Фазилати паёмбари худо – Ҳазрати Муҳаммад (С)
Баъд аз он гўям дуруди Мустафо,
З-он ки олам ёфт аз нураш сафо.
Ҳамду сано Худовандеро, ки Паёмбари худро барои ҳидояти мардум мабъус гардонид. Шаҳодат медиҳам, ки нест маъбуде ғайри Худованди ягона, ки ҳабибашро раҳмате бар оламиён қарор дод ва шаҳодат медиҳам, ки Муҳаммад (с) беҳтарин махлуқоти Ўст, дорои мартабаи баланд ва фазилати бузург. Дуруду салом ва баракоти бепоён ба ў ва хонадону ёронаш.
Паёмбари гиромӣ ҳазрати Муҳаммад (с) мояи ифтихори башарият аст. Чаҳордаҳ қарн инҷониб бузургтарин олимон ва файласуфони ҷаҳон, номдортарин мутафаккирон ва донишмандон, ки ситорагони осмони илманд, ҳамвора аз пайи ў мераванд ва бо камоли фурўтанӣ ба ў мегўянд: «Ту инсоне ҳастӣ, ки мо аз пайравиямон бо ту ифтихор дорем».
Як ду қарн пеш, одамон покдилона ва бидуни муҳокима ба ислом алоқамандӣ зоҳир мекарданд. Аммо имрўз ҷои онҳоро аҳли илму фарҳанг гирифтаанд ва онҳо медонанд, ки чаро имон меоранд ва чаро пайрави Муҳаммад (с) мешаванд. Чунки онҳо бо роҳи таҳлилу арзёбӣ ба ҳақиқати ислом ва Паёмбар (с) даст ёфтаанд.
Боре Расули Худо (с) фармуданд: «Вақте дар баробари даҳ нафар аз умматонам ба тарозу баромадам, вазни ман сангинтар омад. Баъдан бо сад нафар ва баъд бо ҳазор нафар баромадам, боз вазнинтар будам. Он гоҳ фариштагони муваззаф гуфтанд: Бигзор! Агар ў бо тамоми умматонаш вазн санҷад, боз ҳам вазнинтар хоҳад буд» (Имом Дорамӣ, Муқаддима, 3; ҳайсамӣ, «Маҷмау-з-завоид», 8/255).
Воқеан, агар саҳобагон, тобеин ва ҳама шахсиятҳои бузурге, ки то қиёмат хоҳанд омад, ҳамаи орифон, сўфиён, авлиё ва ҳамаи аброру муқаррабин дар як паллаи тарозу гузошта шаванд, ў вазнинтар хоҳад буд.
لَقَدْ مَنَّ اللَّهُ عَلَى الْمُؤْمِنِينَ إِذْ بَعَثَ فِيهِمْ رَسُولاً مِنْ أَنْفُسِهِمْ يَتْلُوا عَلَيْهِمْ آيَاتِهِ وَيُزَكِّيهِمْ وَيُعَلِّمُهُمْ الْكِتَابَ وَالْحِكْمَةَ وَإِنْ كَانُوا مِنْ قَبْلُ لَفِي ضَلاَلٍ مُبِين
«Ба дурустӣ, Худо бар муъминон неъмати фаровон дод, он гоҳ, ки дар миёни онҳо аз худашон пайғамбаре фиристод, ки оятҳои Худоро ба онҳо мехонад ва онҳоро пок месозад ва ба онҳо Китобу илм меомўзад; ва ҳамоно пеш аз ин дар гумроҳии ошкоро буданд» (Сураи «Оли Имрон», ояти 164).
Дар воқеъ, Паёмбар (с) ба он хотир фиристода шудааст, ки оятҳои Худоро барои инсоният бихонад, муъҷизоти илоҳиро барояшон намоиш диҳад, моҳияти инсониро ба худи инсон бифаҳмонад ва таълим диҳад. Инсоният метавонист ба шарофати ў аз олудагиҳои табиат пок гардад, то аз сатҳи дунявии ҷисм бадар омада, ба мартабаҳои баланди ҳаёти маънавӣ бирасад ва дар амал чунин ҳам шуд.
