Мақолаҳо
Ҳамин ҷавҳари баланд, яъне инсондӯстӣ, арҷ гузоштани шахсияти инсон ва дар маҷмӯъ «зиёрати дилҳо» кардан аслу моҳияти маънавии суханронии Пешвои муаззами миллатро дар мулоқоташон бо намояндагони ҷомеаи кишвар ташкил медиҳад, ки ин аз хиради баланд, муҳаббати самимии ин Раҳбари бузургу созанда, сулҳофару ватандӯст ва миллатпарвару мусалмони воқеӣ сарчашма мегирад. Мо ходимони динро лозим аст, ки дар пайравӣ ба Пешвои миллати худ худ ва мардумро ба сӯи «зиёрат кардани дилҳо», яъне шоду мамнун кардани қалбҳои ҳамватанони худ раҳнамоӣ ва насиҳат кунем.
Натиҷа чунин аст, ки ба ҷуз як табақа – онҳое, ки ҳама гуна пешрафти Тоҷикистонро аз рӯи ақидаи ботили бадбинонаашон чашми дидан надоранд, дигар ҳама мардум иқдомоти Сарвари давлатро пазируфтанд. Акнун дар кишвар низоме ба даст омадааст, ки ҳама чиз дар ҷойи хеш аст, дин дар ҷойи хеш, корҳои давлатдорӣ дар ҷойи хеш.
Рӯза барои ҷисму рӯҳи инсон фоидаҳои маънавӣ ва иҷтимоии зиёд дорад, чун Худованди мутаъол ба воситаи он инсонро ба сабру таҳаммул даъват мекунад ва ба ӯ хештандорӣ ва худидоракуниро меомӯзад. Ин як мактаби саломатӣ ва беҳдоштии бадан аст, ки дар инсон ва узвҳои дарунии ӯ тақвият ба вуҷуд меорад.
Рӯзи 12 майи соли 2018 дар арафаи фарорасии моҳи шарифи рамазон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Кохи Борбади шаҳри Душанбе бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳалии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли соҳаҳои иҷтимоӣ, олимон, зиёиёни эҷодкор, ходимони дин мулоқот баргузор намуданд.
Имрӯзҳо дарди ихтилоф ва тафриқа ҷомеаи мусулмононро фаро гирифта, ки маншаи он амалкарди доиёне аст, ки бо номи ислом мусулмононро ба ҳамдигар душман намуда, бо гумроҳ сохтани ҷавонон аз масири воқеии ақидаи аҳли суннат ва ҷамоат, бахусус таълимоти Паёмбари ислом (с), онҳоро барои мухолифат бо мусулмонон таълими динию мазҳабӣ медиҳанд.
Ба назди сафорати Эрон омадани онҳо ҳам бе сабаб нест. Ба ҳамагон маълум аст, ки дар ташкил ёфтани ин ҳизби манфур ва хиёнаткор хизмати муғризонаи дастандаркорони Эрони бараъло ба чашм мерасид.
Суханронии Президент
Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Муфассалтар


