-ро рад, хайру эҳсонро инкор мекунанд.
Дар ибтидо ҷараёни салафия аз барномаҳои сиёсӣ кор намегирад ва мисли «Ҳизб-ут-таҳрир» тундрав наменамояд, ба корҳои ғайриқонунӣ даст намезанад. Аммо баъди неру ва тавон ёфтан чеҳраи асосиашро нишон медиҳад. Тавре таҳлил ва мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, имрӯз се омили асосӣ боиси мавҷудияти салафия дар Тоҷикистон гардидааст.
Якум, онҳое, ки дар мадрасаҳои Покистон таҳсили илм кардаанд, имрӯз ин ҷараёнро дар кишвар тарғиб менамоянд. Роҳбари ҷараёни салафия Муҳаммадӣ Раҳматулло низ дастпарвари мадрасаи Покистон мебошад. Дар солҳои нооромӣ дар кишвар садҳо нафар ҷавони тоҷик дар мадрасаҳои Афғонистону Покистон ва мамлакатҳои Араб таҳсили илм намудаанд. Имрӯз онҳо ба чӣ фаъолият машғуланд, чӣ гуна барномаҳои диниро роҳандозӣ менамоянд, барои ҷомеа норавшан аст.
Омили дуюм муҳоҷирати меҳнатист, яъне ҷавонони дар муҳоҷирати меҳнатибуда, бинобар вазъи ноҷӯри иқтисодӣ, дар Россия ба ин ҷараён дохил мегарданд, аз сӯи роҳбарони маҳаллӣ ва саҳифаҳои интернетии Россия ҳидоят мешаванд. Имрӯз ҳар як салафӣ дониши амиқ барои даст ёфтан ба сомонаҳои интернетӣ дорад ва пайваста тавассути шабакаҳо ақида паҳн месозад.
Омили сеюм, дастгирии бевоситаи салафия бо маблағҳои шайхони сарватманди хонаводаи Оли Саъуд аст.
Мусаллам аст, ки ифротгаройӣ ва тундхӯйӣ дар шуур ва тафаккури ҷавонони сабукмағз ва мутаассиб реша давонида, ҷойи омилҳои исломи суннатиро иваз намуда истодааст. Ба ҷойи ибодат ва тоат, таҳаммулпазирӣ, некӣ, хайру эҳсон, таблиғи ғояҳои инсондӯстӣ ва умумибашарии дини мубораки ислом, асҳоби такфирии салафия ва ифротманишони язидӣ саодатмандӣ ва хушбахтии диёнатии худро дар қатлу куштор, тахрибу такфир ҷустуҷӯ доранд, балки қатлу куштори инсонҳои бегуноҳ ва тахриби осори таърихӣ яке аз вазифаҳои умдаи ин созмонҳои террористӣ ва ҷамоатҳои такфирии бемазҳаб маҳсуб меёбад. Ғалатпиндорӣ ва каҷрафтории аҳли такфир зуҳуроти бисёр манфӣ ва хатарнок буда, дар дилхоҳ ҷомеаи башарӣ пайомади нанговар ва хушунатбор дорад.
Дини мубини ислом беҳтарин посухҳои ҳуқуқиро дар радди аҳли такфир ва созмонҳои террористӣ додааст ва ниёз ба шарҳи иловагӣ надорад. Ба ҷуз аблаҳон ва тӯдаи авбошон касе арзиш ва меъёрҳои дини мубини исломро барои расидан ба ҳадафҳои ғаразолуди сиёсӣ ва гурӯҳӣ истифода намебарад. Ислом мубарро аз такфир ва амалҳои хушунатбори аҳли такфир ва ифротгароёни нопок мебошад. Иззат ва эҳтироми инсон назди аҳли такфир эътибор надорад.
Ба ақидаи салафиҳо, вазифаи ҳар мусалмон аз он иборат аст, ки осори таърихӣ, аз ҷумла пирамидаҳоро, тахриб намояд. Аз нигоҳи онҳо осори таърихӣ ва пирамидаҳо нишони куфр ва ширк — нишонаҳои бутпарастӣ мебошанд. Ба андешаи салафиҳо, бояд тамоми ҳайкал ва пайкараҳо вайрон ва маҳв карда шавад.