Дар ҳақиқат, навиштани китобе, ки маънояш фаҳмида нашавад, беҳуда аст. Ва Худованд аз иҷрои кори беҳуда муназзаҳ аст. Аз ин рў, роҳнамои баландовозе ҳамчун Паёмбари гиромӣ (с) лозим аст, ки маънии коинотро шарҳ диҳад. ҳамчунин мавҷудияти шореҳ ва мубаллиғе монанди ў зарур аст, ки ғояи офариниши замину осмон, хуршеду моҳ, ситорагон ва худи инсонро, ки ҳамаи ҳастӣ дар хидмати ўст, шарҳ диҳад ва эълом намояд, ки инсон аз куҷо омадааст ва ба куҷо меравад. Пас, агар ў намебуд, маънии ҳастии одам ва олам гум мешуд, зеро кулли ҳастӣ аз ҳазрати Муҳаммад (с) маънӣ мегирад.
Паёмбари Худо (с) дар аҳодиси гуҳарбори худ мардумро ба сўи некиву накўкорӣ, дастгирии ятимону мискинон, ободиву ободкорӣ даъват намуда, аз корҳои ноҷо наҳй фармудаанд:
Аз Саҳл ибни Саъд (р) ривоят аст, ки Паёмбар (с) фармуданд: «Ман ва сарпарасти ятим ин гуна дар биҳишт мебошем ва ишора ба ангушти сабоба ва миёнааш намуда онҳоро аз ҳам кушода дошт».
Аз Абўҳурайра (р) ривоят аст, ки Паёмбари Худо (с) фармуд: «Касе, ки сарпарастии ятими худӣ ва ё бегонаеро бинамояд, ман бо ў монанди ин ду (ангушт) дар биҳишт мебошем. Ровӣ, ки Молик ибни Анас (р) буд, ба ду ангушти сабоба ва миёнааш ишора намуд».
فَأَمَّا الْيَتِيمَ فَلَا تَقْهَرْ وَأَمَّا السَّائِلَ فَلَا تَنْهَرْ
«Аммо ятимро, пас ситам макун ва аммо бар соил, пас бонг мазан» (Сураи «Зуҳо», ояти 9-10).
Мо рўзҳои муҳим ва пурфайзу бобаракате дорем. Баъзе аз ин рўзҳо барои муъминон рўзи ид аст. Ин хушҳолиро мо ҳар рўзи ҷумъа ва дар маънои васеътар рўзҳои иди Рамазон ва қурбон эҳсос ва таҷлил мекунем. Аммо иди дигаре ҳам ҳаст, ки он иди тамоми инсоният ва ҳатто иди ҳамаи олами ҳастӣ мебошад. Он ид рўзи мавлуди набавӣ, яъне рўзест, ки Расули Худо (с) ба дунё ташриф овард ва инсониятро мушарраф гардонид. Ин рўзест, ки Худованд нури Муҳаммадиро ҳамчун офтоби тобоне бар осмони инсоният ниҳод. Ба шарофати он нур пардаи торики ҷаҳолат аз миён бардошта шуд ва олам ғарқи нур гардид. Ин бузургтарин лутф ва эҳсони илоҳӣ дар ҳаққи бандагон мебошад.
Дар ин рўзи сайид мо Паёмбари гиромӣ (с)-ро ёдоварӣ намуда, сифатҳои ҳамидаи ўро ба шумо баён менамоем. Аз пандҳои Паёмбари Худо (с) мехоҳам ҳадисеро баён намоям, ки фармудаанд: “Беҳтарини амалҳо баъд аз имон овардан ба Худо, ба мардум некӣ намудан аст”.
(Ривояти Табаронӣ, Суютӣ ва Манновӣ)
Аз Абдуллоҳ ибни Аббос (р) ривоят аст, ки Паёмбар (с) фармуданд: “Беҳтарини амалҳо назди Худо баъди адои фароиз, қалби бародари мўъминеро шод намудан аст”. (Ривояти Табаронӣ, ҳайсамӣ ва Суютӣ).
