Мақолаҳо
Дини мубини Ислом асрҳо пеш барои тозагӣ ва солимии ҳам бадан ва ҳам рӯҳ таъкид кардааст ва дар ин мавзуъ қоидаҳо ва ҳукмҳои ҷиддиеро пешниҳод намудааст. Ҳамаи ин қоидаҳо ҳифзи саломатии инсонро мавриди ҳадаф қарор додаанд. Дини Ислом тозагиро яке аз заруратҳои имон ҳисобидааст. Аввалин шарт барои қабул шудани ибодатҳо тозагии моддӣ ва маънавӣ буда, шарти расидан ба мартабаи мақбул дар имон ҳам тозагӣ мебошад. Пайғамбарамон (с) ҳам ба тозагӣ аҳамияти ҷиддӣ медоданд ва касонеро, ки ба тозагӣ аҳамият намедоданд, огоҳ мекарданд. Дар як ҳадисашон фармудаанд: “Тозагӣ нисфи имон аст” (Муслим, таҳорат,1).
Солҳои охир дар ҷомеаи шаҳрвандии мо як ҳодисаи нангин ва падидаи манфӣ ба назар мерасад, ки ҳар шахси солимфикрро ба андеша водор менамояд. Ин ҳодисаи нангин ба худкушӣ даст задани як зумра ҷавонони бетаҷриба мебошад. Чунин падидаи манфӣ нишонаи имони ноқис ва ё имони бемор аст, зеро дидаву дониста ба худкушӣ даст задан дар шариати исломӣ ҳам гуноҳ ҳаст, ҳам ҳаром. Ҳар гуноҳе, ки дар мавриди қатли дигарон вуҷуд дорад, ба худкушӣ низ бевосита дахл дорад, зеро худкушӣ бо кадом як сабабе рух надода бошад, ин пешгирӣ кардани ҳукми илоҳӣ ҳисобида мешавад.
Хайре нест дар он касе, ки дӯст надорад моле аз ҳалол ҷамъ кунад, то ки ба он обрӯи худро нигаҳ дорад, қарзашро бидиҳад ва ба хешон эҳсону некӣ кунад.
Дини мубини Ислом дини ахлоқ ва инсондӯстӣ буда, ба муносибати неку шоиста байни инсонҳо аҳамияти бузург медиҳад. Муоширати нек яке аз василаҳои муҳими таҳкими ваҳдат, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа мебошад. Дар Қуръони карим ва суннати Паёмбари Ислом (ﷺ) меъёрҳои равшани муоширати нек баён гардидаанд, ки ҳадафи онҳо ташаккули ҷомеаи солим ва ахлоқӣ мебошад.
Миллат ва давлате, ки ояндаи худро равшан дидан мехоҳад, бояд аз таърих сабақ бардошта, манфиатҳои миллат, давлат ва наслҳои ояндаро мадди назар бигирад. Мо халқу миллати бузургвори тоҷик, ки аз соҳибихтиёрии мардуми худ ва бори дигар хандидани бахт ба ҷаҳониён огаҳӣ додаем, бояд аз ваҳдати миллӣ ҳимоя намуда, тухмҳои поки меҳру муҳаббатро дар қалби мардумон кишт намоем ва аз Худованди бузург илтиҷо намоем, ки моро дар ин кори хайр ҳидояту раҳнамоӣ намояд ва ба мо қудрату тавони амалӣ намудани ин нияти хайрро ато намояд.
Дар таърихи инсоният барои ҳар миллат рӯзҳое ҳастанд, ки ҳаргиз фаромӯш намегарданд ва мардум он рӯзҳоро таърихӣ номида, ба дастандаркорони маросими тантанавии он рӯзҳо, таҳсину офарини зиёд мегӯянд.
Суханронии Президент
Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Муфассалтар