Аз шумии ҷангиёни зархарид дар Сурия қадимтарин осори таърихӣ — қабри саҳобаи Расули Худо (с) ва зиёратгоҳу масҷидҳо тахриб ва вайрон карда шуданд. Ин террористони ирсолӣ, ки бо кумаки шайхарабҳои салафия дар қаламрави Сурия ба ибораи арабӣ «ҷиҳод» доранд, чунон мутаассиб, ҷоҳили акбар, золими хунхӯр ва беинсофу бешараф ҳастанд, ки зери шиорпартоиҳои «Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар» инсонҳои бегуноҳ ва кормандони ҳифзи ҳуқуқро дастгир намуда, сар мебуранд, намоишкорона дил ва ҷигари шахси кушташударо канда мехӯранд, то ин ки дар дили инсонҳо тарсу воҳимаро ҷойгир намоянд. Адабиёти қатлу куштори ҷиҳоди салафияро бо забонҳои гуногуни дунё чоп намуда, ройгон дастраси ҳама мегардонанд. Касе ақидаи ваҳҳобия — салафияро қабул надошта бошад, онро кофир ва мулҳид мешуморанд. Салафия — ваҳҳобия вазифаи муқаддаси худ мешуморад, ки ҷиҳодро алайҳи насрониҳо, буддоиҳо, афроди ғайриэътиқоди салафиядошта ва инчунин мусалмононе, ки соҳибмазҳаб (ҳанафӣ, шофеӣ, моликӣ, ҳанбалӣ) мебошанд, дар олам густариш диҳад.
Аз шумии ҷиҳоди аҳли такфир ва афроди террористмаоби арабӣ беҳтарин сарлашкар, қаҳрамони шинохтаи миллати мусалмон — шери Панҷшер- Аҳмадшоҳи Масъуд бо роҳи террор 9 сентябри соли 2009 аз ҷониби террористи худкуш ба шаҳодат расонида шуд. Худкушони мутаассиб дар лагерҳои махсуси террористӣ дар асоси барномаҳои салафия ба камол расида, худкуширо шеваи расидан ба ҷаннат мешуморанд. Ризояти Худоро дар қатлу куштори афроди маъруфи исломӣ меҷӯянд ва тибқи барномаҳои тарҳрезигаштаи ҷаҳони куфр даст ба террор мезананд. Устод Бурҳониддин Раббонӣ низ аз дасти худкуши салафия, ки дар зери ғояҳои террористӣ ва идеологияи такфирӣ ба камол расида буд, ба шаҳодат расонида шуд. Таассуби арабӣ ва ҷаҳли язидӣ ононро водор сохт, ки ин ду абармарди майдони ислом ва чеҳраи шинохтаро бо роҳи инфиҷор ба қатл расонанд.
Чанд сол қабл шоҳиди он будем, ки террористони худкуши такфирӣ ба ШВКД дар шаҳри Хуҷанд ҳуҷум карда, мошини сабукрави пур аз таҷҳизоти таркандаро инфиҷор намуданд.
Тавре мебинед, ин тоифаи такфирӣ ва мутаассибӣ манқуртманиши салафия, пеш аз ҳама, душмани олимон, донишмандон ва пешвоёни хирадманди аҳли суннат ва ҷамоат ҳастанд. Ин мутаассибони ифротгаройи ситезаҷӯ, пуштибонҳои сиёҳдил ва фиръавнпарасташон медонанд, ки уламои исломӣ, инсонҳои бохирад, афроди ватандӯст аз макру тавтиаҳои террористии онон хуб бохабаранд ва то вақте ки унсур ва арзишҳои мазҳаби ҳанафӣ, шофеӣ, моликӣ ва ҳанбалӣ побарҷост, онҳо ва ёронашон рӯзи некро нахоҳанд дид.