Зиндагонии Расули акрам (с) барои мо намунаи ибрат аст. Агар мо ба таърих назар кунем, мебинем, ки Паёмбари Худо (с) дар Мадинаи мунаввара бо қабилаҳои яҳуд ва афроди масеҳӣ ҳамзистӣ доштанд ва муъминонро ҳамеша ба таҳаммулпазирӣ даъват мекарданд, зеро мавқеи Ислом нисбати пайравони дигар динҳо дар асоси усули таҳаммулпазирӣ, инсондўстӣ ва гуфтугўи тамаддунҳо ташаккул ёфтааст. Бар хилофи онҳое, ки дар Сурияву Ироқ мусулмононро ба куфр нисбат дода, алайҳи онҳо қиём менамоянд. Аз ин ҷо, шиносонидани назари воқеии Ислом, хусусан мазҳаби Абўҳанифа, ҳамчун иқдоме барои таҳкими муколамаи Ислом бо дигар дину тамаддунҳо хизмат мекунад.
Афроди ҷомеа бо якдигар мисли бародаранд ва бояд ба сулҳу созиши байни худ бипардозанд ва дар тамоми лаҳзаҳои хуби зиндагӣ, моддию маънавӣ дар кўмаки якдигар бошанд, зеро ҳама нисбат ба ҳам ба манзалаи аъзои як хонавода ҳастанд.
Дар ояти 13 Сураи «ҳуҷурот» омадааст:
يَا أَيُّهَا النَّاسُ إِنَّا خَلَقْنَاكُمْ مِنْ ذَكَرٍ وَأُنثَى وَجَعَلْنَاكُمْ شُعُوبًا وَقَبَائِلَ لِتَعَارَفُوا ...
«Эй мардум, ба дурустӣ ки шуморо аз як марду як зан офаридем ва шуморо қавмҳо ва қабилаҳо сохтем, то ба ягдигар шиносо шавед!».
Инчунин Худованд дар қуръони карим мефармояд:
وَاعْتَصِمُوا بِحَبْلِ اللَّهِ جَمِيعًا وَلاَ تَفَرَّقُوا...
«Ва шумо ҳама ба дини Худо чанг бизанед ва пароканда машавед».(Сураи Оли Имрон, ояти 103).
Нисбати дўстию бародарӣ инчунин аз Расули акрам сала-л-Лоҳу алайҳи ва саллам ривоят шудааст, ки гуфтаанд:
«لاَ تَحَاسَدُوا، وَلاَ تَنَاجَشُوا، وَلاَ تَبَاغَضُوا، وَلاَ تَدَابَرُوا، وَلاَ يَبِـعْ بَعْضُكُمْ عَلَىٰ بَيْعِ بَعْضٍ. وَكُونُوا عِبَادَ اللّهِ إِخْوَاناً. الْمُسْلِمُ أَخُو الْمُسْلِمِ. لاَ يَظْلِمُهُ، وَلاَ يَخْذُلُهُ، وَلاَ يَحْقِرُهُ. التَّقْوَىٰ هٰهُنَا –وَيُشِـيرُ إِلَىٰ صَدْرِهِ ثَلاَثَ مَرَّاتٍ- بِحَسْبِ امْرِىءٍ مِنَ الشَّرِّ أَنْ يَحْقِرَ أَخَاهُ الْمُسْلِمَ. كُلُّ الْمُسْلِمِ عَلَىٰ الْمُسْلِمِ حَرَامٌ. دَمُهُ وَمَالُهُ وَعِرْضُهُ». رَوَاهُ مُسْلِمٌ.
«Ба якдигар ҳасад набаред; ва ба якдигар зиён нарасонед; ва ба якдигар кина нагиред; ва ба якдигар душманӣ накунед; ва баъзе аз шумо бар савдои баъзеи дигаре савдо накунад; ва бандаҳои Худоро бародар бошед; мусулмон бародари мусулмон аст, бар ў зулм накунад, ўро хиёнат накунад, ўро таҳқир накунад. Тақво ана ин ҷост. – Ва ба синаи худ се бор ишорат кард. –«Аз бадӣ ҳамин мардро басанда аст, ки бародари мусулмонашро нописандӣ кунад. (Ҳуқуқи) ҳар як мусулмон назди мусулмони дигар муқаддас аст, хуни ў ва моли ў ва шарафу обрўи ў».
Аммо бузургтарин таълимоти Расули акрам (с) ин фазилати илм аст, зеро тамоми хислатҳои ҳамида аз илм маншаъ мегиранд.
