Мақолаҳо
Натиҷаи таҷриба ва мушоҳидаҳои донишмандони ислом собит месозад, ки дар ҷомеаи имрӯзаи мо, ки тамоми шароит фароҳам асту мардум озодона зиндагӣ доранд, ташкили аҳзоби сиёсии динӣ зарурат надорад. Зеро дар Осиёи Марказӣ зиёда аз 1300 сол мешавад, ки мардуми мусалмон бе ягон олудасозии ислом ба сиёсат ҳаёти динии худро пеш бурда, ҳатто дар 70 соли Ҳукумати Шӯравӣ, ки идеологияи ҳоким ҳизби коммунист буд, миллати тоҷик дини худро аз даст надод.
Дар мулоқоти рӯзи 12-уми майи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари муҳокимаву таҳлили ҳамаҷонибаи бахшҳои мухталифи ҳаёти мардум инчунин ба масъалаи вазъи кунунии ҷаҳони муосир. таҳдидҳои зуҳуроти даҳшатафкани ифротгароиву терроризм таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
«Решаҳои ноаён» барномае буд, бозгӯи таърихи гузаштаи миллати мо, ки чӣ қадар азобу шиканҷа паси сар кард. Барномае буд, шахсиятҳои хиёнаткорро дар пайравии ҳизби террористӣ назҳати исломии Тоҷикистон муаррифӣ менамуд ва ин барнома такондиҳандаи эҳсоси худшиносиву миллии ҳар як шаҳрванд хоҳад буд.
Ҳаводиси рӯзгор бо гузашти худ инсонро ҳушдор медиҳад, ки дар ҳамаи ҳолат бояд дур бин бошад дар дил ғаразе надошта бошад, ҳар фаъолияти муғризонаи вай то кадом андозае махфи набошад рӯзе ошкор мешавад.
Дар фазои ин рӯзҳои муборак шаби 18 июни соли ҷори дар телевизиони Тоҷикистон намоиши филми мустанади «Решаҳои ноаён» пахш гардид, ки саҳифаҳои хотираҳои солҳои 90-уми асри гузаштаро боз як бори дигар пеши назар овард. Хоинони миллати тоҷик, ки зархариди хоҷагони хориҷӣ буданд, дар ин намоишнома бо сурату сирати худ дида ва шунида шуданд.
Дар урфият мегўянд, ки нахли беҷо ғайри хиҷолат самар намедиҳад. Ин таҷрибаи хиради мардумӣ дар тўли асрҳо чун ҳикмати воқеӣ барои таҳкими маънавияти ҳар як инсон хидмат мекунад.
Суханронии Президент
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
Муфассалтар