Имрӯз салафияи тоҷик гӯё ба баланд гуфтани «Омин» дар намоз хондан, дуо накардану намозҳои суннатиро нагузоридан қаноат карда, ба умури давлатдорӣ дахолат надоранд, аммо ҳақиқати ҳол баръакси ин назария ва гумонҳо мебошад. Ин дунҳимматони нопоки ифротгаро ва тундхӯйи саҳобакуш фурсати муносибро интизоранд, то даст ба амалҳои террористӣ зананд. Ҳанӯз чунин фурсат ба онон даст надодааст.
Салафия дар ҳама гӯшаву канори дунё ҳамчун меҳмони нохонда арзи вуҷуд дорад. Онҳо баробари амалиёти террористӣ хатари ҷиддӣ ба расму оин, фарҳанги мардуми таҳҷоӣ, амният ва суботи давлатдорӣ эҷод карда истодаанд. Салафияи тоҷик, ки дар урдугоҳ ва таълимгоҳҳои гуногун сабақ омӯхтаанд, бисёр мутаассиб ва ҷоҳиланд, бадтар аз салафияи Тунису Марокаш ва Алҷазоир мебошанд. Дар ҳолати пурқувват гардидан барои ҷомеа хатари ҷиддӣ хоҳанд буд. Барои сарнагун сохтани низоми демократӣ онҳо омодаанд даст ба ҳама гуна ҷиноят зананд.
Ҳоло вақти он аст, ки ба хотири бақои сулҳу субот бетарафӣ накунем, аз нақшаҳои душманони миллат огоҳу бохабар бошем. Яке аз роҳҳои таблиғи салафия ва ба вуқӯъ пайвастани амалҳои террористӣ ба фазои иттилоотии кишвар бо роҳи қочоқ ворид намудан ё навиштани адабиёт ва китобҳои моҳияти террористидошта дар дохили кишвар мебошад. Ин ҷо ба ҳайси намуна яке аз китобҳои таълимии ҷараёни салафияро манзури шумо мекунем, то аз макру тавтиаву талбисоти ифротгароёни такфирӣ бохабар бошед. Ин китоб «Стратегияи муҷоҳидон дар бораи лонаи муртадон» ном дорад. Пешвоёни такфирии салафия дар он усулҳои вайрону валангор намудани иншооти маъмурӣ, кӯпрукҳо, роҳҳои оҳану дохилишаҳрӣ, биноҳои хизматӣ, хонаҳои истиқоматии шахсони «ғайриимонӣ», марказҳои барқистеҳсолкунӣ, симтӯрҳои барқӣ, мактабҳои моҳияти дунявидошта, масҷидҳои мазҳабӣ, қатли пешвоёни дин, олимони шинохта, корношоям сохтани алоқаи дохилӣ ва берунии хадамоти амният, ВКД, ба қатл расонидани афроди низомӣ, кормандони милитсия, афроди боэътибори миллат, оташ задани нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, несту нобуд сохтани калисо, тахриби осори таърихиро нишон додаанд.
Метавон даҳҳо китоби дигари таълимии ин тоифаро номбар намуд, ки бо моҳияти экстремистӣ ва ифротгаройӣ хатари ҷиддӣ дар тарбияи насли ҷавон доранд. Аз ҳамин лиҳоз, тамоми кирдору рафтор ва гуфтори мансубини салафия ғайриисломӣ буда, хилофи «Қуръон» ва сунатун-Набӣ (с) мебошанд. Набояд ҷавонони саодатманд ба террористони ифротгаро ва фатвоҳои зиддиисломии аҳли такфир пайравӣ намоянд, ғояҳои мусибатбор ва хушунатрезу исломсӯзи салафияро дар кишвар таблиғу ташвиқ намоянд. Набояд ба дасисаҳои ифротгароёни ситезаҷӯ ва пуштибонҳои мазҳабситезашон дода шуд, чунки амният ва суботи миллӣ барои ҳар фарди огоҳу оқил бузургтарин неъмат ва ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ вазифаи ҳар шаҳрванд аст.
Муҳаммад Саидзод, ассистенти кафедраи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ
Дигар мақолаҳо
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
Муфассалтар