ҳазрати Муҳаммад (с) фармудаанд: «ҳар кас барои талаби илм роҳеро ихтиёр кунад, Парвардигор роҳи ҷаннатро ба ў осон месозад. ҳамоно фариштагон толиби илмро бо болҳояшон иҳота мекунанд. Тамоми аҳли осмонҳову замин, ҳатто наҳанг дар қаъри баҳр барои марди донишманд аз Худо истиғфор металабанд. Фазли олим бар обид, ҳамчун фазли моҳтоб бар соири ситорагон аст. Олимон ворисони Паёмбаронанд. ҳамоно анбиё на динору дирҳам, балки илмро мерос гузоштаанд».
(Ривояти Имом Тирмизӣ, ҳадиси 1388/13)
«ҳар кас қадамҳояшро дар талаби илм ғуборолуда кунад, Худованд оташи дўзахро бар вай ҳаром месозад» (Муттафақун алайҳ).
Манзур аз талаби илм на танҳо илми динӣ аст, балки омўзиши илмҳои муосир низ бар ҳамагон фарз аст. Имрўз миллати тоҷик бо фарзандони номдори худ ифтихор дорад. Ал-Беруниву Сино, Ал-Хоразмиву Хайём, Форобиву Абўмаҳмуди Хўҷандӣ ва даҳҳо нафар бузургони мо илмро ба авҷи аъло расонида буданд. Ситорашиносиву ҳандаса, тиббу риёзиёт, фалсафаву мантиқ ва дигар илмҳои дақиқ самараи меҳнати фарзандони миллати тоҷик аст. Китоби «Ал-қонун»-и Сино ҳазор сол аст, ки сармашқи табибони олам мебошад. Аз рўи китобҳои Беруниву Абўмаҳмуди Хўҷандӣ олимон мадори замину масофаи байни ситорагонро чен мекарданд. Бухориву Имом Муслим, Тирмизиву Байҳақӣ ҳадисҳои Пайғамбар (с)-ро мураттаб сохтанд. Месазад, ки имрўз мо худ илм омўзем ва фарзандонамонро ба омўзиши илм ҳидоят намоем, киштиҳои кайҳониро ба фазо барорем, нерўгоҳҳои атомӣ бунёд намоем, ихтирооти нав ба нав дар соҳоти гуногуни илм дошта бошем.
Аз Авс ибни Авс (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуд: ҳамоно рўзи ҷумъа аз беҳтарини рўзҳои шумост, пас дар он бар ман зиёда дуруд фиристед, зеро дуруди шумо бар ман арза мешавад...
{إِنَّ اللَّهَ وَمَلاَئِكَتَهُ يُصَلُّونَ عَلَى النَّبِيِّ يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا صَلُّوا عَلَيْهِ وَسَلِّمُوا تَسْلِيمًا}(الأحزاب/56).
Худованд мефармояд: “ҳамоно Худованд ва фариштагонаш бар Паёмбар дуруд мефиристанд, пас эй касоне, ки имон овардаед, бар вай дуруд бифиристед, ва салом кунед ба салом гуфтан”. (Сураи “Аҳзоб”, ояти 56)
Аллоҳумма салли ало Муҳаммадин ва ало оли Муҳаммад камо саллайта ало Иброҳима ва ало оли Иброҳима, иннака ҳамидун маҷид. Алоҳумма борик ало Муҳаммадин ва ало оли Муҳаммад, камо боракта ало Иброҳима ва ало оли Иброҳима, иннака ҳамидун маҷид.
Бор Худоё, дуруд фирист бар Муҳаммад (с) ва бар оли Муҳаммад (с) чунончи дуруд фиристодӣ бар Иброҳим ва бар оли Иброҳим, ҳамоно ту сутуда ва боазаматӣ. Бор Худоё, баракат неҳ бар Муҳаммад (с) ва бар оли Муҳаммад (с), чунончи баракат ниҳодӣ бар Иброҳим ва бар оли Иброҳим, ҳамоно ту сутуда ва боазаматӣ.
Сангалиев Маҳмуд
Сармутахассиси Раёсати фатво
Дигар мақолаҳо
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
Муфассалтар