Калиди хайр бош!
Нек кун, то нек пеш ояд туро,
Бад макун то бад нафарсояд туро. Абдураҳмони Ҷомӣ
Хушбахт касест, ки калиди некиро ба дасти ӯ гузоштаанд. Аз Анас ибни Молик (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Ба дурустӣ, ки баъзе аз мардумон ҳамеша калиди дари ахлоқи некианд ва дуранд аз бадӣ ва баъзе аз мардумон ҳамеша калиди дари ахлоқи баданд ва дуранд аз хубиҳо, хушо ба ҳоли касе, ки Худованд хайрро дар дасти ӯ гардонидааст, вой бар ҳоли касе, ки Худованд бадиро ба дасти ӯ гардонидааст».
Дар ин ҳадис Паёмбари Худо (с) мардумро ба ду тоифа ҷудо кардаанд: Яке саркардаи хубиҳо, бо кирдор бошад ё бо гуфтор ва ё ҷисмонӣ ё ахлоқӣ, чун дар ин ҳадис Паёмбар (с) шакли ҷамъро зикр кардааст, як қисм аз мардум дар ин дохил мешаванд, ки хубиҳо ва бадиҳои онҳо гуногунанд. Ҳамаи он чизҳое, ки аз ҷониби Худо талаб карда мешавад, Худо барои кушодани он ба калидҳо ишора мекунад, бинобар ин, инсон бояд аз калидҳои хуб истифода карда, аз калидҳои бад дур бошад.
Яке аз калидҳои нек таълими илм ва ба дигарон расондани он аст, мисли шахсе, ки кӯшиш мекунад, барои бино кардани мактабҳо, инчунин аз паи чопи китобҳои муфид ва додани маҷаллаҳои муфид мебошад, ки даъват ба ислоҳот ва муттаҳидшавии мардум аст.
Неку бадро ба тарозуи дигар санҷидем,
Чашмае дошт тарозуи насорову яҳуд.
Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ
Шахсе хоҳад, ки аз ҷумлаи некӯкорон буда, дур аз бадкорон бошад, бояд, ки аввалан дар гуфтору кирдораш холисан ба Худо ихлос дошта бошад, баъдан асоси ҳама хайрот ва некиҳояшро хислатҳои зерин дар бар гирад.
1.Доим ба он Зоте дуогӯ бошад, ки ҳама хайр дар дасти Ӯст, пас бояд донист, ки дуо калиди ҳама хайрҳост.
2. Дар талаби илм кӯшиш намояд, илм даъваткунанда ба некиҳо ва баландиҳост, дуркунандаи бадиҳову пастиҳост.
3. Амалкунанда ба амри Худо бошад, ба хусус намоз, ки манъкунандаи фоҳишагариву бадиҳост.
4.Дӯстӣ бо аҳли хайр ва дурӣ аз аҳли шар, махсусан “фитнагарон”, ки доғи рӯзанд.
5.Насиҳат гуфтан ба мардум, махсусан ба ҷавонон, то ин ки ба корҳои хайр машғул ва аз корҳои бад дур бошанд.
6.Ба ёд овардани рӯзи қиёмат, ки ҳар як шахс пеши Зоти якто ба кардаи хубаш хубӣ ва ба амали бадаш бад аҷр мегирад.
Дар ин маврид Худованди бузург мефармояд: «Пас ҳар кас ба вазни заррае некӣ карда бошад, онро мебинад. Ва ҳар кас ба вазни заррае бадӣ карда бошад, онро мебинад» Сураи "Зилзол", ояти 7-8
7.Рағбат кардани одам ба сӯи хайр ба мардум ва фоида овардан ба онҳо, пас ҳар вақт, ки инсон нияти хайр кард аз бадии мардум бояд дӯрӣ ҷуяд. Он вақт дарвозаи хайр ба ӯ боз шуда, дарвозаҳои бадӣ банд мегардад.
Аз насиҳат ноқисон комил шаванд,
Аз насиҳат мудбирон муқбил шаванд.
Даргоҳи Худованди Азза ва Ҷалл барои хайр беҳадду канор буда, ҳар шахсе агар хоҳад калиди хубиро ба даст орад, аз он бо амалҳои хубӣ худ метавонад озод истифода барад, яъне танҳо ва танҳо бояд ба сӯи хубӣ хайр ва кумак ҳаракат кард. Дар акси ҳол бадӣ ба шахсони ҷудоихоҳ, бадҷаҳл, дилсиёҳ ва дорои дигар хислатҳои бади ғайриинсонӣ нисбат дода мешавад. Дар ин мисол гуфтан мумкин аст, ки шахсиятҳое ҳастанд, ки аз номи ислом гӯё хайр, хубӣ мекарда бошанд, аммо худ аз хайру саховат ва хубӣ дараке надоранд. Ин ашхос ба халқу Ватан, ба мардуми худ, ба дини ноби Ислом зарар меоваранд. Бояд, шахс кӯшиш намояд, ки аз ҷумлаи чунин ашхос набошад ва одамшинос, фикру андешашинос буда, ба роҳи хуби рафтор намояд.
Каримов Раҳим, Декани факултети филологияи Шарқи ДИТ ба номи Имоми Аъзам – Абўҳанифа (р)
Дигар мақолаҳо
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
Муфассалтар